Бад макуну бад маяндеш, ки бад оядат пеш!

Дар замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон густариши  соҳаҳои  мухталифи ҷомеа  ба вуқуъ  пайвастанд, ки бевосита аз сиёсати ояндасози давлату ҳукумат сарчашма мегирад. Тоҷикистон дар марҳалаи нави пешрафтҳои замони Истиқлолияти давлатӣ  қарор дорад,  ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ  ҳамчун давлати рӯ ба тараққӣ ва орому осоишта пазируфта шудааст.

Мутаассифона, шахсони ҷоҳиле ҳастанд, ки мехоҳанд мақсадҳои разилонаи худ ва хоҷагонашонро баҳри ноором сохтани фазои ороми кишвар бо роҳи тафриқаангезӣ амалӣ созанд, зеро ҳар ободиву пешрафт ба чашми онҳо чун хор мехалад. Онҳо собиқ раис ва як гурӯҳ фаъолону аъзоёни ташкилоти террористию экстремистии ҳизби мамнуи наҳзати ислом мебошанд, ки баъди шикаст хӯрдан дар рақобати сиёсӣ ва ба ниятҳои нопокашон нарасидан аз Ватан фирор намуда, дар кишварҳои хориҷӣ паноҳ бурдаанд ва то ҳол аз маблағгузории хоҷагони хориҷии худ бархурдоранд.

Аз ҷумла собиқ  раиси ТТЭ ҲНИ  Муҳиддин Кабирӣ ва дигар ҳаммаслаконаш бо дастгирии хоҷагонашон дар хориҷа амалҳои душманонаву хоинонаашонро давом дода истодаанд ва мақсаду мароми ягонаашон ноором сохтани вазъият дар Тоҷикистон, халалдор сохтани раванди пешрафту инкишоф, ба кӯи гумроҳӣ бурдани мардуми кишвар аст.

Аз филми ҳуҷҷатии “Бозгашт аз ҷаҳаннам” бармеояд, ки ТТЭ ҲНИ чандин сол садҳо нафар ҷавононро гумроҳ намуда, ба доми фалокатбори худ кашидааст. Имрӯз мамлакат бо баракати ҳамин сулҳу ваҳдат ба марҳалаи созандагию бунёдкорӣ ворид шуда, пайваста рушд мекунад. Аъзоёни ТТЭ ХНИ  бошанд даст ба иғвоангезиву дасисакорӣ зада истодаанд. Ин тоифаи нотавонбин мехоҳанд, ки давлатро ғасб намуда, мардумро бори дигар ба гирдоби фоҷиа ва нобасомониҳо кашанд. Воқеиятҳои имрӯза нишон медиҳанд, ки дигар мардум ба ин ҳизби ба ном исломӣ эътимод надоранд ва барои ҷомеаи тоҷик комилан нолозим аст. Онҳо бо ҳаракатҳои худ нишон доданд, ки ҳизби наҳзат ташкилоти террористиву экстремистӣ аст. Имрӯз аз шунидани номи ДИИШ қатлу куштор, ваҳшонияту бедодгарӣ, сӯйистифода аз номи дини Ислом пеши назар меояд.

Он хоҷагони хориҷие, ки то ин дам наҳзатиёнро сарпарастӣ мекунанд имруз худ ба балои бад гирифтор шуда, аз нооромии мулки худ меноланд. Барои онҳо як сабақи хубе мебошад, ки дигар ба корҳои дохилии давлатҳои мустақил дахолат нанамоянд. Чихеле дар урфият мегуянд бад макуну бад маяндеш, ки бад оядат пеш.

Муборизаи дастаҷамъонаи беамон бар зидди ин вабои аср бояд моро муттаҳид созад. Зеро камее беэътиборӣ ба тақдири фарзандон боис мегардад, ки гурӯҳҳои махсусе таҳти пӯшиши хадамоти ҷосусӣ ҷавононро дар доираи дину мазҳаб мағзшӯӣ ва барои анҷоми амалиёти даҳшатафканӣ ва тахрибкорӣ сафарбар намоянд. Дар чунин вазъият масъулияти азими таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии мо аз он иборат аст, ки давлати ҷавони миллӣ, Истиқлолият ва ҷомеаи худро аз паёмади манфӣ эмин нигоҳ дорем.

Латипов С.У. – ассистенти кафедраи

ҳуқуқи конститутсионии ДДҲБСТ

You might also like