Мушти ҷонкоҳ ба даҳони наҳзат
Машварати навбатии ҳамасолаи Бюро оид ба ҳуқуқҳои инсон ва институтҳои демократии Созмони амният ва ҳамкори дар Аврупо бо иштироки қариб 60 давлат дар Варшава баргузор гардид. Ҳар як давлат дар фазои САҲА мавқеи худро дар доираи мавзўҳои таъмини арзишҳои демократӣ ва ҳуқуқҳои инсон маърўза намуда сиёсати худро ҳифз менамояд.
Бо баробари ин мавқеи давлатҳо-иштирокчиён аз ҷониби ҳарифонашон ё ин ки бо ягон ташкилотҳои байналмилалӣ танқид карда мешаванд. Бинобар ин, муҳити машварат одатан тезу тунд мегардад ва сол аз сол диққати бузурги оҷонсии байналмилалии ахборотиро ҷалб менамояд.
Вазифаи ҳар як ҳайати давлат муаррифӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва умумидавлатӣ ба ҳисоб меравад.
Моҳият ва вазифаҳои иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин конфронсро Абдуллои Раҳнамо намояндаи ҳайати Тоҷикистон, мушовири директори маркази тадқиқотҳои стратегӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мусоҳибаи худ ба рўзноманигорони телевизиони СА.TV изҳор намуд.
Мувофиқи гуфтаҳои Раҳнамо, рўзномаи конфронсро озодиҳои дин, виҷдон ва ақида дар Тоҷикистон ташкил медиҳад. Ҳадафи баромади ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин яке сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин ва озодиҳои виҷдон ва дувум вазияти воқеие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имрўз дар ин соҳа вуҷуд дорад, мебошад.
Дар Тоҷикистон воқеан заминаи бисёр хуби ҳуқуқи барои татбиқи асли озодии виҷдон ва озодиҳои дин мавҷуд аст, зеро дар сатҳи қонуни асоси ва ҳам дар сатҳи қонунҳои соҳави озодиҳои дин ҳамчун як арзиши муҳими ҷомеа ҳимоят шуда ва Тоҷикистон як ҷомеаест, ки дар конститутсияи он ҳам ҳуқуқи пайрави кардан ба дин ва ҳам ҳуқуқи пайрави накардан аз дин, ки ҳардуяш барои ҷомеаи мутаммадин муҳим аст ҳимоя ва ҳамчунин як шароите фароҳам шудааст, ки ташкилотҳои дини ё иттиҳодҳои дини ва чуноне таъкид мекунад дини зеро, иттиҳодияи динӣ ин иттилои шаҳрвандони сулҳомез барои пайрави аз дин ва барои татбиқу амали кардани ибодатҳои динии худ аст.
Чи хеле сиёсатшинос Абдулло Раҳмон изҳор намуданд, имрўз дар Тоҷикистон, ҳудуди чор ҳазор иттиҳоядиҳои динӣ ба таври қонуни фаъолият бурда истодааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои касоне, ки иттиҳодияҳои дини месозанд барои ақалиятҳои динӣ ҳам як шароити хосеро ҳам фароҳам овардааст, ки онҳо тавонанд дар шароити ҳуқуқи зоҳир шаванд.
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)” чунин омадааст: “Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ ва дигар ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, ки мақсад ва амалҳояшон барои амалигардонии фаъолияти экстремистӣ равона карда шудааст, манъ карда мешавад”.
Айни ҳол аъзоён ва ҷонибдорони фирории ТЭТ ҲНИ баъди расман фаъолият манъ гардиданд, ба хориҷа гурехтанд аз минбарҳои созмонҳои ҷаҳонӣ ба мисоли САҲА аз бегуноҳии худ даъво мекунанд. Ба интурфа даъвохоҳон гуфтанием, ки агар Шумо бегуноҳ бошед, марҳамат ба Тоҷикистон баргардед ва инҷо назди қонуни худамон бегуноҳии худро исбот намоем. Аз болои давлату миллати хуб ба САҲА шикоят кардани хоинони наҳзатӣ аз ватанфурушии онҳо дарак медиҳад.
Баъди тамошо ва гуш кардани баромади ҳайати расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам намояндагони ба ном Паймони миллӣ ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки намояндагони расмии мо ба саволҳои муғризонаи мухолифин ҷавобҳои қотеъона доданд ва мушти обдоре заданд.
Зиёбоева М.Н. – сармуаллимаи кафедраи
ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика
ва пешгирии коррупсия ДДҲБСТ