Кабирии нохалаф – бунёдгузори бадӣ

Дар давраи истиқлолияти миллӣ-давлатӣ, оқибатҳои сангини пайвастани дину сиёсатро дар таъриху тақдири тоҷикон мо дар мисоли фаъолияти ҳизби сиёсӣ-динии наҳзати исломӣ дар солҳои   90-уми садаи ХХ баръало мушоҳида мекунем, ки ҳанӯз аз хотираи мардум шуста нашудааст. Оқибатҳои харобовари фаъолияти сиёсӣ-динии ТЭТ ҲНИ ҳанӯз бартараф нагардидааст.

Маврид ба ёдоварист, ки ба ҳизби мазкур ба хотири таъмини сулҳу субот дар кишвар ва амнияти миллӣ мақоми қонунӣ дода буданд. Ҳоло сулҳу субот дар кишвар пурра барқарор аст ва мардуми кишвар ба ҷараёни созандагӣ ворид шудаанд. Дар чунин шароит мардуми кишвар ба як исломи муътадилу созанда, ба ислом ҳамчун як фарҳанги маънавӣ-ахлоқӣ ниёз доранд, на ба исломи сиёсӣ, ки метавонад дар қатори дигар ҳизбу ҳаракатҳои ғайрисуннатии ифротӣ дар хизмати нерӯҳои хориҷӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ манфиатҳои геостратегӣ дошта қарор гирад. Агар ҳамин тавр намебуд, сарварони ТЭТ ҲНИ ҷангҳои дар Либияву Миср, Сурия ва дигар кишварҳо бо дасти бегонагон суратгирифтаро дар матбуоти хеш ба мардуми кишвар пайваста ҳамчун «тазоҳуротҳои мардумӣ» ба қалам дода, аз ба Тоҷикистон интиқол ёфтани ин падидаҳои даҳшатбор пешгӯиҳо намекарданд. Чуноне ки дар низоми давлатдории дунявӣ ягон дин ба сифати дини расмӣ пазируфта намешавад, ба ҳамин тартиб низоми мазкур ба ҳеҷ гуна ҳизби сиёсии хусусияти динидошта низ ниёзе надорад. Давлати миллии тоҷикон ниёз ба азҳоби миллие дорад, ки ормонҳои садсолаҳо дар андешааш парваридаро пиёда созад, истиқлолияти давлатӣ ва арзишҳои миллии худро ҳифз намояд.

Имруз Кабири худро шахси ватандуст тарошида таҳлилҳои сарсариву бемазмун ва фитнаангезро баён медорад. Дар гуфтаҳояш ӯ худро назди мардуми оддӣ шахси оқилу доно ва меҳрубон нишон доданист. Ин хеле хандаовар ва ҳам нафратовар ҳам ҳаст, зеро барои иҷрои ваъдаҳояи худ дар назди хоҷагонаш Кабирии бенангу ор, ки миллатро ба хуну хок оғушта карда буд боз мехоҳад ки ба мардум “ватандусти”-ашро нишон диҳад.

Тошматова Р.А. – ассистенти

кафедраи менеҷменти ДДҲБСТ

You might also like