Изҳороти кафедраи фанҳои риёзӣ-табиатшиносии муосир нисбати амалҳои авмофиребонаи ифротиён
Ҳайати устодон ва омӯзгорони кафедраи мазкур итминони комил дорем, ки дар шароити имрӯза дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар ягон гурӯҳу ҳаракатҳои ифротгаро ба Ватани азизи мо – Тоҷикистон таъсири худро расонида наметавонад. Зеро давлату Ҳукумат барои амнияти халқ, барои тинҷиву осоиштагии мардум тамоми чораҳоро андешида истодааст.
Дар баробари ин халқ аллакай медонад, ки роҳи рост кадом асту роҳи каҷ кадом! Бояд ёдовар шуд, ки роҳбари наҳзат Муҳиддин Кабирии хоин дар навбати худ фирефтаи ваъдаҳои пучу бемаънӣ ва маблағи муфти ташкилоту ҳаракатҳои террористӣ гардида, манфиатҳо ва арзишҳои миллии халқ, аз ҳама муҳимаш тинҷиву оромӣ ва ҳаёти осоиштаи мардумро вайрон кардааст.
Агар мо имруз бо чашми хирад ба фаъолияти мамнуъгардидаи ТЭТ ҲНИ назар кунем, дар ҳақиқат ин ҳизб ҳизби моҷароҷӯ буд. Мисоли инро дида истодаем, ки имрӯзҳо ҳукумати кунунии мамлакатҳои Аврупо ба ин хоинон ҷой додаву дастгирӣ карда, ба иғвоангезӣ «маслиҳатҳои дӯстона» медиҳанд ва гӯё ба оташи кайҳо хомӯшшуда боз равған мерезанд. Дар аввали фаъолияташ ин ҳизб диққати мардумро бо рафтору кирдорҳои номатлубаш на он қадар ҷалб карда бошад, алҳол роҳбарияти он Муҳиддин Кабирӣ бо амалӣ намудани мақсадҳои нопокаш аллакай ба таври ошкоро фаъолияти зиддидавлатӣ бурда истодааст.
Ниятҳои ғаразноки ТЭТ ҲНИ ва Кабирӣ ҳеҷгоҳ амалӣ намешавад!
Аҳли устодони кафедраи фанҳои
риёзӣ-табиатшиносии муосир ДДҲБСТ