Диёри сулҳу субот аст, Тоҷикистон!
Мусоҳиба бо таҳлилгари масоили иҷтимоӣ ва собиқ директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзода дар бобати ҳамчун кишвари амн пазируфта шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маркази таҳлилии Амрикои Глоба.
Ф. Баротзода ба саволи хабарнигор, ки пурсид чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби маркази бонуфузи Амрикоӣ ҳамчун кишвари амн ҳисобида шуд, чунин ҷавоб дод. Ӯ қайд намуд, ки пеш аз ҳама нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу субот ва амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ хеле бузург аст. Тибқи андешаи Баротзода баробари таъмин гардидани сулҳу субот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ ором шуданд.
Дар ҳақиқат мавқеи ҷойгиршавии Тоҷикистон барои суботи минтақа аҳамиятнок аст. Барои ин, кишварҳои Осиёи Миёна ва Федератсияи Русия ҳам талош меварзанд, ки сарҳадоти Ҷумҳурии Тоҷикистон доимо ором бошад. Чунки Тоҷикистон бо давлати исломии Афғонистон ҳамсарҳад буда, ҳар гурӯҳи террористӣ метавонад аз сарҳади Тоҷикистон убур намуда, ба кишварҳои минтақаи Осиёи Миёна нооромӣ эҷод намояд.
Баротзода қайд намуд, ки беҳтар шудани муносибати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон муносибати ин ду кишварро хеле хуб намуд, ки таъсири он ба тамоми минтақа чашмрас аст. Дар ҳақиқат бе муносибати дӯстона, сулҳу суботро таъмин намудан номумкин аст. Пешгирӣ намудани ҳар гуна ифротгароӣ ва таъмини амният он вақт даст медиҳад, ки мардуми минтақа муттаҳид бошанд. Ором будани сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон ба тамоми минтақа аҳамяти калон дорад. Баротзода қайд намуд, ки ором шудани Афғонистон ба тамоми кишварҳои минтақа таъсири худро мерасонад. Дар натиҷа интегратсияи байни кишварҳои минтақа устувор хоҳад шуд. Ҳамин оромии кишвари азизамон буд, ки соҳаи сайёҳӣ рушд намуд. Бисёр мардуми Аврупо Осиёи Марказиро диданд, бо халқаш аз наздик шинос шуданд. Ҳамаи ин оромиш ба фикри Баротзода хидмати халқи Тоҷикистон ва Пешвои миллат мебошад. Бо фикри Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ
Такя ба ҷои бузургон натавон зад ба газоф,
Бояд асбоби бузургӣ ҳама омада намуд.
Ин сулҳу субот ба осонӣ ба даст наомадааст. Тамоми мардуми минтақаро лозим аст, ки барои оромӣ якҷоя талош варзанд.
Мирниёзов А.Қ. – сармуаллими
кафедраи забони тоҷикии ДДҲБСТ