Ватанхоҳӣ ба гуфтор аст, ё кирдор?!

Миллати кӯҳанбунёди тоҷик то ба имрӯз даҳшати ҷанги шаҳрвандиро аз хотир набаровардааст ва аз он шукрона менамояд, ки бо ҷонбозиҳои сарвари одилу оқил, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ваҳдат ва сулҳи пойдор ноил гардидааст.

Боиси андӯҳ ва таассуф аст, ки солҳои 90-уми асри гузашта, як қисми шаҳрвандоне, ки ба қадри ватан, миллат, бародарӣ, баробарӣ ва дигар муқаддасоти миллӣ намерасанд, бо дастгирию иғвогарии хоҷагони хориҷии худ, ҷомеаи тоҷиконро вайрон карданд. Ин афроди иғвогар Ҳизби наҳзат ном дошта дар ибтидои солҳои истиқлолият нақшаи нопоке доштанд, ки тибқи он дар ҷумҳурӣ табаддулоти давлатиро ташкил карда, Тоҷикистони моро ба кишвари ақибмондаи исломӣ табдил диҳанд. Айни ҳол кӣ метавонад бигӯяд, ки дар кадом кишваре, ки  режими исломӣ ҳукмфармо аст, мардумаш хушбахту сарбаланд аст ва озодона машғули кору зиндагӣ мебошанд? Дар ин ҷумҳуриҳо ҳамарӯза садҳо одамони бегуноҳ аз дасти террористон кушта мешаванд.

Мардуми шарифи Тоҷикистон тариқи васоити ахбори омма, телевизион ва Интернет даҳшату ваҳшониятҳое, ки дар Сирия, Ироқ ва Ливия шуда истодааст, дида аз он шукрона менамоем, ки дар давлати азизи мо ҳаёти осоишта ҳукмрон аст ва ҳеҷ вақт фикри онро намекунем, ки осмони соф ва фазои озоди мо ба кишвари ришдарозони аслиҳа дар даст иваз ёбад. Ҳизби наҳзати ислом ва пайравони он дар таълимоти худ ташкилкунии як давлати идеологии иртиҷоии диниро пайравӣ мекунад. Бо вуҷуди он, ки баъзе роҳбарони наҳзат худро либералу дунявӣ нишон доданӣ ҳастанд, мақсади асосӣ ва ғояи пешбарандаи ин ҳизб ҳамон ташкили давлати идеологию ба гуфт “хилофатӣ” аст. Аз ҳамин сабаб вай моҳиятан бо сохти конститутсионии давлати Тоҷикистон, бо тарзи ҳаёти озод ва солими миллати мо, бо арзишҳои миллии мо мухолиф мебошад. Илова бар ин  фаъолияти ин ҳизб дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ нишон дод, ки вай воқеан як ташкилоти экстремистӣ ва террористӣ буда, аз ташкилотҳои дигари террористии ҷаҳон, ба монанди Толибон ва  ал-Қоида ягон фарқе надорад.

Дар шароити имрӯза роҳбарияти ин ҳизб ҳаматарафа боз як ҷунбиши террористиро бо номи “Ихвон-ул-муслимин»-ро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, фаъолияти онро ҷонибдорӣ намуда истодаанд.  Ин ҷунбиш низ бо дастгирию кӯмаки хоҷаҳояш мехоҳад, сари қудрат ояд ва дар паи амалӣ намудани ин мақсади худ аз ҳама роҳу усулҳо истифода бурда истодааст. Ҳатто ин ҷунбиш ғояҳоеро паҳн мекунад, ки он бо “ватандӯстӣ”, “ислоҳи ҷомеа”, “рушди ҷомеа”, “демократикунонии ҷомеа” ва амсоли он пайваст буда, руёрост мардумфиребӣ аст. Агар ин ҷунбиш дар ҳақиқат бари беҳтар намудани шароити зисту зиндагии мардуми ин ё он кишвар мубориза мебурда бошад, пас чаро аз хунрезию вайронкорӣ истифода мебарад? Бале ҳақ ба ҷониби устод Абулқосими Лоҳутист, ки ҳанӯз дар ибтидои асри ХХ ба мардуми риёкор руй оварда, гуфта буд: “Ватанхоҳӣ ба гуфтор аст, ё кирдор, ё ҳар ду?!”

Мардуми барӯманд ва фарҳангдӯсти  тоҷик нағз медонанд, ки  ТЭТ ҲНИ ва ҷунбиши “Ихвон-ул-муслимин” мақсадҳои нопок доранд ва аз ғояи асосии худ – ғасби ҳокимияти сиёсӣ ҳаргиз рўй нагардондааст. Ин мардумфиребон қувваҳои мусаллаҳи худро дар асл пароканда накарда, онҳоро пинҳонӣ нигоҳ доштааст, аз хоҷагони хориҷии худ пайваста кӯмак ва нақшаҳои корӣ мегирад.  Ин “шайтонҳо”-и муосир барои расидан ба қудрат ба тамоми ҷиноятҳо, аз ҷумла табаддулоти давлатӣ тайёр аст.  Бинобар ин, мо ҳамеша зиракии сиёсии худро аз даст намедиҳем. Мо ба қадри якпорчагии ватани азизамон, осмони софу беғубор, кишвари зебову биҳиштосоямон мерасем ва ба чунин афроди нопок ва пуштибонони онҳо мегӯем, ки барои ватанхоҳу ватандӯст будан, бояд пеш аз ҳама соҳиби дили соф будан ва хислати ободкорӣ доштан лозим аст! Маҳз чунин хислатҳои бузурги инсонӣ дили мардумро гарм ва ба худ ҷалб месозад. Мо ба таври ҳамешагӣ аз тафриқаҷӯиву риёкорӣ ва ҷангҷуию харобазорсозӣ дур гардида,  ба сулҳ ва ваҳдати миллӣ расидаем!

Лутфуллоев М.Д. – сармуаллими кафедраи

технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти ДДҲБСТ

You might also like