Андешаҳо оиди маќолаи Муллоев Мулломухтор, Ходими илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АИ ҶТ “ Ҷунбиши Ихвонӣ ва ташкилаи Наҳзатӣ: воқеият ва мушобеҳат (робитаи ҳизби наҳзат бо ташкилотҳои эктремистиву террористии ҷаҳон)”Андешаҳо оиди маќолаи Муллоев Мулломухтор, Ходими илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АИ ҶТ “ Ҷунбиши Ихвонӣ ва ташкилаи Наҳзатӣ: воқеият ва мушобеҳат (робитаи ҳизби наҳзат бо ташкилотҳои эктремистиву террористии ҷаҳон)”, Ходими илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АИ ҶТ “ Ҷунбиши Ихвонӣ ва ташкилаи Наҳзатӣ: воқеият ва мушобеҳат (робитаи ҳизби наҳзат бо ташкилотҳои эктремистиву террористии ҷаҳон)”
Таърих ва ҳаёти имрӯза нищон медиҳад, ки Исломи сиёсӣ, ки дар садаи бистум, дақиқтараш баъди анҷом ёфтани Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ (солҳои 1914-1918) ба буҳрони маънавӣ, мафкуравӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, равонӣ ва маданӣ мувоҷеҳ гардида буд, тасмими дигарбора ба арсаи сиёсати минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ворид гардидан ва муҳимтар аз ин, барқарор кардани хилофати аз дастрафтаро дорад. Бо ҳамин сабаб масъалаҳои созмон додани гурўҳҳои гуногуни бунёдгаро, ифротгаро ва тундрав ба миён омадааст. Инчунин ќайд кардан лозим аст, ки ба ҷавомеи суннатию ақибмондаи Шарқи мусулмонӣ ворид гардидани фарҳангу тамаддуни ғарбӣ-урупоӣ ба вуҷуд омад. Ин падида – тадриҷан урупоишавии ҷавомеи вопасгарои шарқӣ рўҳонияти таҷаддудхоҳ (модерн), муҳофизакор (консерватив) ва мутаассиби исломиро бетараф гузошта натавонист. Чи хеле, ки муаллиф ќайд мекунад тамоми ҷунбишу наҳзатҳои исломӣ, ки муддаии салтанати исломи сиёсӣ дар минтақа ва ҷаҳон маҳсуб меёбанд. Хамаи ин гурӯҳҳо аз оғоз то ин давра мадди назари созмонҳои махсуси иттилоотии хориҷӣ буда ва ҳаст. Маслан, Муҳаммад Мурсӣ дар марҳилаи нави таърихӣ дар Миср бо кумаку дастгирии ниҳодҳои махсуси амниятӣ сари қудрат омад, вале ниёзҳои мардум ва ҷомеаи мисриро бароварда насохта, дар муҳлати кўтоҳ аз сари қудрат ронда шуд. Ошўбҳои мардумӣ, дарҳамбарҳамӣ, ноҷурии иҷтимоию сиёсӣ аз сари қудрат барканор шудани Муҳаммад Мурсии гардид.
Дар айни ҳол ҷонибдории раҳбари ТТЭ ҲНИ-и мамнўъшуда Муҳиддин Кабирӣ ба Муҳаммад Мурсӣ то имрўз давом дорад. хар ду созмон ҳадафи ягонаи стратегӣ доранд. Оқибати кори Мурсӣ бо зиндон анҷомид. Фаъолияти Кабирӣ ва трафдораш низ оќибати нохуш дорад. Фаъолияти Кабирӣ ба норомигии Тоҷикистон оварданаш мумкин аст.
д.и.и., профессор Раҳимов А.М.