Таҳлили кӯр-кӯронаи Кабирӣ аз дастовардҳои давлати мо
Ироа гардидани Паём аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи манфиатҳои миллии кишвар мустақилона муайян намудани самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ ва дурнамои рушди мамлакати мо дар ҳақиқат тантанаи давлатдории миллӣ ва амалӣ шудани ормонҳои таърихии мардуми шарифи Тоҷикистон аст.
Паём, яъне сухани самимии Пешвои миллат ба ҳар як ҳамватан, пайғоми пурифтихори насли имрӯз ба наслҳои фардо ва садои баланду созандаи давлату миллати Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Асосан, тибқи мафҳуми умумиэътирофшудаи Паёми Президент ба парламент – яке аз шаклҳои муҳими ҳамкории Сарвари давлат ва мақомоти намояндагии умумимиллӣ мебошад. Паём, тибқи қоида, ин ҳисоботи расмии солона, ки ба вазъи давлат ва самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат аст.
Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат моҳияти равандҳои асосии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ арзёбии амиқ ёфта, маҷмӯи масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии мамлакат ҳамаҷониба баррасӣ гашта, барои рушди устувори ҳар як соҳа ва рафъи камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои қатъӣ ва таклифу ҳидоятҳои зарурӣ дода шуданд.
Аммо дар паёми роҳбари Паймони миллии Тоҷикистон Кабирии лаънатие, ки ба муносибати соли нави 2020 табрикоти худро дар сомонаҳои интернетӣ ҷойгир намудааст, пур аз суханҳои дурўғу қабеҳ ва фиребу найранг аст. Фикру ақида ва таҳлилҳое, ки аз ҷониби Кабирӣ дар табрикоташ баён гардидаанд бар хилофи сиёсати давлатдории Тоҷикистони азиз ва мардуми тоҷик аст. Кабирӣ бо таҳлилҳои худ мехоҳад, ки халқи тоҷикро ба роҳҳои фиребу манфиатомези худ равона созад ва гўё бо паёми таҳқиромези худ мардумро ба роҳи дуруст ҳидоят карда истодааст. Барои таъмини рушди иқтисодиёти мамлакат ва баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии аҳолӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳарчи бештару бештар талош меварзанд.
Зеро, соли 2019 Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилгаштаи худ ба сифати боз як соли пурбарор дар таърих сабт гардид. Татбиқи чорабиниҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи миёнамўҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои олии мардуми тоҷик, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд.
Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд.
Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 45,6 миллиард сомонӣ ба 78 миллиард афзоиш ёфт.
Дар ин давра ҳаҷми умумии даромади буҷет қариб ду баробар афзуда, аз 12 миллиард сомонии соли 2013 ба 23 миллиард сомонӣ баробар шуд.
Тайи солҳои зикршуда даромади пулии аҳолӣ беш аз ду баробар ва музди меҳнати миёнаи як корманд 2,4 баробар афзоиш пайдо кард.
Бақияи пасандозҳо дар низоми бонкии кишвар соли 2019 беш аз 9,5 миллиард сомониро ташкил карда, дар ҳафт соли охир 45 фоиз зиёд гардид.
Ҷиҳати комилан баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, такмили низоми ҳимояву дастгирии фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ, таҳияи Кодекси андоз дар таҳрири нав, вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, бунёди инфрасохтори нақлиёт, таъмини аҳолӣ бо оби босифати ошомиданӣ, имтиёзҳо дар рушди соҳаи сайёҳӣ, пешрафти соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, татбиқи сиёсати ҷавонон, занон ва оила ва рушди варзишро намунаи олии ғамхории навбатии Сарвари давлат нисбати мардум арзёбӣ намудан мумкин аст.
Аз рўи таҳлилҳои фиребу найранги роҳбари Паймони миллии Тоҷикистон Кабирӣ чунин бармеояд, ки гўё сиёсати пешгирифтаи хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пеш бурдани давлати соҳибистиқлол Тоҷикистон ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ ва ҳам аз ҷиҳати иҷтимоӣ бар хилофи мардуми тоҷик аст, гўё Президенти кишвар барои беҳбудии халқи азизи худ ягон кореро анҷом надода бошанд.
Вале, ҳамаи гуфтаҳои роҳбари ПМТ Кабирии лаънатӣ дурўғ ва бар зарари мардуми тоҷик аст. Агар ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2019 назар афканем, аз соли 2013 то соли 2019 ҳамаи нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ рў ба афзоиш доранд. Омили асосие, ки иқтисодиёти мамлакатро ба таври устувор таъмин мекунад, сатҳи устувории қурби пули миллӣ мебошад. Ҷиҳати таъмини сатҳи некўаҳволии аҳолӣ низ нисбат қурби пули миллӣ баҳо дода мешавад ва аз рўи таҳлили нишондиҳандаҳои омории солҳои 2013-2019 бо боварии комил гуфта метавонем, ки шароити иҷтимоии аҳолӣ рў ба тараққӣ дорад ва афзоиш ёфта истодааст.
Доир ба таҳқирҳои Кабирии лаънатӣ нисбат вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсии давлати соҳибистиқлол, демокративу ҳуқуқбунёди худ гуфта метавонем, ки бо дилу нияти ояндабинонаи нек, нангу ори миллии ба тоҷикон хос ва нерӯи созанда бояд мо баҳри амалисозии ҳадафҳои стратегӣ кӯшиш намоем. Зеро ҳеҷ бегона хонаи моро обод ва моро хурсанд карда наметавонад. Ҳар як мамлакат барои пешрафти худ ва манфиатҳои миллии худ сиёсаташро пеш мебарад. Моро танҳо зарур аст, ки дар атрофи роҳбари давлат муттаҳид шавем, Тоҷикистони саноатиро бисозем. Давлатҳое, ки рӯй ба саноат овардаанд ва пояи саноати миллиашонро мустаҳкам доштаанд, зиндагии боз ҳам осудаҳолона доранд.
Охунова Д. – ассистенти кафедраи
молия ва қарзи ДДҲБСТ