Муносибати мутақобилаи дин ва сиёсат

Нахустин баҳсу мунозираҳо миёни мутафаккирон, диншиносон ва баъзе уламои хуруфотпараст ва тундрави дин ҳанўз дар дунёи қадим ба миён омада, мактабу равияҳои гуногуни диншиносӣ, андешаву афкор ва осори диншиносони Ғарбу Шарқ равшангари ин гуфтаҳост ва мо домани баҳсро дар ин маврид дароз намекашем ва ин мавзўи сўҳбати мо нест.

Сиёсати динии давлати абадқудрати Шўравӣ, ки замоне ҷумҳурии мо низ як ҷузъи таркибии он буд, бар пояи атеизм ва ҷаҳонбинии атеистӣ асос ёфта буд.  Атеизм, ки лафзан ба маънои бехудоӣ ва истилоҳи илҳод ё инкори эътиқоли динӣ аст, қисми таркибии идеологияи ҳукмрон буд ва ба сурати динситезӣ, дингурезӣ, динрабоӣ ва дар ниҳояти кор дар шакли ифротии (экстремистии) мубориза алайҳи дин – динзудоӣ, маҳвсозии дин зуҳур мекард.

Таърихи афкору андешаи инсонӣ исбот менамояд, ки илму дониш ҳеҷ вақт душмани дину имон набуда, балки бар зидди хурофот, кўҳнапарастӣ, бофтаҳои баъзе диндорони бесаводу чаласавод буд. Ягон мутафаккир ё донишманди асили замони гузашта ва муосир низ бар зидди дин набаромадааст, балки хурофот, нодонӣ, ҷаҳолатро зери интиқод қарор додаст.

Баъди суқути давлати абадқудрати Шўравӣ ва бавуҷуд омадани давлатҳои соҳибихтиёр, аз байн рафтани идеологияи ҳукумрони атеистӣ муносибат ба дину диндорӣ дар ҷумҳуриҳои тозаистиқлоли собиқ Шўравӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон низ комилан ташир ёфт. Акнун мардум ба мероси гузаштагони худ ва анъанаҳои диниашон таваҷўҳи хоса зоҳир менамуданд ва эътибори махсус медоданд. Созмону ниҳодҳои динӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои дорои тамоюли динӣ дошта хеле фаъол ва зиёд гардида, ба ҳаёти сиёсӣ – иҷтимоӣ ва маънавӣ бештар таъсир мерасониданд.

Дар замони имрўза яке аз хадафҳои асосии Ҳукумати кишвар ин барои боз ҳам беҳтар нигоҳ доштани бехатарии давлат ва аз ҳар гуна падидаҳои номатлуб мебошад, ки имруз ба ҳаёти тамоми шаҳрвандони ҷомеаи ҷаҳон хатарнок ва таҳдидовар мебошад ва имруз аз ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ талаб ва хоҳиш карда мешавад, ки гирифтори ин гуна ифторҳо ва суханони пур аз фиребу дурўғи он нафарони мазлум нагарданд. Онҳо бо ҳар роҳу усулбо маълумотҳои нодурустро дар байни мардум паҳн карда, мехоҳанд дар ҷомеа низоъ андозанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша кўшиш менамоянд ва дар рафъи ин гуна зуҳуроти нафратовари ҷомеа, ҷидду ҷаҳд намуда истодаанд, инчунин баҳри нигоҳдории ҷони ҳар шаҳрванди кишварро аз ин гуна нафарони номатлуб кўшишҳои зиёде намуда истодаанд. Воқеаҳои солҳои 90-ум исбот намудааст, ки ба сулҳу Ваҳдати миллӣ расидани тоҷикон ин таҷрибаест барои дигарон. Зеро ки барои расидан ба ин ҳадаф мардуми шарафманди тоҷик аз чӣ қадар ҷоннисориву ҷонкоҳиҳо гузаштааст. Ва расидан ба Ваҳдати миллӣ ин кори осон набуд. Нигоҳдории сулҳу субот дар кишвар ин вазифаи ҳар як шаҳрванди бо нангу номуси миллат ба шумор меравад.

Ҷиози қайд аст, ки дар шароити имрўза вақте ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешравиҳои худ дар соҳаҳои гуногун чӣ дар дохил ва чӣ дар муносибатҳои байналхалқӣ худро муаррифӣ карда истодааст ва пайваста кўшиш намуда истодааст, ки мардум осудаҳол бо меҳнати ҳалоли худ зиндагии худро ба пеш баранд…

Холо, сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат сабаби он  шуд, ки имруз мо ҳамчунин кишри ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидем. Аммо имрузҳо хоинони миллат бо ҳар роҳу усул мехоҳанд нигоҳи ҷомеаи ҷаҳониро барои мо сиёҳ созанд. Рузҳои охир дар сомонаҳои интернетӣ хабарҳое аз тарафи гуруҳҳои номатлуби ҷомеа паҳн гардида истодааст.

Изҳороти Абдувоҳидов М. Р.  – коргузори кафедраи

ҳуқуқи соҳибкорӣ ва байналмилалии ДДҲБСТ

You might also like