Хоини пешаи нохалафон аст!
Халқи тоҷик аз радифи он миллатҳоест, ки марзу буми хешро хеле дӯст медорад ва барои ҳастии он ҷоннисорӣ мекунад. Қаҳрамониҳои Темурмалику Шерак, Деваштичу Восеъ далели гуфтаҳои болост. Дар олам чанд муқаддасоти ягона ва такрорнашавандае мавҷуд аст, ки Модару Ватан низ ба он шомил мегарданд. Ҳисси ватандорӣ ба дараҷае расидааст, ки хокашро аз тахти Сулаймон ва хорашро аз лолаву райҳон хуштар медонанд.
Чуноне ки зикр намудем, таърихи миллати тоҷик пур аз мардони шуҷоъву меҳанпараст мебошад. Сад афсус мехонем, ки ба ҷои пайрави ворисону аҷдодони бузурги хеш гардидан, шукрона аз ин ватани осудаву тинҷу ором кардан, ҳастанд шахсоне, ки баҳри амалӣ намудани нақшаҳои ғаразноки хеш даст ба ҳар амали зишту нангин мезананд.
Чӣ хеле ки аз расонаҳои хабариву шабакаҳои иҷтимоӣ ба мо маълум аст, имрӯзҳо пайваста хоинони кишвар берун аз қаламрави Ватани ободамон маскан гирифта ба сӯи кишварамон ангушти нафрат мезананд. Яке аз ин шахсон Муҳиддин Кабирӣ – раиси ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ мебошад, ки барои манфиати шахсӣ, пулу моли зархаридорони хориҷа шуда нангу номус ва шарафи хешро фурухтааст. Ин хоини кишвар баъд аз ҳодисаҳои соли 2015 дар кишварҳои хориҷӣ иқомат дорад ва бо дастгирии хоҷагони хориҷиаш аз минбарҳо баромад намуда, кӯшиш ба самар дода истодааст то ба василаи нутқҳои бардурӯғи хеш назари ҷаҳониёнро нисбати Ҷумҳурии биҳиштосои Тоҷикистон бад гардонад. Баромади навбатии ин хоини миллат дар шаҳри Вилнюс, пойтахти Литва дар мавзӯи “Ҳиҷрати маҷбурии оппозитсияи сиёсӣ аз Осиёи Марказӣ ба Иттиҳоди Аврупо ва коҳиши тундгароӣ да байни муҳоҷирони ин минтақа: Чолишҳо ва дурнамо” ба қайд гирифта шуд.
Имрӯзҳо ин шахси нобакор барои паст намудани обруву эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳаргуна дасисаву дурӯғгӯиҳо намуда истодааст. Вобаста ба ин гуфтаҳо як нуқтаи муҳимро бояд тазаккур дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии сиёсатмадор, марди оқилу доно, фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Сиёсати дарҳои кушод”-ро пешаи хеш намудааст, ин равшангари он аст, ки миллати тоҷик на танҳо барои халқи хеш шароиту кору фаъолият, балки барои он мамлакатҳое, ки бе нияти ғаразона бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунанд, шароит муҳайё намудааст. Сабаби берун аз хоки Тоҷикистон иқомат кардани ин гуна афрод ва мамнӯъ эълон гардидани ҳизбе, ки онҳо фаъолияташро пеш мебурданд, ин халал ворид намуданашон ба ҳаёти амну осоиштаи мардуми тоҷик ва хоки тоҷикон арзёбӣ мегардад. Аз тирҳои аз камон ҷастаи ин хоинони Ватан мардуми тоҷик дар солҳои 90-уми қарни гузашта басо ранҷ, азобу уқубатҳои сахти зиндагиро аз сар гузаронид. Вале дар натиҷаи ҷони худро баҳри ҳимояи Ватан ато намудани як қатор мардони шуҷои тоҷик, тири навбатии ин тоифаи ғализ ба ҳадаф нарасид. Дар натиҷаи ин амали ноҷои худ теша ба решаи худ заданд.
Мардуми бо нангу ори тоҷик имрӯзҳо баҳри дифову якпорчагии кишвари азизу маҳбуби хеш ҷони худро дареғ намедорад. Дар зери партави сиёсати пешгирифтаи Президенти кишвар сарҷамъ меоем ва аз як гиребон сар бароварда намегузорем, то як қадами ғализи душман, хоинони миллат ба сарзамин биҳиштосои Тоҷикистон бирасад.
Негматова Д. – н.и.ф., дотсенти
кафедраи забони хориҷии ДДҲБСТ