Изҳороти кафедраи фанҳои риёзӣ – табиатшиносии муосир нисбати ақидаҳои ғаразноки наҳзат
Вақте чунин инсонҳо ба монанди Халили Қаюмзод, ки дастпарвари мактаби наҳзат аст, роҷеъ ба миллат сухан мекунанд, гуфтаҳои эшон хандаовар аст, чунки барои ин тоифа фаҳмиши миллат, Ватан, модар, ору номус ва дигар арзишҳо вуҷуд надорад.
Ба ин шахсон дин ва бовариву эътиқоди мардум як нав тиҷорат аст. Вақте ки ба ном «журналистони содиқи Ватан» дар хусуси демократия ва ҳуқуқи башар сухан мекунанд, боз ҳам дуруғгуӣ ва мардумфиребӣ мекунанд, зеро чунин одамон бо тафаккури террористӣ пайгири ҳукуматҳои истибдодианд. Ҳадафҳои онҳо ҳеҷ гоҳ ба мардумдўстию арҷ гузоштан ва ҳуқуқи башар оварда намерасонанд.
Этикаи касбии журналист иборат аз расонидани иттилооти рост ва дақиқу воқеъбинона ба ҷамъият аст. Инчунин омили муҳими касб –нарасонидани зарар ба обруи объекти интишор мебошад. Вале Халили Қаюмзод мехоҳад бо дурўғу тўҳмати худ нисбати Рустами Эмомалӣ раиси ҷавони Душанбе обрў дар ёбад. Фаъолияти ин гуна ашхосон-хизматгорони ТЭТ ҲНИ мисли замбурўғҳои заҳрдор аст, ки ҷамъият аз онҳо баҳра бурда наметавонад.
Мо шаҳрвадони мамлакат ҳеҷ гоҳ намегузорем, ки дасисаҳои чунин журналистон афкори мардуми тоҷик ва ҷаҳонро вайрон созад. Мо халқи бонангу номус бар зидди чунин ашхосон дар куҷо ва бо кадом восита, ки набошад мубориза мебарем.
Аҳли устодони кафедраи фанҳои риёзӣ-
табиатшиносии муосири ДДҲБСТ