Бадхоҳони миллат, ҳеҷ ба мақсад нарасанд!
Имрўзҳо дар гӯшаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар одамон гирифтори хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳо гардидаанд. Зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷиабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор меорад.
Дар зарфи солҳои охир зиёда аз сад мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон қарор гирифта, бар асари ҳамлаҳои террористӣ садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расидаанд. Миллионҳо нафар мардум макону манзили зисташонро тарк кардаанд. Зарари ба иқтисодиёти кишварҳо расонида шуда – зиёда аз садҳо миллиард долларро ташкил медиҳад.
Ҷомеаи ҷаҳониро авҷ гирифтани зуҳуроти экстремизму терроризм солҳои охир ба ташвиш овардааст. Дар ҷаҳон раванди рақобати стратегӣ шиддат гирифта, нишонаҳои дубора доман паҳн кардани “ҷанги сард” возеҳ мушоҳида мешаванд.Чунин воқеият талошҳои якҷояи ҷомеаи ҷаҳониро дар муқовимат бо хатару таҳдидҳои глобалӣ дучанд коста гардонида , ба усулу асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ таъсири манфӣ мерасонад.
Экстремизм изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ буда, ба даъвати нооромӣ, дигаргункунии сохти конститутсионӣ дар давлат , ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ, мазҳабӣ равона гардидааст.
Чунин аломатҳо айнан дар фаъолияти аксари имрӯзаи созмону гурӯҳҳои ба ном “исломӣ” дида мешавад, ки ба онҳо ТЭТ ҲНИ, “ДИИШ”, “Ал-қоида”, “Ҷунбиши исломии Ӯзбекистон”, “Бародарони мусалмон”, “Ансоруллоҳ”, “Ҷундуллоҳ“ ва амсоли инҳо дохил мешаванд. Ин гуна гурӯҳҳо бо мақсадҳои шахсӣ номи поки исломро истифода намуда, бо ин амали нопокашон мақоми динро дар арсаи байналмилалӣ паст менамоянд.
Раванди ба гурўҳҳои ифротӣ пайвастани ҷавонон дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон нишон медиҳад, ки насли нави ифротгароёни динӣ , хусусан, пайравони гурўҳи террористии ба номи “Давлати исломӣ” роҳҳои наву пуртаъсири таблиғу ташвиқро дар байни ҷавонон ба роҳ мондаанд. Маҳз ҳамин равиши таблиғотии содаву таъсирнок ва истифодаи васеъ аз воситаҳои муосири иттилоотӣ, расонаҳои электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз омилҳои пайдо кардани ҷойгоҳи байналмилалии ин гурўҳ ба ҳисоб меравад.
Мушкили аслии ҷавонони ноогоҳ он аст, онҳо аз идеологияи аслии ифротгароёни динӣ, бахусус, аз гурўҳи террористии ба ном “ДИИШ” иттилоъ надоранд ва аз ин ҷост, ки ба фиребу найранги онҳо дода мешаванд. Мувофиқи тафаккур ва таълимоти гурўҳҳои ифротии динӣ ягон давлати мусулмоннишин бояд ҳамчун давлати мустақил вуҷуд надошта бошад. Тибқи назари онҳо, бояд ҳамаи ин давлатҳо маҷбуран ишғол ва ба таркиби хилофати ягонаи исломӣ дохил карда шуда, ҳамчун як ноҳияи “хилофат” ба хилофати ягонаи онҳо итоат кунанд. Ифротгароён ҳеҷ гуна давлати мустақил ва истиқлолияти давлатҳои мусулмоннишинро эътироф намекунанд, балки онҳоро дар таркиби “хилофат” дидан мехоҳанд.
Аз ин лиҳоз, андешаҳо дар ҳуҷҷатҳои таъсисӣ, низомномаҳо ва маълумоти таблиғотии гурўҳҳои ифротии динӣ ба таври расмӣ, возеҳ ва дақиқ ифода шудааст. Масалан, ҳаракати ифротгароии “Ҳизб-ут-таҳрир” солҳост, ки дар оиннома ва варақаҳои таблиғотии худ ба таври расмӣ назарияи “бунёди хилофати ягонаи исломӣ“-ро таблиғу ташвиқ менамояд, ки дар он давлатҳои мустақили минтақаи мо, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ, танҳо ҳамчун ноҳияҳои хурди таркиби “хилофат” пешбинӣ шудааст. Умуман, таъсиси “хилофат” ва маҷбуран ба он тобеъ кардани давлатҳои мустақили мусулмоннишин мақсади асосии оинномавии ҳизби ифротӣ ба ҳисоб меравад.
