Дар забон номи худо, вале…
Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ бо ин ё он тарз фаъолияти мафкуравию амалӣ зоҳир намуда, аксар вақт нодурустию арзиш надоштани ақидаҳои онро таъриху фарҳанги башарият тасдиқ намудааст. Дини мубини ислом инсониятро ба таҳаммул, тараҳҳум ва тавозуъ ҳидоят сохта, ҳар гуна зӯроварӣ ва кушторро маҳкум месозад. Мутаассифона, ТЭТ ҲНИ терроризм ва ифротгароиро ба ислом пайванд додани дорад. Терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест. Барои он ки дини мубини ислом минбаъд ҳамчун манбаи зӯроварию фишор қаламдод карда нашавад, бояд маърифат ба ҷаҳолат муқобил гузошта шавад. То замоне ки Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ чи дар мамолики аврупоӣ ва чи кишварҳои исломӣ пурра решакан нагардад, хатари терроризм ва ифротгароии байналхалқӣ боқӣ мемонад.
Ҳамагон медонанд, ки Ҳизби наҳзати исломӣ аз рӯзи пайдоиш то имрӯз ба мардуми Тоҷикистон ҳеҷ фоидае нарасондааст, магар ин ки рӯзи сиёҳ. Роҳбарият ва намояндагони он ҳамеша лоф мезананд, ки мақсаду маромашон озодӣ ва демократия овардан аст. Аммо ҳеҷ намефаҳмем, ки ин «ҷанобон» кадом озодию демократияро дар назар дошта бошанд. Шояд озодию демократияи «инсонкӯш», ки имрӯз бар сари мардуми Сурияю Ироқ ва Украинаву Яман хориҷиён таҳмил кардаанд? Ё ин ки озодӣ барои худ. Яъне озодона амалӣ намудани мақсаду ҳадафҳои худ ва хоҷагонашон. Ҳамаи ин омилҳо ва амалу ҳаракатҳои намояндагони Ҳизби наҳзати исломӣ гувоҳи он аст, ки дар калом дигар мегӯянду аҳдофашон дигар. Вале инро бояд қайд кард, ки мардуми Тоҷикистон дар ватани худ озодона зиндагӣ мекунанд ва хуб мефаҳманд, ки меъёрҳои демократия низ дар кишвар эҳтиром ва риоя мегарданд. Бо пешрафти илму технологияи муосир мардум хуб огаҳанд, ки ин арзишҳо яъне «озодӣ» ва «демократия» феълан ҳамчун васила барои амалисозии нақшаҳои гурӯҳҳо ба мисоли Ҳизби наҳзати исломӣ истифода мегарданд.
Ба қавли намояндагони ин ҳизб фаъолияти беш аз 40- солаи онҳо танҳо барои озодӣ будааст. Бояд гуфт, ки аз аввали фаъолият мақсаду ҳадафи Ҳизби наҳзати исломӣ, исломкунонии ҷомеа ва бунёди давлати исломӣ аст. Кӯшишҳои исломикунонии ҷомеа ва сохтани давлати исломӣ дар ҳамсоякишвари мо Ҷумҳурии исломии Афғонистон аз он дарак медиҳад, ки ин фикр куллан ғалат буда ба нооромшавии ҷомеа ва пайдоиши гурӯҳҳои ифротию террористӣ оварда мерасонад.
Ҳизби наҳзати исломӣ барои амалӣ намудани мақсаду ҳадафҳои худ ва хоҷагонашон дар солҳои аввали истиқлолият аз ноогоҳии сиёсӣ ва заифии ҳукумат истифода бурда кӯшиш намуданд, ки давлати исломӣ созанд. Мо хуб медонем, ки ин амали беандеша ва ғалати намояндагони онвақтаи Ҳизби наҳзати исломӣ ба чӣ рӯзҳои сахту мудҳиш оварда расонд. Вале зарару қурбониҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба намояндагони Ҳизби наҳзати исломӣ дарси ибрат нагаштааст. Гарчанде, ки роҳбари собиқи ҳизб марҳум Саид Абдулоҳи Нурӣ бо Президенти кишвар қарордоди сулҳро имзо карда бошад ҳам вале як лаҳза аъзоёну тарафдорони ҳизб андешаи дубора зидди ҳукумат бархестанро аз хаёлашон дур накардаанд. Теъдоди кӯчаки тарафдорону аъзоёни Ҳизби наҳзати исломӣ бо собиқ раиси он Муҳиддин Кабирӣ имрӯз дар Аврупо паноҳ бурда қасд доранд, ки дар фурсати муносиб алайҳи ҳукумат бархезанд.
Ҳамагон медонанд, ки фазои орому осудаи кишвари моро аз рӯзи ба даст овардани истиқлолият, Ҳизби наҳзати исломӣ ҳамеша кӯшиши вайрон сохтанро дорад. Ин ҳам барои соҳиб шудани ҳокимият.
Дар ҷомеаи мутамаддин ҳизбҳо ва шахсиятҳо барои ноил шудан ба мақоми олӣ тариқи интихобот ва аз роҳи демократӣ, бо барномаю лоиҳаҳое, ки дар худ танҳо рушду равнақи давлат ва зиндагии шоиста муҳаё намудан ба шаҳрвандон ва садҳо нақшаҳои таҳкиму рушддиҳандаи соҳаҳои гуногун дар мамлакат равона гаштаанд, номзадии худро дар интихобот мегузоранд. Самимият ва садоқату вафодорӣ ба ватану миллат дар ҷомеаи имрӯза ягона воситаест, ки метавонад мақсадҳои номзадҳоро чӣ ба мақоми олӣ бошад, ё соҳиб шудани курсӣ дар Парлумони кишвар, амалӣ созад. Аммо ин арзишҳо танҳо дар шахсоне дида мешавад, ки дар ҳақиқат дар фикри якпорчагии марзу буми ватананду танҳо орзӯи хушбахтию сарбаландии миллати хешро мехоҳанд.
Болтуева М.Ё. – сармуаллимаи кафедраи
ҳуқуқи гражданӣ ва меҳнатии ДДҲБСТ