Изҳороти кафедраи ҳуқуқи гражданӣ ва меҳнатӣ доир ба мавзўи баромади Кабирӣ дар шабакаи иҷтимоӣ
Имрӯз дастандаркорони ТЭТ ҲНИ гӯё ба истилоҳи худ даъво аз манофеи миллӣ мекунанд. Магар ҳаминҳо набуданд, ки солҳои 90-ум ноамнию босуботиро эҷод карданд ва вуҷуди Тоҷикистонро ба ҳайси давлат зери суол бурданд.
Мафҳуми миллат фақат ба дин ва ё мазҳаб ба анҷом намерасад, зеро он фаротар аз ин мафҳумҳо буда, дин метавонад танҳо ҷузъи унсуре дар сохтмони миллат бошад ва табаияти як миллат метавонанд бовару эътиқодҳои мухталиф дошта бошанд, вале барои онҳо манофеи миллӣ, ки иборат аст аз маҷмӯи манфиатҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, илмӣ муҳим, зарурӣ ва ҳаётӣ арзёбӣ мешавад. Вобаста ба ин, бе ҳеҷ ваҷҳ ҳизби динӣ, ки чорчӯбаи фаъолияти хешро (ё ба тарзи дигар идеологияи асосиашро) назарияи динӣ таъсис медиҳад, наметавонад ҷавобгӯи манфиатҳои як миллат бошад ва онҳоро дар субот нигоҳ дорад. Дар ҷомеаи имрӯзаи ҷаҳонӣ низ таҷрибае вуҷуд надорад, ки аҳзоби сиёсие, ки аз дидгоҳҳои диниву мазҳабӣ баромад мекунанд, тавониста бошанд миллатеро пӯё ва шукуфо намоянд, зеро назариёти динӣ ки назариёти догматикӣ аст, наметавонад ҳамаи пешрафту дигаргуниҳои ҷаҳони имрӯзаи инсониро инъикос намояд. Аз ин рӯ дар ҳар кишваре, ки низоми сиёсии динӣ ҳоким аст дар он ҷо ҳарф задан аз озодию демократия ва ҳуқуқҳои инсон ғайри имкон аст.
Ҳамин аст, ки чӣ дар тули таърих ва чӣ дар низоми сиёсии ҷаҳони муосир саркубгартарин низомҳо, низомҳои сиёсии динӣ будаанд. Дар чунин навъи низомҳо дигарандешӣ, озодандешӣ, баробарҳуқуқии ҷинсӣ комилан вуҷуд надорад. Хушунат, вопасгароӣ, беҳуқуқӣ, бардагардонӣ ва таҳқири озодии инсон хоси ин гуна низомҳост. Аз ин рӯ даъвоҳое, ки фирориёни ин ҳизб ва махсусан роҳбари он Кабирӣ дар хориҷи кишвар роҳандозӣ мекунанд, ки гӯё онҳо демократия, ҳуқуқи башар ва адолати иҷтимоиро хоҳонанд ҳарфҳои фиребгаронаю дуруғпардозонае беш нест. Онҳо танҳо аз ин роҳ мехоҳанд, мағзҳои соддабоварро ба худ муттамоил гардонанд.
Аҳли устодони кафедраи ҳуқуқи
гражданӣ ва меҳнати ДДҲБСТ