Хурофот омили бадбахтист
Баъди мутолиаи мақолаҳои иғвоангези сомонаи ифротии “Востокнюз” аз ҷониби наҳзатиҳо, ки хоинони миллати тоҷик ҳастанд ва онҳо бо пуштибониву маблағгузории хоҷагони хориҷии худ мардуми моро ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор карданд, кадом сомона, бо кадом забоне, ки пахш нагардад, зидди мардуми Тоҷикистон мебошанд.
Зеро наҳзатиҳо имрўзҳо сулҳу субот, оромии кишварамон, ваҳдати миллӣ ва пешравиҳое, ки ВАТАНИ азизи мо Тоҷикистони соҳибистиқлол ноил (ҳам дар дохили кишвар ва дар арсаи байналмиллалӣ) гаштааст, воқеан дидан наметавонанд ва эътироф кардан намехоҳанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба ифтихори Рӯзи дониш аз ҷумла қайд намуданд, ки такроран хотирнишон месозам, ки барои чунин хоинон мафҳумҳои муқаддаси Ватан, модар, миллат, таърих, забон ва фарҳанги миллӣ ягон арзиш надорад. Дигар ин, ки мардуми мо таърихи бостониву пурифтихор, фарҳанги қадима, забони ширину шоирона, расму ойинҳои ҳазорсола ва мазҳаби худро доранд, ба онҳо арҷ мегузоранд ва онҳоро дӯст медоранд.
Даҳсолаҳои охир баъзе доираҳои манфиатҷӯй исломро ҳамчун омили муборизаи сиёсӣ истифода карда, боиси бадномии дини ислом ва мардуми мусулмон шуда истодаанд. Мо чунин кӯшишҳои сиёсисозии дини мубини исломро ҳамеша маҳкум мекунем ва бар зидди хурофот ва таассуби динӣ мубориза мебарем. Чунки хурофот садди роҳи пешрафт мебошад ва мо оқибатҳои ин раванди хатарнокро дар мисоли баъзе кишварҳои минтақа дида истодаем. Гузашта аз ин, хурофот-ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат, ки бесаводиву бемаърифатӣ асоси он мебошад, сабаби ҳамаи бадбахтиҳо ба ҳисоб меравад. Маҳз бо дастгирии мардуми сулҳдӯсту таҳаммулгароямон мо дар кишвар сулҳу оромӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдати миллиро таъмин кардем ва боз ҳам бо заҳмати аҳлонаи мардуми шарифи Тоҷикистон хисороти ҷанги шаҳрвандиро бартараф карда, барои расидан ба марҳалаи рушди бомароми иқтисодиву иҷтимоӣ роҳ кушодем.
Мутобиқи моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.
Тибқи муқаррароти қисмҳои 4 ва 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо зӯрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст.
Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар бар хилофи оинномаи худ амал намудан ва ба сохтори конситутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён овардани хатар ва таҷовузҳои ҷинояткорона 30 сентябри соли 2015 фаъолияти Ҳизби Наҳзати Исломро ва моҳи августи соли ҷорӣ Паймони милии Тоҷикистонро мамнуъ намуд ва онро ҳамчун ташкилоти террористӣ-эстремистӣ (ТТЭ) эълон кард. Бинобар ин Сомонаи зиддимиллии «Востокнюс» низ ҳамчун яке аз сарчашмаҳои бадбинии динӣ, мазҳабӣ, иҷтимоӣ арзёбӣ мегардад, зеро он мавқеи Ҳизби мамнўъи наҳзати исломиро инъикос менамояд.
Пўлотов К.И. – сармуаллими кафедраи
ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика
ва пешгирии коррупсияи ДДҲБСТ