Ақидаҳои номатлуби Кабирӣ

Дар зери ҳошияи нофаҳмиву бесаводӣ ва табрикоти бемаънои худ Муҳиддин Кабирӣ боз як бори дигар бешуурии худро иброз кардааст. Зеро кишвари азизамон ба ин рӯзҳои орому истиқлол бо чӣ азобу бо чӣ қадар шиканҷаҳо омада расидааст. Рӯзҳое буданд, ки баҳри буридаи нон мардум ҷон медод ва чӣ қадар ҷабр мекашид. Хушбахтона имрӯз дар ҳар дастархони хонадони мо пур аз нозу неъмат, сериву пуррӣ, кӯдакон хоби ором, занҳо соҳиби ҳуқуқ ва мақоми хоса дар ҷомеъа, илму маориф дар рушд аст. Чӣ қадар биноҳои истиқоматии замонавӣ, мактабҳои нав, ҷиҳозонидан бо технологияҳои инноватсионӣ тамоми мақомотҳоро дар давоми солҳои истиқлол ба вуқӯъ омад.

Аз суханони Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бар меояд, ки соли 2019 дар таърихи навини мардуми тоҷик ҳамчун соли дастовардҳои арзишманд сабт мегардад. Дар ин сол бо азму талоши сокинони мамлакат иқдому ташаббусҳои созанда вусъати бесобиқа касб карда, мардуми сарбаланди мо ба хотири боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани биҳиштосои худ сарҷамъу аҳлона ва беш аз ҳар вақти дигар заҳмат кашиданд. Ба истифода додани агрегати дуюми нерӯгоҳи барқии обии “Роғун” аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги имсолаи мо дар соҳаи энергетика ва як қадами устувори дигар дар ҷодаи таъмини истиқлоли энергетикӣ, боз ҳам беҳтар қонеъ гардонидани талаботи соҳаҳои иқтисодӣ ва аҳолӣ ба нерӯи барқ ва заминаи мусоид барои амалӣ гардидани ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат мебошад.

Пас Кабирӣ  чӣ гуна метавонад, ин гуна дастовардҳои бузургро рад кунад, кишвари моро беадолат ном ниҳад. Ҳол он, ки худ бо ақидаҳои нохалафаш мехост фазои орому демократии моро ноорому ба ҷанг табдил диҳад. Пас ин ақидаи ӯ аз чӣ аст, то кадом андоза ӯ дӯстдори ин миллату ин кишвар шуда метавонад. На, ягон андоза зеро дӯстдори ватан ба миллати худ хоиниву бадфикриро насиб намебинад, барои ҳамин миллату кишвар ҷон медиҳад. Ӯ бошад, гапҳои пучу бемаънои худ қонунҳои дурусту кишвари рушдкардаистодаи биҳиштосои моро бад карда истодааст.

Аҳамияти сиёсӣ, назариявӣ, илмӣ, таҳлилӣ, ояндабинӣ ва амалии Паём дар он ифода мегардад, ки ин санад тамоми соҳаҳои калидии ҳаёти мамлакат – сиёсат, иҷтимоиёт, иқтисодиёт, тандурустӣ, мактабу маориф, илму фарҳанг, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини амният ва суботи ҷомеа, давлатро таҳлилу баррасӣ, арзёбӣ ва дурнамои онро муайяну мушаххас месозад.

Паём барои тамоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои идоракунӣ, вазорату идораҳо, муассисаҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, кулли мардум ҳуҷҷати роҳнамо буда, аз он вазифаҳои барномавии тамоми сохтору мақомоти зикршуда бар меояд ва Паём онҳоро ба иҷрои ҳадафҳои ояндасоз сафарбар менамояд.

Пас ҳамаи суханону ақидаҳои номатлуби Кабирӣ нодурусту бемаъноянд ва мо набояд ба чунин ҳарфҳои ифродгароён ва душманони ватан гуш андозем ва онҳоро инсон шуморем.

Баҳриддинов Ҳ.Б. – ассистенти

 кафедраи  технологияҳои иттилоотӣ

дар иқтисодиёти ДДҲБСТ

You might also like