“Гурўҳи 24”– сазовори нафтари халқ

Аз таҳлилҳои коршиноси мустақил Сангинзода Зафар  мушоҳида мегардад, ки ин гурўҳ аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ва аз ҷиҳати ахлоқӣ ба ҷомеаи шаҳрвандии имрўзаи ҷумҳурӣ мувофиқат накарда, бар акс, пастзанӣ ва бадкунии пешравиҳои кишвар ва тарғибу ташвиқи фаъолияти ифротӣ, ки ба ягон манфиати иҷтимоӣ ва иқтисодии на ҷомеа ва на ҷумҳур мебошад ба назар мерасад. Инсоният табиатан мураккаб ва дорои мафкураи гуногунҷабҳа мебошад. Маҳз ана ҳамин гуна гурўҳҳои ифротӣ аз ҳар гуна манфиатҳои шахсони ақл носолим ба вуҷуд омада, нафси беандозаи он бо ҳар гуна роҳу восита мехоҳпад, ки дигарон пайравони онҳо бошад ва таъминкунандаи воситаҳои дигари ифротии онҳо бошад. Гарчанд Ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри таъмини меъёрҳои Конститутсияи чораҳои зиёде андешида бошад ҳам, теъдоди ин гуна шахсон майли камшавӣ надошта , мутаассифона фаъолияти онҳои ба назар мерасад.

Таҳлилҳои солҳои сипаригашта аз он шаҳодат медиҳанд, ки гурўҳу созмонҳои террористиву экстремистӣ ба мисоли “Гурӯҳи 24” баҳри зиёд намудани сафи аъзоёнашон, дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа эътибори махсусро ба ҷавонон равона намудаанд. Аз ин лиҳоз, ҷавонони тоҷик бояд ҳамеша зираку ҳушёр бошанд ва барои баланд бардоштани сатҳи ҷаҳонбиниву донишашон саъю кўшиш намоянд, то тавонанд ҳамсолони худро аз ҳамроҳ гардидан ба гурўҳу ҳаракатҳои ифротгаро боздоранд.

Мутаассифона, аксари ҷавононе, ки ба гурӯҳу созмонҳои ифротӣ мепайванданд, онҳое мебошанд, ки саводи зарурии дунявӣ ва маърифати ибтидоии динӣ надоранд. Гурӯҳҳои ифротӣ ҷавононро ба доми худ кашида, ба коми марг мебаранд. Намоиши филмҳои дорои хусусиятҳои террористӣ ва экстремистӣ, паҳнкунии ғояҳои ифротгароӣ тавассути шабакаи ҷаҳонии интернет сабаби дигари гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ мебошанд. Таҳлилҳо нишон доданд, ки паст будани савияи дониши ҷавонон, аз нигоҳи мафкуравӣ, ҳуқуқӣ, фарҳангӣ ва динӣ тайёр набудани онҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ, майлу хоҳиши ба даст овардани маблағи муфт сабаби фирефта шудани онҳо аз тарафи намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва шомил гардиданашон ба ин ташкилотҳо гардидааст.

Бояд гуфт, ки мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм қисми таркибии таъмини амният дар тамоми кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Дар ин самт Ҳукумати мамлакат тадбирҳои саривақтӣ ва муассир андешидааст. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 12 ноябри соли 2016, «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» тасдиқ карда шудаст, ки он самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян намуда, вазифаҳои мақомоти давлатиро ҷиҳати аз байн бурдани омилҳои ба ин зуҳуроти номатлуб мусоидаткунанда мушаххас менамояд. Назорати иҷрои Стратегияи миллӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ вобаста ба иҷрои он ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шудааст.

Имрўз дар Тоҷикистон тамоми имконоти муқовимат бо терроризм ва экстремизм фароҳам буда, аз аҳли ҷомеа тақозо мешавад, ки муборизаро бо ин зуҳуроти номатлуб пурзўр намоянд. Танҳо дастаҷамъона метавонем амнияту осоиши хонадонамонро аз вуруди ғояҳои бегона, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, гаравидани онҳо ба ин зуҳурот ҳифз ва дар амн нигоҳ дорем.

Абдувоҳидов М.коргузори кафедраи ҳуқуқи

соҳибкорӣ ва байналмилалии ДДҲБСТ

You might also like