​Хилофати чирикии созмонҳои ифротӣ

Мусаллам аст, ки фазо ва муҳити муосири глобалӣ рӯз ба рӯз вазъи куллии сиёсию иҷтимоии қисми зиёди мамолики Шарқи мусулмониро бар асари ҷаҳолат, хурофоти асри миёнагӣ ва сиёсатҳои геостратегӣ ноҳамвор сохта, дар ҳамбарҳамиро дар низоми зиндагӣ ба вуҷуд овардааст ва ин гуна шароит, қабл аз ҳама, аз ниҳодҳои фарҳангию маърифатии ҷомеаи мо тақозо менамояд, ки дар самти муттаҳид намудани қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва дар ин замина, нерўманд сохтани ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷаҳду талош варзанд.

Саҳифаҳои таърихи инсоният ҳеҷ гоҳ аз амалҳои зишти террористон холӣ набудааст. Террору одамкушӣ дар тӯли таърих бо шеваҳои гуногун аз худ дарак додааст. Террористон манфиатҳои миллию давлатиро ба эътибор намегиранд. Онҳо аз сохти давлатие ҳимоят мекунанд, ки ба андешаашон гӯё ҷавобгӯи аҳкоми динӣ ва мазҳабӣ мебошад.

Аслан бояд қайд кард, ки терроризм зуҳуроти мураккаб аст. Мавқеияти сиёсӣ ва иҷтимоии он ба ҷанбаҳои таърихӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, идеологӣ ва ҷаҳонбинӣ пайвандӣ дорад. Он тӯли таърих дар миёни пайравони динҳои гуногуни яҳудӣ, насронӣ, ислом, ҳиндуизм, буддоӣ ва сикҳ вуҷуд доштааст.

Ҳанӯз солҳои “ҷанги сард” дар замони ҳузури Артиши Шӯравӣ дар Афғонистон, дар хоки Покистон дар даҳ ҳазор мадрасаи динӣ беш аз 50000 ҷавонони ҳабдаҳсоларо таҳти омӯзиш ва парвариш қарор додаанд. Тӯли чиҳил соли охир дар Покистон мутобиқи дастури кишварҳои бонуфуз ба омӯзиши ҷавонони Афғонистон, Арабистони Саудӣ, Миср, Индонезия, Яман, Сурия, Алҷазоир, Либия, Марокаш, Филиппин машғуланд. Аз миёни шогирдони ин мадрасаҳо Абдулло Иззом, Усома бини Лодан ва Айман Завоҳирӣ роҳбарони ҳаракатҳои террористӣ гардидаанд.

Баъди шикасти “Давлати исломӣ” дар Сурия ва Ироқ ҷангиёни ин ташкилоти террористӣ давлатҳои Аврупоро ба майдони амалҳои террористии худ табдил дода истодаанд. Коршиносон бар он ақидаанд, ки пешвоёни зиндамондаи “Давлати исломӣ” кӯшиш доранд, то дар шаҳрҳои калони Аврупо дар мавзеъҳои мавриди таваҷҷӯҳи сайёҳон амалҳои террористӣ анҷом диҳанд.

Баъди шикасти “Давлати Исломӣ” дар Сурия ва Ироқ як қисм ҷангиёни ин созмонҳои террористӣ бо роҳҳои гуногун ба Афғонистон оварда шуданд. Дар музофотҳои шимолии Афғонистон террористони созмони “Давлати Исломӣ” мавқеи мустаҳкам доранд ва сафи он аз ҳисоби ҷалби ҷавонони маҳаллӣ пурра мегардад.

Маълумотҳо мавҷуданд, ки террористон аз ҳисоби фурӯши маводи мухаддири Афғонистон соле ба миқдори 200 миллион доллари амрикоӣ даромад ба даст меоранд. Ва ҳатто пешгӯӣ ҳаст, ки соли 2018 ҷангиёни созмони “Давлати исломӣ” толибонро аз бозори фурӯши маводи мухаддир танг карда мебароранд.

Вазнинии масъала аз он бармеояд, ки имрӯз “Ҷамоатҳои хуфта”-и созмони «Давлати исломӣ» ва тарафдорони мухтори онҳо хатарзо ҳастанд. Тарзу шеваи муборизаи террористон тағйир ёфтааст. Онҳо аз усули “Гурги якка” истифода намуда, бо ёрии корд ё воситаи нақлиёт даст ба одамкушӣ мезананд. Усул ё амали террористии “Гурги якка”- ро пешакӣ муайян кардан ниҳоят душвор аст. Ҳамчунин, мубаллиғони хилофат ба воситаи интернет дар Аврупо, Амрико ва Россия тарафдорони худро ба ҳуҷумҳои якка даъват намуда, ин гуна ҳуҷуми террористиро “Ҳуҷуми илҳом” номидаанд.

Дар Сурия ва Ироқ шикаст хӯрдани “Давлати Исломӣ” танҳо шикасти ҳарбист. Шикасти ҳарбӣ маънои ҳамчун тарҳи сиёсӣ, чун бренде, ки рӯҳу мағзи ҳазорон ҷавонони мусулмони суннимазҳабро ҷалб мекунад, аз байн рафтану нест шуданро надорад. Суст гардидани мавқеи созмони “Давлати Исломӣ” дар минтақаи Шом (Сурия ва Ироқ) боиси ба пинҳонкорӣ рафтани ҷамоатҳои ин ташкилот, ба биёбон кӯчида, дар намуди “Хилофати чирикӣ” фаъолият намудани онҳо мегардад.

Имрӯз зарур аст, ки кулли қувваҳои солими сайёра барои мубориза ба муқобили ҳама гуна амалҳои террористӣ дастҷамъ бошанд. Фароҳам овардани фазои эътимод, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунё ба муқобили терроризм ва экстремизм шарти муҳимми муборизаи босамар бо ин вабои аср аст.

Қосимова М.И. – сармуаллимаи кафедраи технологияиҳои

иттилоотию коммуникатсионӣ ва барномарезии ДДҲБСТ

You might also like