Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон!

Чӣ тавре ки медонем, ҳар як ҳаракат ё зуҳурот омили пайдоиши худро дорад. Омили пайдошавии терроризм бошад ба экстремизм (ифротгароӣ) вобастааст. Чунки экстремизм (ифротгароӣ) ин даъват ба ноороми мебошад. Масалан, ақидаи шаҳрвандонро нисбат ба ҳокимияти давлатӣ дигаргун сохта, боиси норозигии онҳо аз ҳокимияти давлатӣ мегардад.

Терроризм ҳоло тарзу усули хосаи худро ба вуҷуд овардааст. То замоне, ки ин падидаи номатлуб аз байн бурда нашавад, ҳеч кишваре худро дар амониву осоиштагӣ эҳсос нахоҳад кард. Ҳамарўза амалиётҳои гуногуни террористӣ дар гўшаву канори олам бо амалисозии ҳадафҳои бадқасдона ба воситаҳои ахбори умум ва шабакаҳои интернетӣ паҳн мегарданд. Ин мақсадҳои ғаразноки онҳо бевосита ба фаъолияти созмонҳои динӣ- экстремистӣ алоқамандӣ дорад. Фаъолияти созмонҳои динӣ нишон медиҳад, ки ҳеч як дин аз ҷараёнҳои ифротӣ холӣ нест ва ин ҷараёнҳо моҳияти таълимоти диниро ба манфиатҳои ғаразноки худ истифода менамоянд.

Солҳои охир созмонҳое пайдо гардидаанд, ки бо истифодаи шиорҳои динӣ ва аз номи дин ба экстремизм (ифротгароӣ) ва терроризм машғул мешаванд. Як нуқтаро бояд хотирнишон сохт, ки дар давраи ҷанги шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар зери ниқоби ислом кишвари азизамонро ба арсаи нестшавӣ оварда буданд. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористи дошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.

Терроризм ва экстремизм дар шароити кунунӣ ҷинояти дорои хусусияти глобалӣ буда, мубориза алайҳи онҳо ҳамкории зич ва мутақобилаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсусро тақозо менамояд. Таҳдиди терроризм ва экстремизм ба истифодаи яроқи ядроӣ, химиявӣ ва бактериологӣ, инчунин ба объектҳое, ки террористон онҳоро барои анҷом додани кирдори зўроварӣ интихоб мекунанд, имрўзҳо на танҳо чун ҷинояти дохилидавлатӣ, ки ба манфиатҳои шахсони алоҳида, ҷомеа ва давлат зарар мерасонад, балки чун ҷинояте баррасӣ мегардад, ки дар маҷмўъ метавонад, ба тамоми ҷаҳон зарар расонад.

Аз ҷиҳати ҳуқуқӣ терроризм ин содир намудани таркиш, сӯхтор, тирпарронӣ аз силоҳи оташфишон ё дигар кирдоре фаҳмида мешавад, ки боиси хавфи марги одамон, расонидани зарари ҷиддӣ ба молу мулк ё ба миён омадани оқибатҳои дигари барои ҷамъият хавфнок, инчунин бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои низомӣ тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарор, инчунин таҳдиди анҷом додани кирдорҳои зикршуда мегардад.

Ватану миллатро дўст доштан яке аз амалҳои беҳтарини ҳар инсон мебошад. Ҳар як фаъолияте, ки мо анҷом медиҳем, бояд ба хотири Ватан ва миллати азизамон бошад. Чунки маҳз Ватан – Модар ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои моро кафолат медиҳад. Мо бояд шукронаи ин Ватан кунем, шукронаи ҳаёти осоиштаамон намоем.

Ҳамин тариқ, имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва осудагии ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на кам аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст ва қурбониёни ҳарчи бештари терроризм дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд. Аз ин рӯ, мо – ҷавононро мебояд, ки зиракиву ҳушёрии  сиёсиро аз даст надода, сабаби пайдоиш ва нестшавии  афкори терорризмро амиқ ва пайваста биомӯзем ва барои дафъи он кӯшиш ба харҷ диҳем, то ки сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвари азизамон ҳифз гардад.

Раҳматуллоева Р.Р. – сармуаллимаи кафедраи

 ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории ДДҲБСТ 

You might also like