Наҳзатиҳо тарғибгарони ғояҳои ихвонӣ

Ба саҳифаи таърих агар назар афканем пояи тамоми ҳаракатҳои ифротгароӣ динӣ созмони «Ихвон-ул-муслимин» ба шумор меравад. Ин созмон соли 1928 дар Миср пайдо гардида фаъолияти худро оғоз намуд. Дар ибтидо ташкилкунандагон арз намудаанд, ки «Ихвон-ул-муслимон»-ро ба хотир баланд бардоштани маърифат исломӣ таъсис доданд. Пас аз он, ки ин ҷунбиш дар бисёр давлатҳои мусулмонӣ паҳн гардид вай вазифаи ваҳдати тамоми мусулмонони давлатҳои ҷаҳонро пешниҳод намуд. Ин мақсади муттаҳид намудани тамоми мусулмонони ҷаҳонро дошта ва барои ҳукмронии худро ҷорӣ намудан дар тамоми мамолики дунёро дошт.

Ихвониҳо бо роҳи зӯрӣ дар тамоми давлатҳои ҷаҳон барқарор кардани ҳокимияти исломиро мақсад намуда ва барои он аз қарни бист то ба имрӯз мубориза бурда истодаанд.

ТЭТ ҲНИ  бо роҳбарии С.А.Нурӣ дар солҳои 90-ум ва имрӯз бо сарварии М.Кабирӣ ғояи ихвониҳоро оиди барқарор кардани ҳокимияти исломӣ дар Тоҷикистон дастгирӣ намуда мубориза бурда истодааст.

Ҳизби мамнӯъи наҳзат бо роҳбарии Кабирӣ бо роху восита ва бо дастгирию мадаи баъзе гурӯҳу давлатҳои сарпараст кӯшиши намуда истодааст, ки худро ғамхору дилсӯзӣ халқ нишон дода ҷонибдорони худро дар Тоҷикистон пайдо намоянд.

Бояд қайд кард, ки имрӯз мардуми Тоҷикистон аз таърихи солҳои 90-ум хуб медонанд, ки Ҳизби наҳзат чӣ мақсад дорад ва он чӣ оқибатҳо дорад. Бинобар ин онҳо бо меҳнати осоишта машғул гардида намехоҳанд, ки дигар ҳаёти осоиштаи ҷомеа ноором гардад.

Раванди сиёсии давлатҳои Шарқи наздик ва шимоли Африқо нишон медиҳад, ки маҳз бо таъсири ғояҳо ифротгаронаи ихвониҳо дар ин давлатҳо ҳаёти осоиштаи одамон халалдор гардидааст. Ҳизби наҳзат бо роҳбарии Кабирӣ ҳамаи амалҳои ихвониҳоро дастгирӣ намуда, барои онро тарғиб намудан фаъолият карда истодааст.

Албатта мо шаҳрвандон ва махсусан аҳли зиёӣ мамлакат бар зидди чунин ниятҳои нопоки душманони миллат пайваста мубориза бурда, онро бояд решакан намуд.

    Одинаев А. – н.и.т., дотсенти

 кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

You might also like