Дар оини вафо саг беҳтар аз Кабирӣ
Саг маъмулан дар вафодорӣ назар ба дигар ҳайвонот беҳтар буда, мунтазам ба соҳибаш содиқ мемонад. Аз рӯи маълумотҳо дар вафодорӣ ягон ҳайвон ба саг баробар шуда наметавонад. Ҳамзамон ин ҳайвони вафодор дар сархати аввали вафодортарин ҳайвонот ҷой дорад. Ин аст, ки байни мардум гуфтори маъмуле дар ин маврид ҷой дорад, ки: «аз одами бераҳм саги вафодор авлотар аст».
Бузургони илму адаб оид ба вафодории ин ё ҳайвонот ривояту ашъори гуногуне эҷод намудаанд, ки барои раҳнамоии насли оянда мусоидат намуда истодааст. Дар ин маврид оид ба яке аз саги вафодор бо номи Хатико ҳикояте ҳаст, ки: «Хатико 10 ноябри соли 1923 дар мавзеи Акитаи Ҷопон ба дунё омадааст. Хоҷагидор сагбачаро ба профессор Хидэсабуро Уэно, ки дар донишгоҳи Токиё фаъолият мебурд туҳфа намуд. Соҳиби нави саг ба ӯ лақаби Хатикоро дод, ки дар забони ҷопонӣ маънии дилбастагӣ ва тобеиятро ифода менамуд. Ҳангоме Хатико калон шуд, дар ҳама ҷо соҳибашро ҳамроҳӣ мекард. Ҳар саҳар замони ба кор рафтанаш Хатико ӯро то истгоҳи Сибуя гусел менамуд. Сипас соати 3-и рӯз дубора ба он ҷо меомад, то соҳибашро пешвоз бигирад. Аммо 21 майи соли 1925 дар донишгоҳ профессор ногаҳон ба сактаи дил мубтало гардид. Табибон дар илоҷи дардаш оҷиз афтоданду профессор дунёро падруд гуфт. Замони аз дунё рафтани хӯҷаинаш Хатико танҳо 18 моҳ дошт. Аз он рӯзи фоҷиабор Хатико натавонист дигар соҳибашро пешвоз бигирад. Аммо саг ҳар рӯз ба истгоҳ омада сабурона то бевақтии шаб раҳи профессорро мепоид. Шабро ӯ дар айвончаи дари даромади манзили истиқоматии профессор рӯз мекард. Кӯшишҳои дар хонаи пайвандону рафиқони профессор ҷой додани ин ҷонвари безабон бенатиҷа анҷом меёфт. Хатико ҳамеша ба истгоҳ бармегашт. Тоҷирони маҳаллӣ ва хизматчиёни роҳи оҳан аз вафодории саг ба ваҷд омада, ба ӯ хӯрок медоданд. Ин саги аҷиб дар тамоми Ҷопон пас аз нашри мақолаи «Саги пири вафодоре, ки пас аз ҳафт соли марги соҳибаш ҳамоно чашмаш ба раҳи ӯ чор аст» дар яке аз рӯзномаҳои Токио машҳур гашт. Ин саргузашт ҷопониҳоро мафтун карда, ҳамарӯза ба истгоҳи Сибуя барои дидани саг даҳҳо нафар ҷамъ меомаданд.
Хатико давоми 9 сол, яъне то рӯзи маргаш 8 марти соли 1935 ба истгоҳи роҳи оҳан меомад. Ҷасади Хатикоро дар яке аз кӯчаҳои воқеъ дар наздикии истгоҳ дарёфт карданд. Ташхиси тиббӣ бар асари маризии саратон мурдани саги вафодорро собит намуд. Баъд аз марги Хатико дар мамлакат рӯзи мотам эълон карда шуд.
Феълан муҷассамаи Хатико истгоҳи Сибуяи Ҷопонро чун тимсоли вафодорию садоқат ва меҳру муҳаббат зеб медиҳад».
Дар мавриди вафодории саг сухани бузургмардеро вобаста ба вазъи Кабирии беномус зикр менамоем, ки:
Кабирӣ аз дӯстӣ берун ниҳад пай,
Дар оини вафо саг беҳтар аз вай.
Муҳиддин Кабирии беномус низ аз табори он инсонҳоест, ки заррае дар вуҷудаш вафову раҳм надошта номи дини мубини исломро мехоҳад бадном созад. Ин нохалафи беору номус дар вафодорӣ ҳатто аз саг бадтар буда, кирдору рафтораш бад кардани номи мубораки Тоҷикистони азиз мебошад. Танҳо дар назди хоҷагони хориҷӣ пинҳон шудану бо супориши онҳо амал карданро рисолати хеш дониста, ҷавононро бо роҳи бад бурдан мехоҳад.
Мудом дар забонаш ҳарфи шавқату вафо буда, аммо вуҷуди нопокаш заррае раҳму вафо надорад. Инро мо мардуми кишвар ҳанӯз дар замони вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ будани Кабирӣ дарк карда будем, зеро он замон бо баҳонаи гуногун дар ҷанозаи модараш иштирок накард. Баъдан дар ҷанозаи падараш иштирок накард. Ин омил аз он дарак медиҳад, ки Кабирӣ ба модари худаш ва падараш вафо накард ва аз ӯ умеди вафо кардан нашояд.
Моро зарур аст, ки дигар ба суханони бешарафи Кабирӣ ва пайравону ҳамсафонаш гӯш надиҳем.
Ф. Воҳидов