Амнияти туризм дар Тоҷикистон таъмин аст!

Сайёҳӣ падидаи мураккаби иқтисодию иҷтимоии замони муосир буда, вобаста ба беҳбудии вазъи иҷтимоии аҳолӣ рушд меёбад. Соҳаи туризм барои пешрафти ҷомеа аҳамияти хоса дошта, барои васеъ намудани ҷаҳонбинии инсон мусоидат мекунад.

Сайёҳии байналхалқӣ соҳаи васеъ ва зуд тараққӣ карда истодаи хоҷагии ҷаҳонии муосир ба шумор меравад ва омўзиши масъалаҳои гуногуни ин соҳа барои иқтисодиёти Тоҷикистон аҳамияти бузург дорад, зеро ҷумҳурии мо қариб ҳамаи  заминаҳоро барои ривоҷу равнақ додани ин соҳа соҳиб мебошад. Гуфтан ба маврид аст, ки инфрасохтори сайёҳӣ дар Тоҷикистон дар ҳоли рушд қарор дорад. Бунёди иншооти мухталифи меҳмонхонавӣ,  иншооти сайёҳӣ дар ҳудудҳои мавзеъҳои зебои табиат, бунёди шоҳроҳҳои нави ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ ва таҷдиди дубораи роҳҳои мавҷуда,  осоишгоҳҳои наву замонавӣ, муассисаҳои таъмин бо ғизо, нақлиёт ва амсоли инҳо дар кори пешрафти соҳаи сайёҳӣ таъсири амиқ гузошта истодаанд.

Аз ин лиҳоз, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат сарвари  давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ ба масъалаи рушди соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳи хоса намуда, соли 2018 – ро –“ Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон доштанд. Баробари ин Пешвои муаззами миллат боз як қатор имтиёзҳо ва сабукиҳои дигари андозиву гумрукиро барои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ пешниҳод намуданд. Аз қабили озод кардани воридоти таҷҳизоту маводи сохтмонии иншооти сайёҳӣ аз пардохтҳои андозию гумрукӣ, ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолияташон аз пардохти андоз аз фоида озод карда шуда, инчунин, сода кардани низоми раводид барои сайёҳон мебошад. Аз ин бармеояд, ки кишвари мо барои рушди соҳаи сайёҳӣ чораҳои муассир андешида, шароити мусоид ҳам фароҳам оварда истодааст.

Бо мақсади ҷалби бештари сайёҳон ва ширкатҳои туристӣ бо дастгирии ҳукумати ҷумҳурӣ ва таваҷҷӯҳи бевоситаи Пешвои миллат чандин санадҳои дахлдор ва барномаҳои давлатӣ, аз қабили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи туризм”, “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Консепсияи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2009-2019”, “Стратегияи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030” қабул гардидаанд, дар дохили кишвар мунтазам намоишҳои байналмилалӣ ва чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ ташкил карда мешаванд.

Бинобар ин таъмини бехатарии сайёҳони хориҷӣ масъалаи муҳим ба ҳисоб меравад. Ҳангоми пешниҳоди хизматрасонии туристӣ бояд сатҳи муайяни бехатарӣ ба ҳаёт ва саломатии туристон чӣ дар шароити оддӣ ва чӣ дар ҳолатҳои фавқулода (офатҳои табиӣ ва ғайра) таъмин гардад.

Имрӯз амният яке аз омилҳои ба рушди сайёҳӣ таъсиркунанда мебошад. Аз ин рӯ, дар Тоҷикистон барои фароҳам овардани шароити мусоиди шаҳрвандони хориҷӣ дар сарзамини мо чораҳои зарурӣ андешида шуда, онҳо худро дар ҷойҳои бехатар ва саёҳат аз ҷойҳои фарҳангӣ, таърихӣ, бостоншиносӣ ва дигар ҷойҳо эҳсос мекунанд. Маҳз дар ҳамин объектҳо, инчунин дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, дар вокзали роҳи оҳан, нуқтаҳои милитсияи сайёҳӣ кушода шуданд. Ба наздикӣ, ҳамин гуна нуқтаҳо дар қалъаи Ҳисор ва гузаргоҳи сарҳадии “Дӯстӣ” дар Турсунзода ба кор шурӯъ карданд.

Милитсияи сайёҳӣ, ки бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз шудааст, имрӯз дар тамоми манотиқи кишвар кор мекунад. Дар ҳамкории зич бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва агентиҳои сайёҳии кишвар, милитсияи сайёҳӣ барои фароҳам овардани хизматрасониҳои босифат ва таъмини бехатарии сайёҳон тамоми тадбирҳоро меандешад.

Истиқлолияти давлатӣ ва озодӣ барои мо неъматҳои муқаддастарин ва бузургтарин мебошанд, ки тамоми дастовардҳои мо аз онҳо вобастаанд. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванд ҷавобан ба ин ғамхорию таваҷҷӯҳи роҳбари давлат, манфиатҳои милливу давлатиро вазифаи аввалиндараҷаю муҳимтарини худ ҳисоб карда, бо нангу номус ба Ватан ва мубориза бо ҳама гуна зуҳуроти номатлуб тамоми кӯшишу ғайрати худро равона созанд.

Абдуллоева М.Ғ. – сармуаллимаи

кафедраи иқтисоди ҷаҳонии ДДҲБСТ

You might also like