Таҳлилҳои Кабирӣ ҳама аз рақамҳои сохта ва бардурӯғ иборатанд
Чӣ тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, чӣ ба воситаи расонаҳои хабарӣ ва чӣ ба воситаи дигар сарчашмаҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон аз давраҳои баромад аз доираи Иттиҳоди Шӯравӣ то имрӯз кадом сахтиву душвориҳоро пасисар намуд. Дар бомуваффақият пасисар намудани ин гуна душвориҳо як шахси барӯманд мамлакати моро аз ин вартаи ҳалокат наҷот дода нагузошт, то ин ки ин мамлакати ба хароба табдилёфта ва мардуми азиятдида тақдири худро танҳо мунтазир шуда нишинанд.
Таърих шоҳид аст, ки барои аз сатҳи дарболо қайдшуда баровардани мамлакат сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то кадом андоза саъю кӯшиш ва заҳмату меҳнатҳо намудааст, то ки кишвари мо ба чунин майдони тинҷу ором ва аҳолӣ бо сатҳи муайяни зисти хуб роҳ ёфбанд.
Аммо як нуқтаи дигарро низ таъкид намудан мумкин аст, ки аз эъҷодиёти даҳонакии халқ як сухан ҳаст, ки гул бе хор намешавад ва новобаста аз мавҷудияти он гул ҳамеша дар рушд аст. Дар ин ҷо ба сифати хор хусусан Кабирӣ ва аъзоёни собиқ ТЭТ ҲНИ, Паймони миллӣ ва дигар косалесони онҳо баромад менамоянд. Онҳо баъди эълон гаштани ТЭТ ҲНИ ҳамчун ҳизби хусусияти террористидошта ва халалдоркунандаи сохти конститутсионии кишвар, боздории фаъолияти он, қисме аз онҳо аз сарзаминамон гурехта рафтаанд.
То ҳол он манфурон аз баски мақсаду мароми фоҷиабори худро бо ташаббус ва заҳмату меҳнати фарзанди фарзонаи миллат, яъне сарвари кишварамон мӯҳтарам Эъмомалӣ Раҳмон амалӣ сохта натавонистаанд, бинобар аз ноумедӣ мехоҳанд тариқи шабакаҳои гуногуни иҷтимоӣ, хусусан “Фейсбук” ба аҳолии кишвари азиятдида, бо роҳи табдил додани ҳолатҳои воқеъӣ ба манфиати худ, онро нодуруст фаҳмонда, бо ҳамин ба фикру ақидаи онҳо таъсир расонанд. Хусусан ҳангоми пасисар шудани соли нави мелодии 2019 ва гузоштани қадам ба соли нави пур аз орзуҳо, шахсони манфури дарболо қайдшуда, тариқи шабакаи иҷтимоии зикршуда, таҳлилҳои баъзе нишондиҳандаҳои макроиқтисодие, ки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми охирини хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузарониданд, бардурӯғ рақамҳоро дигар карда гӯё ба он ҳама бовар мекунад, хостанд, сатҳи рушди кишварамонро, ки бо зиёдшавии ММД ва назаррасгардии он ба ҳар сари аҳолӣ, зиёдшавии ҳаҷми буҷаи мамлакат, тағйирёбии қурби асъори миллӣ ва дигар нишондиҳандаҳо маҳсуб меёбад, ба самти манфӣ намудор кунанд, аммо онҳо пеш аз он, ки чунин рақамҳоро оранд, фикр намекунанд, ки дар дохили кишвар махсус институт (Агентии омории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва берун аз он низ инчунин институтҳои байналхалқии бонуфузе ҳастанд, Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд, Созмони умумиҷаҳонии савдо ва ғ.), ки чунин нишондиҳандаҳоро бо мақсади ба таври воқеӣ намуддор намудани вазъи иқтисодии кишвар ва муайян намудани рейтинги он дар байни дигар мамлакатҳо ҳар сол ин нишондиҳандаҳоро таҳти таҳлил қарор медиҳанд.
Инчунин ба сифати мисол бо мақсади зоҳир намудани бардурӯғии ҳисоби онҳо як таҳлили онҳоро меорем: онҳо иброз доранд, ки гарчанд ММД зиёд шуда бошад, ҳам ин зиёдшавӣ пеш аз ҳама аз ҳисоби тағйирёбии қурби асъори миллӣ буда, ягон сатҳи рушдро нишон намедиҳад, баръакс бо зиёдшавии шумори аҳолӣ ин сатҳи камбизоатгардии кишварро арзёбӣ менамояд. Аммо онҳо пеш аз ин фикр намекунанд, ки дар нишондиҳандаҳо инчунин тағйирёбии ин нишондиҳанда бо сатҳи таваррум низ нишон дода мешавад, ки он бо ба ҳисоб гирифтани тағйирёбии қурби асъори миллӣ ҳисоб карда мешавад. Ба ғайр аз он тақсимшавии ММД ба ҳар сари аҳолӣ айнан дар марҳилаи қайдшуда бо ба ҳисоб гирифтани тамоюли воқеъии афзоиши шумораи аҳолӣ амалӣ гардонида мешавад. Бинобар мо таҳлилҳои минбаъдаи онҳоро таҳти назар намеорем, зеро ин таҳлилҳо ҳама бардурӯғ ва нодаркор мебошанд.
Бо ба ҳисоб гирифтани гуфтаҳои болоӣ қайд намудан ба маврид аст, ки азбаски мо фарзандони барӯманду соҳибмаърифат ва тозаандеш ҳастем, мо бояд ба ин гуна гуфтаҳо ва таҳлилҳои бардурӯғи Кабирӣ ягон лаҳза боварӣ зоҳир накарда, ҳамеша кӯшиш ба харҷ диҳем, то ки ба сиёсати хирадмандона ва сулҳҷӯёнаи сарвари кишварамон мададгор бошем.
Қосимов З.А. – ассистенти кафедраи
хадамоти гумруки ДДҲБСТ