Робитаи ҳизби назҳат бо ташкилотҳои террористӣ

Дар замоне умр басар мебарем, ки  ҳаргуна ташкилотҳои экстемистиву террористии ҷаҳон амалҳои нопоки хешро дар ҳоли роҳандозӣ кардан  аст. Аз  замонҳои қадим низ чунин ташкилотҳо арзи ҳастӣ карда, ҳамеша маллат иллат мерасонанд. Чуноне, ки  идеологияи ҳаракати Ихвонӣ  аз аввали фаъолият мехостанд, сиёсати худро пурзӯр намуда дар тамоми ҷаҳон ҳукмрон бошанд. Хушбахтона  ҳамаи амалҳои онҳо саривақт рӯи об мебарояд. Воќеан терроризм зуҳуроти ниҳоят хавфноки замони муосир буда, бо шаклу тобишҳои гуногун амалӣ мегардад ва пешгӯи кардани он душвор аст . Амалҳои террористӣ боиси ҳалокати одамони зиёд гардида, таъсири шадиди равонӣ эҷод мекунанд ва арзишҳои моддию маънавиро нобуд менамоянд. Амалҳои террористӣ дар байни кишварҳо тухми адовату душманӣ кишта, низоъҳои мусаллаҳонаро ба бар меоранд ва дар миёни гурӯҳҳои иҷтимоию миллӣ нобоварию бадбиниро ба вуҷуд меоранд. Терроризм амали зиддиҳуқуқии гурӯҳҳои алоҳидае мебошанд, ки қонуният ва ҳуқуқи давлатро зери шубҳа қарор дода , ба ин васила даст задан ба даҳшатафкани расидан ба мақсадҳои хешро асоснок карданӣ мешаванд. Дар минтақаҳои гуногуни олам гурӯҳҳои радикалии сиёсӣ ва миллӣ даст ба усулхои мусаллаҳонаи террор зада , барои расидан ба ҳадафҳои худ шабакаҳои муташаккили пинҳонкорӣ, анборхои силоҳу моддаҳои таркандаро таъсис медиҳанд. Дар баробари ин, муассисаҳои молиявиро ташкил медиҳанд, ки сарчашмаи маблағгузории терроризм ба шумор мераванд. Аз ҳамин лиҳоз , барои муборизаи самаранок бо ин зуҳуроти ниҳоят хавфнок ҳамкории ҳамаи давлатҳо дар сатҳи олӣ ва таъсиси ташкилоти байналмилалӣ оиди мубориза бо терроризм зарур мебошад.Бояд қайд намуд , ки терроризми муосир ба тамоми инсоният таҳдиду хатари маргбор дорад. Раванди ба гурӯҳҳои ифротӣ пайвастани ҷавонон дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон нишон медиҳад, ки насли нави ифротгароёни динӣ, хусусан, пайравони гурӯҳи террористии ба ном “Давлати исломӣ” роҳҳои наву пуртаъсири таблиѓу ташвиқи андешаҳои худро дар байни ҷавонон ба роҳ мондаанд. Маҳз ҳамин равиши таблиѓотии содаву таъсирнок ва истифодаи васеъ аз воситаҳои муосири иттилоотӣ, расонаҳои электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз омилҳои муваффақияти ин гурӯҳ ва ҷойгоҳи байналмилалӣ пайдо кардани он ба ҳисоб меравад.

Фикру ақидаҳои ифротгароӣ аз доираи тафаккур баромада, ба сатҳи таблиғот, талаботи катьӣ аз дигарон ва ба амалҳои тунд мегузарад. Дар ин маврид, шахси ифротгарои динӣ тарзи зиндагонии дигаронро ошкоро танқид карда, нисбат ба онҳо дар амал оштинопазирӣ нишон медиҳад ва ҳамфикрони худро ба муборизаи амалӣ ба муқобили фаҳмиш ва тарзи зиндагии дигарон даъват мекунад. Чунин ҳолат аллакай шакли радикалишудаи ифротгароии динӣ мебошад. Ифротгароёни динӣ барои расидан ба ҳадафҳои худ аз зӯроварию хушунат истифода мекунанд. Аз ин лиҳоз, дар зиндагии рӯзмарра фаҳмиш ва арзишҳои ифротгароён барои аъзои дигари ҷомеа қобили қабул нест. Ифротгароёни динӣ мекӯшанд, ки ҷомеа ва давлатро тарсонида, бо роҳи зурӣ инсонҳоро ба худ тобеъ карда, мақсадҳои худро ба ҷомеа таҳмил намоянд. Ҳамин тавр, ифротгароии динӣ аз марҳалаи радикализм ба марҳалаи терроризм мегузарад.

Қудратхоҳии роҳбарияти наҳзат ва ихлосмандони онро метавон ба содагӣ дар симои баъзе муллову эшонҳои маҳаллӣ мушоҳида кард. То метавонанд аз боварии мардум суиистифода мекунанд, аз минбарҳои динӣ ва муқаддасоти мазҳабӣ сӯиистифода намуда, Худо ва ҳам мардумро рӯйирост фиреб медиҳанд, рақибони худро бепарда ва бешармона таҳқир мекунанд, на дар пайи меҳру муҳаббат , балки пайи сарвату қудрат ва шукӯҳу шаҳомат мегарданд.
Ҳадафҳои пасипардагии ТЭТ ҲНИ танҳо дар сурати касби қудрат ба намоиш гузошта мешаванд, бинобар ин , аз ин созмони дунявиситез ва хирадгурез дурӣ бояд ҷуст.

 

   Турдиматова П.М.-сармуаллимаи

    кафедраи молия ва қарз

 

 

You might also like