Номи нек дар арсаи ҷаҳонӣ!
Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар баробари тараққӣ додани соҳаҳои иқтисодиёти кишвар барои сулҳу субот ва амният басо корҳои заҳматкашу саривақтиро ба анҷом расонида ва он низ давом дорад.
Ватани маҳбуби мо дар тўли 28 соли истиқлолияти давлатӣ сулҳу субот, оромию осоиштагӣ, ваҳдати миллиро таъмин намуда дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати суботу амният шинохта шудааст. Тибқи расонаҳои расмӣ ва хулосаи Маркази тадқиқотии Амрикоӣ «Глоб» дар мавриди гузаронидани тадқиқотҳо, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни 142 кишварҳои ҷаҳонӣ ҳамчун давлати орому осоишта ва амнияттаъминкунанда дар Осиёи Марказӣ ҷои 2-юмро сазовор донистааст. Директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзода барҳақ дар гузориши худ аз сиёсати кунунии давлату ҳукумат дар роҳи амалисозии нақшаву стратегияҳои бузург гузориш додааст.
Сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди солҳи 2019-2021 эълон шудани “Солҳои рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва деҳот” аз он шаҳодат медиҳад, ки солҳои охир сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон таваҷҷўҳи зиёд намуда истода теъдоди онҳо торафт зиёд гардида истодаанд. Ин аз зиёд шудани ширкатҳои туристӣ ва сафи худи сайёҳони дохил ва хориҷӣ дарак медиҳад.
Боиси қайд аст, ки дар ҳолати ташриф овардани сарвари давлатамон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба давлатҳои Аврупо нисбати Тоҷикистон бозҳам таваҷҷўҳ зиёдтар гардид. Хушбахтона ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз ба Тоҷикистон бо чашми нек менигаранд ва барои сайёҳӣ ҷойҳои ҷолибу диққати давлати моро интихоб менамоянд.
Ин ҳолат боиси он мегардад, ки ба Тоҷикистон аз давлатҳои хориҷа ва ширкатҳои байналмилалӣ маблағгузориҳо зиёд гардида ба рушди кишварамон саҳмгузор мешаванд. Мо шаҳрвандони мамлакат хурсанд аз он ҳастем, ки дар чунин Ватани ободу озод умр ба сар бурда, дар рушду нумӯи соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат саҳмгузор ҳастем.
Орипов А.А – н.и.и., дотсент, декани
факултети баҳисобгирӣ ва андози ДДҲБСТ