Мусичаҳои бе гуноҳ
Саркарда аз асри ХХ пешравии илму техника ба як сатҳи тамоман нав баромада, бо сурати тез рушд карда истодааст. Инсоният бо ин ҳама дастовардҳои худ дар ҷодаи илму техника қаноат накарда то рафт онро такмил дода истодааст, то тариқи он ҳаёти худро хубтару беҳтар ва коро осонтар намояд.
Пешравӣ дар тамоми самтҳои фаъолияти инсон ба назар мерасанд. Яке аз самтҳо, ки дар асри мо рушд намудааст ин самти ҷамоварӣ, паҳну пахши иттилоот ба ҳисоб меравад. Дар масъалаи ҷамоварӣ ва паҳну пахши иттилоот нақши ВАО ва дигар воситаҳои паҳнкунанда аз қабили шабакаҳои иҷтимоии интернет дар замони мо хеле калон ва муҳим мебошад. Дастовардҳои илму техника дар ин ҷода имкон медиҳанд, ки иттилоотро бо ҳар роҳу восита дастраси қариб ки тамоми аҳолии кураи замин намоем. Алалхусус тариқи телефон ва шабакаҳои иҷтимоии интернет иттилоотро метавон дар як лаҳза ба тамоми ҷаҳон паҳн намуд.
Дар замони мо паҳн намудани иттилоот натанҳо бо мақсади хабардор намудани одамон оиди ягон масъала балки як воситаи хуби маблағ ба даст овардани бархе аз одамон гаштааст. Дар ин ҷода яке аз самтҳое, ки бештар мардум ба он таваҷуҳ мекунанд ин масъалаҳои сиёсӣ ба ҳисоб меравад. Бояд дар ин ҷо қайд кард, ки имрўз вобаста ба масъалаи сиёсат ба хусус дар шабакаҳои иҷтимоии интернет дар баробари коршиносони соҳаи сиёсат дигарон низ баҳсу мунозира мекунанд, ки вобаста ба масъалаи сиёсат қариб ки тасавуроте надоранд. Ба қавли мардум ғайбатҷиён мебошанд, ки донистаю надониста сари ҳар масъала миёни худ гап задан мегиранд.
Ба иззати нафси касе расидани нестем лекин имрўз вақте ба шабакаҳои иҷтимоии интернет медароед пиру ҷавон, зану мард, (аз деҳқон саркарда то мулою эшон, ронандаю савдогар, картошкфурўшу гашниҷфурўш ва ғайра) вобаста ба масъалаи сиёсат баҳсу мунозира доранд. Вазъи имрўза ва сиёсати пешгирифтаи давлатро ба қавли худашон таҳлил менамоянд. Бархе аз ин таҳлилгарон бар он ақидаанд, ки имрўз онҳо мисли амрикоиҳо ё олмониҳо бояд зиндагӣ дошта бошанд. Дастоварҳои давлату ҳукумати кишварро нодида мегиранд. Онҳо гумон намекунанд, ки барои ба чунин сатҳ расидан вақт ва заҳматҳои калон кашиданамон даркор аст. Олмон ва Амрико низ яку якбора ба ин сатҳ нарасидаанд. Барои мисол Олмон дар Ҷанги якуми ҷаҳон ва Ҷанги дуюми ҷаҳон шикаст хурда чи қадар зарар дида буд. Лекин имрўз ин кишвар дар миёни дигар кишварҳои Аврупо мавқеи намоёнро ишғол мекунад.
Яке аз дастоварди бузурге, ки мо дар ин давра дар баробари ба даст овардани истиқлолият ба даст овардем ин сади роҳи ҷанги шаҳрвадиро гирифтан ва ба ваҳдати миллӣ расидан ба ҳисоб меравад.
Дар ин ҷо бояд қайд кард, ки бархе аз шаҳрвандони мо алалхусус аз хориҷи кишвар шабакаҳои иҷтимиоии интернетро ба як воситаи ба даст овардани даромад истифода намуда, ба мардум ва алалхусус ба ғайбатчиён ҳар гуна гапҳои бофтаю дурўғи беасосро паҳн мекунанд. Худро рўзноманигору таҳлилгар ва ё ғамхори давлату миллат нишон медиҳанд. Дар ин масъала раиси паймони дуруғчиён Муҳиддин Кабирӣ ва пайравонаш хеле фаъол мебошанд. Чашмону гушҳои онҳо танҳо камбудиро мебинанду мешунаванд. Ягон дастоварди давлату миллатро на мебинанд ва на мешунаванд. Ҳол онки агар онҳо дар ҳақиқат «таҳлилгару ғамхори давлату миллат» бошанд, дар баробари баёни камбудиҳо дар баромаду мақолаҳои худ дастовардҳои давлатро баён намоянд.
Бояд қайд намуд, ки барои ин қабил шахсон на манфиати давлату миллат балки манфиати шахсӣ, яъне ба даст овардани пул дар ҷои аввал меистад. Лекин дар коре, ки маблағ ҷудо шудааст ҳатман ҳисоботи хароҷот талаб карда мешавад. Бинобар ин ба ном «ғамхорони мардум», ки айни ҳол дар хориҷи кишвар қарор доранд, маълум, ки на аз ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон маош намегиранд, пас барои зиндаги кардан маблағ лозим аст. Аз ин рў ин шахсон, ки алакай роҳи осони пул кор карданро тавассути сиёҳ кардан ва паст задани давлати хеш ёфтаанд аз ин роҳи худ баргаштани нестанд. Ин қабил шахсон ба монанди М. Кабирӣ ва дигар ҳаммаслакони ў масъалаи баррасишаванда аҳамият надорад, балки фоидаи аз он ба даст меовардаашон аҳамият дорад. Барои онҳо муҳим он аст, ки номи Тоҷикистонро сиёҳ кунанд, халос.
Бинобар ин онҳо зери ҳар гуна шиорҳои нав мехоҳанд, ки ниятҳои нопоки худро пинҳон карда амалҳои анҷом надодаи худро ба охир расонад. Зеро барои ҳамин онҳоро дар хориҷи кишвар хоҷагонашон нигоҳ медоранд. То он даме, ки нақшаҳои хоҷагони худро ба итмом нарасонанд аз ниятҳои худ бар намегарданд.
Ҳаргиз ин ниятҳои нопоки онҳо амалӣ намешаванд. Зеро мардуми тоҷик ва аз он ҷумла ҷавонон мақсаду ниятҳои нопоки ин дурўябозони ватани худро медонанд ва ҳеҷ гоҳ намегузоран, ки чунин бадкирдорон бо ҳамроҳии хоҷагони худ нақшаҳои кашидаашонро дар кишвари биҳиштосои мо анҷом диҳанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон имрўз аз як кишвари ҷангзада ба як кишвари рў ба тарақӣ табдил ёфта истодааст. Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рўз аз рўз сатҳи зиндагии мардум беҳтару хубтар шуда кишвари мо ба дастовардҳои назаррас дар ҳама самт ноил гаштаи истодааст.
Давлатов У.Н. – ассистенти кафедраи
муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