Ба ҳабс гирифтани Шарипов Далер қонунӣ аст!

Дар асоси изҳороти  Прокуратураи генералии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи 1 феврали соли 2020 нисбати шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Шарипов дар асоси қисми якуми моддаи 189-уми Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо иттиҳоми барангехтани кинаю адовати миллӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Масъалаи мазкур вақтҳои охир дар матбуот расонаӣ гардидааст. Аҳли ҷомеаи шаҳрвандӣ ва хабарнигорон вобаста ба гунаҳгории шаҳрванд Шарипов Далер бовар надоранд. Ин масъаларо албатта суд пас аз ҷамъбасти тафтиши пешакӣ муайян менамояд.

Рӯзи 3 феврал Дезир, намояндаи САҲА дар умури озодии матбуот бо ирсоли як нома ба Ҳукумати Тоҷикистон хостори озодии билофосилаи журналисти тоҷик Далер Шарипов шуд. “Матбуот бояд имкони бидуни тарси интиқом таҳқиқ ва нашр кардани матлабҳоро, аз ҷумла дар Интернетро дошта бошад”, – навиштааст ҷаноби Дезир. Рӯзи 3 феврал ҳамчунин 8 созмони ҳомии ҳуқуқ ва 27 журналисти тоҷик дар изҳороти муштарак гуфтанд, ки ҳабси Далер Шарипов “ба обрӯйи байналмилалии Тоҷикистон зарбаи ҷиддӣ мезанад” ва журналисти мустақил бояд озод карда шуда, парвандааш мунсифона таҳқиқ шавад.

Дар ҷавоб ба ҳамаи ин муроҷиатҳо мо ҳамчун ҳуқуқшинос чунин ҷавоб медиҳем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёд аст, яъне муҳимтарин муносибатҳои ҳуқуқӣ тавассути санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қоунгузории ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои байналмиллалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст батанзим дароварда мешаванд.

Тибқи қисми 3-и моддаи 14 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад.

Тибқи моддаи 189 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ, яъне ҳаракатҳое, ки барои барангехтани кинаю адоват ё низоъи миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ, ё паст задани шаъну эътибори миллӣ равона шудаанд, инчунин тарғиби бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин, мансубии онҳо ба миллат, нажод ё маҳал, агар ин кирдор ба таври оммавӣ ё бо истифодаи воситаҳои ахбори омма анҷом дода шуда бошад ҷиноят маҳсуб меёбад, ки Шарипов Далер бо он гумонбар шудааст ва дар ҳабси пешакӣ қарор дорад

Тибқи моддаи 111 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад ба ҳабс гирифтан ба сифати чораи пешгирӣ бо қарори судя ё таъиноти суд танҳо дар ҳаққи гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшавандае татбиқ карда мешавад, ки барои ҷинояти содиркардаашон қонуни ҷиноятӣ ҷазоро дар намуди маҳрум кардан аз озодӣ ба мўҳлати зиёда аз ду сол пешбинӣ намудааст.

Дар ҷинояте ки шаҳрванд Шарипов Далер гумонбар шудааст ҷазои бо маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мўҳлат муқаррар гардидааст.

Бо такия ба меъёрҳои овардашуда тасдиқ менамоем, ки ба ҳабс гирифтани шаҳрванд Шарипов Далер қонунӣ буда, бо мақсади таъмини амнияти ҷамъиятӣ, ки дар қисми 3-и моддаи 14 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст анҷом дода шудааст.

Ин тадбир ба обруйи байналмиллалии Тоҷикистон ҳеҷ гуна таъсир намерасонад. Гузашта аз ин Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр аст, муносибатҳои худро дар дохил ва хориҷи кишвар мустақилона дар доираи талаботи қонунгзории миллӣ ва меъёру принсипҳои баналмиллалӣ амалӣ мегардонад. Ҳеҷ як ташкилот, давлат, шахси ҳуқуқӣ ва шахси воқеии хориҷӣ ҳуқуқ надорад, ки ба корҳои дохилии Тоҷикистон дахолат намояд.

Латипов С.У. – ассистенти кафедраи

ҳуқуқи конститутсионии ДДҲБСТ

You might also like