Созмони даҳшатангез ва ифротгаройи “Давлати исломӣ” харитаи сиёсии хилофати исломии худро тартиб дода, онро дар расонаҳо ҳамаҷониба паҳн ва таблиғ мекунад. Гурўҳи ифротии мазкур дар баъзе минтақаҳои Ироқ ва Сурия даҳшатноктарин амалҳои зиддифарҳангӣ ва зиддитамаддуниро ба намоиш гузошт. Онҳо баробари ишғоли шаҳрҳо, чун қабилаҳои ваҳшӣ вориди осорхонаҳо гашта, ёдгориҳои ҳунариву фарҳангии бостониро бо табару зоғнўлу арраҳои барқӣ шикастанд ва китобҳо, дастхатҳо, мусаввараву нигораҳоро пора карданд. Ваҳшиён шаҳри бостонии Палмири Сурияро, ки таърихии чандҳазорсоларо доросту аз даврони Ошуриён ҳифз мешуд, бо тамоми воситаҳо хароб карданд, бинову манораҳову ёдгориҳоро таркониданд.
Ҷанг бо ҳунару фарҳанг, бо мактабу маориф , душманӣ бо илму огоҳӣ, нафрат ба таъриху тамаддун ва зиддият бо рушду ободӣ як ҷузъи тафаккури ин гурўҳҳои ифротгароӣ, террористиву экстремистӣ мебошад. Онҳо таълимоти исломиро аз фарҳанг ҷудо карда, онро аз арзишҳои олитарине чун илм, огоҳӣ, раҳм, шавқат, ҳамзистӣ, таҳаммулпазирӣ, некӣ, зебоӣ, созандагӣ ва ғайра холӣ нигоҳ доштан мехоҳанд. Фаҳмиши онҳо аз ислом, дур аз фарҳанг ва арзишҳои тамаддунофарин аст. Онҳо як “ислом”-и холӣ, танг, хашин ва торики худро сохтаанд, ки ҳеҷ умумияте бо таълимоти асили исломӣ надорад.
Аз оғози таъсиси ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ ошкор шуда буд, ки маҳалбозиву гурӯҳбозии саркардагони ин ҳизб ба ҷуз тафриқаандозӣ, талоши мансабу мақом ва ноил гардидан ба ҳадафҳои нопоки худ чизи дигаре нест. Дар талоши ба даст овардани манбаъҳои пул, силоҳу муҳимоти ҷангӣ ва ба мақсадҳои ғарази худ расидан намояндагони наҳзат ба тамоми ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ муроҷиат намуда, онҳоро барои кӯмаки хеш хонда буданд.
Ҷиноятҳое, ки аз ҷониби роҳбарону аъзоён ва фаъолони ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ содир гардиданд , ҳам ба номи дин ва ҳам ба номи миллат доғ оварданд. Ин наҳзатиёни маккор бо истифода аз номи ислом ҳизбдорӣ намуда, ба боварии мардуми сода даромадаанд. Масалан, баъди дар рӯйхати “шахсони алоқаманд ба терроризм“ тағйирот ворид кардани Бонки миллии Тоҷикистон, ин гурўҳи ифротӣ даст ба паҳн намудани маълумоти ботил зада, дар сомонаи худ хабарҳои иғвоангезона паҳн кард. Намояндагони ин ташкилоти экстремистӣ –террористӣ дар хориҷа бо дастгирии хоҷагони хориҷии худ баҳри ноором сохтани фазои сиёсии кишвар бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ҳама гуна хабару маълумоти беасосу иғвоангезонаро паҳн намуда, мехоҳанд бо ин роҳ байни мардум нобоварӣ ва бадбиниро нисбати ҳукумати кишвар пайдо кунанд. Имрўз шаҳрвандоне, ки ба сафи равия, ҳизбу ҳаракатҳои ифротии динӣ, ташкилотҳои экстремистӣ- террористӣ ҳамроҳ мешаванд, илова бар ҷинояткор будан, хоинони ватан ва миллат маҳсуб меёбанд.
Ҳар як инсони бофарҳанг ва огоҳу озод бояд шахсан дар мубориза бо ин офати азим саҳм бигирад ва ба ин муборизаи тамаддун алайҳи ҷаҳл ҳамроҳ шавад.
Ҳомидова М.Ш. – устоди ДДҲБСТ