Журналисти киссагӣ ва ватанфурӯш
Бо ба ҳисоб гирифтани насиҳати ба ном журналисти ҷавон Халил Қаюмзод ба Раиси шаҳри Душанбе, ки дар саҳифаи номбурда дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” нашр шуд, чунин хулосаҳо баровардан мумкин аст.
Халил Қаюмзод худ ба ном журналист буда, аз он ягон мақолаҳои хусусияти расмидоштаву тарбиятомез боқӣ намондааст ва дар ягон ташкилоте, ки бо баровардани чунин мақолаҳо машғуланд, ба қайд гирифта нашудааст. Аз ин бармеояд, ки ӯ ба сифати журналист дар ҳеҷ куҷо фаъолият надорад.
Падари ӯ Абдуқаюми Қаюмзод низ аз рӯи расонаҳои хабарӣ ва дигар сарчашмаҳо худ журналисти лагандбардор ва тарафдори аъзоёни собиқ ҳизби наҳзати ислом ба шумор мерафт. Гарчанд дониши касбии хуб дошт, вале зудбовар буд, ки ин ҳамчун асос барои ҳамроҳшавии ӯ ба ин ҳизб ва нобуд сохтани ҳаёти худ ва аъзоёни оилаи ӯ гардидаанд. Ӯ пай намебурд, ки тамоми ҳаракату гирдиҳамоиҳои аъзоёни собиқ ҳизби номбурда хусусан барои халалдоркунии сохти конститутсионии кишварамон, барангезиши иғво байни аҳолӣ, сӯзонидани ҳаёти мардуми кишвар ва ба майдони ҳалокат мубаддал намудани сарзамини ин ҳудуди биҳиштосо равона шудааст. Ва маҳз ҳамроҳшавии ӯ ба чунин ҳизбу ҳаракатҳо ва гирифтории ӯ ба касалии нашъамандӣ ба марги фоҷиабору тадриҷии ӯ сабаб гаштанд.
Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки Халил Қаюм дар кадом оила таваллуд шуда ба камол расидааст. Инчунин дар асоси таҳлили баъзе дигар вокунишҳои ӯ аз сомонаи интернетӣ ба осонӣ пай бурдан мумкин аст, ки ӯ мисли падар шахси нобакор, журналисти киссагӣ ва ватанфурӯш буда, ягон лаҳза суханҳои ӯ на ба худ ва на ба дигарон нафъе мебахшад. Бинобар гуфтан ҷоиз аст, ки аз чунин шахсе, ки худ дониши муайяне надорад ва ҳатто фикри худро дуруст идора карда наметавонад, маслиҳати хуб низ барнамеояд.
Бо баробари баҳисоб гирифтани гуфтаҳои болоӣ ва ҳамчун фарзандони ватандӯсту соҳибмаърифат қайд карданӣ ҳастем, ки мо ҷавонон набояд ба чунин насиҳатҳо аҳамият диҳем ва ҳамеша кӯшиш намоем, ки то даме, ки дар тан хуни мардонагӣ дорем, бар зидди чунин нафарон мубориза барем ва нагузорем, ки сулҳу субот ва оромии кишвари соҳибистиқлоли тоҷикон, ки хеле гарон ба даст омадааст, бо тӯҳтмату бӯҳтонҳои чунин шахсони нохалаф (ки мисли лошахурон аз берун истода, насиҳатҳои ғаразноки худро раво медонанд), халалдор гарданд.
Қосимов З.А. – ассистенти кафедраи
хадамоти гумруки ДДҲБСТ