Аввал андеша баъд…
Ростӣ чанде қабл тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ «насиҳатҳои» бемаъниёнаи ба ном «журналист» Халил Қаюмзодро нисбати фаъолияти Раиси шаҳри Душанбе таҳлил намуда, ба чунин хулоса омадам, ки наход одамизод то ин дараҷа кўрнамак ва беинсоф бошад. Намедонам ўро маҷбур сохтаанд, ё майнаи сари ў дуруст кор намекунад ё чизи дигар?
Одатан дар урфият мегўянд, ки «аввал андеша баъд гуфтор». Шахс пеш аз он, ки ягон андешаронӣ кунад, ў бояд аз ҳақиқати ин ё он ҳолати кор бояд бархурдор бошад вагар на ба гирдоби таънаву мадомат гирифтор мешавад. Ин аст, ки фурўхташудагони наҳзатӣ аз карда пушаймон имрўз намедонанд даст ба кадом кор зананд. Магар бекорӣ ба сари онҳо омадааст ё даст ба хайрот нигарони хоҷагони худ барои ҳаёт ба сар бурдан ба нобакориҳо зада истодаанд. Аслан ҳамин аст, онҳо фурўхта шудаанд ва ҳамин мондааст, ки бо ҳар роҳу восита зиндагии худро пеш бурда истодаанд.
Агар ба таърихи на он қадар дур назар андозем, дар равандҳои сиёсии Тоҷикистони ғайр аз ҳизбҳо инчунин гурӯҳу ҳаракатҳои ифротгарое низ пайдо шуда буданд, ки фаъолияташон тавассути баъзе аз қувваҳои беруна ба роҳ монда шуда, худ паси парда назорат ва фаъолият мекарданд. Дар навбати дигар, фирефтаи ваъдаҳои пучу бемаънӣ ва маблағи муфти аҷнабиёну ташкилоту ҳаракатҳои террористӣ гардида, манфиатҳои миллӣ, арзишҳои халқ, аз ҳама муҳиммаш оромиву осудагии мардуми азияткашидаи диёрро фаромуш сохта буданд. Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ мисоли гуфтаҳои боло мебошад. Имрўзҳо бо намояндагон худ ин ҳизб диққати мардумро бо рафтору кирдорхои номатлубаш ҷалб карда истода, алҳол роҳбарияти он барои амалӣ намудани мақсадҳои нопокаш аллакай ба таври ошкоро фаъолияти зиддиумумимиллӣ бурда истодааст.
Рафтор ва гуфтори Халил Қаюмзод, низ аз он шаҳодат медиҳад. Барои ТЭТ ҲНИ ва ҳамсангаронаш муҳим нест, ки бо инқилобхоҳиҳо мардумро ба чӣ вазъи ногувор гирифтор мекунанд. Муҳим он аст, ки қудрати сиёсиро ба даст оранд ва боиси кишвари худро ба коми ҷангҳои беохир кашидан шаванд.
Имрўзҳо таърих, ҳақиқати давлатдорӣ ва Истиқлолияти Тоҷикистони маҳбубамон исбот намуд, ки Душанбешаҳр яке аз зеботарин гўшаҳои дунё аст. Халки тоҷик дар тули таърихи чандҳазорсолаи худ шаҳру пойтахтҳое бунёд кардааст, ки мавриди таваҷҷуҳи оламиён будаанд. Суннатҳои шаҳрдорӣ ва санъати меъмории онҳо, ки хусусиятҳои миллй ва умумибашарй доранд, то замони мо боқй мондааст.
Душанбе барҳак меросдори онҳо ва натиҷаи сиёсати самараноки Роҳбарияти Олии кишварамон аст. Имруз, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақилу демократӣ аз чониби ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шудааст, масъулияти шаҳрдорй низ ба тадриҷ меафзояд, зеро акнун Душанбе пойтахти давлати мустақилу комилҳуқуқ мебошад. Ҳамаи моро зарур аст, ки бо қадри сарвати пойтахт ва моликияти давлатй — об, фазо, барқ, богу дарахтзор, гулбоғу чаманҳо, роҳ, нақлиёт, муҷассамахои бузургон, оромгоҳ, зиёратгоҳҳо расида, дар ин шаҳри дилоро чароги сидқу сафоро фурузон нигоҳ, дорем.
Шукуров Ф.М. – сармуаллими кафедраи
ҳуқуқи гражданӣ ва меҳнатии ДДҲБСТ