Пирӯзии донишҷӯёни Донишгоҳ дар мусобиқаҳои варзишӣ

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар мусобиқаҳои сатҳи вилоятиву ҷумҳуриявӣ иштироки фаъолона намуда, бо маҳорати баланди варзишӣ ва иродаи қавӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.

Дар доираи мусобиқаҳои баргузоргардида донишҷӯёни Донишгоҳ — Мануҷеҳр Бобоҷонов, Муҳаммадшоҳзода Нуроншоҳ, Ардашери Ҳамза, Устопириён Саймидин ва Муҳаммадамин Қаюмов аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла гӯштини самбо, гӯштини тарзи озод ва риштаи варзиши карате ҳунару маҳорати баланд нишон дода, бар ҳарифони худ пирӯзӣ ба даст оварданд. Варзишгарони ҷавон бо нишон додани омодагии ҷисмонӣ, малакаи касбӣ ва ҳисси баланди рақобатпазирӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардида, бо медалу диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
Муваффақияти донишҷӯён бозгӯи таваҷҷуҳи хосаи роҳбарияти Донишгоҳ ба рушди соҳаи варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва фароҳамсозии шароити мусоид барои иштироки ҷавонон дар мусобиқаҳои сатҳи гуногун мебошад.
Ба муносибати ин дастоварди арзанда ректори Донишгоҳ Мӯминзода Шероз донишҷӯёни ғолибро ба ҳузур пазируфта, онҳоро барои иштироки фаъолона ва ба даст овардани натиҷаҳои баланд самимона табрику таҳният намуд. Зимни мулоқот зикр гардид, ки варзиш яке аз омилҳои муҳими ташаккули ҷавонони солимандешу ватандӯст буда, донишҷӯён бо чунин пирӯзиҳо обрӯ ва нуфузи Донишгоҳро боз ҳам баланд мебардоранд.
Ректори Донишгоҳ ба варзишгарон дар идомаи фаъолият комёбиҳои боз ҳам бештар орзу намуда, таъкид кард, ки роҳбарияти муассиса минбаъд низ ҷиҳати дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод ва рушди соҳаи варзиш тамоми имкониятҳоро истифода хоҳад бурд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like