Ҳар кӣ бо душмании халқ равон аст чу баҳр…
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи Конститутсияи аз тарафи халқ эътирофгардидаи худ соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Дар моддаи 26-уми он чунин омадааст: «Ҳар кас ҳуқуқ дорад муносибати худро ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд».
Халқи қадима ва шарафманди тоҷик ҳанӯз асри VII дини мубини исломро қабул намуда, минбаъд ба олами ислом олимон-алломаҳои намоёнро, ба монанди Абӯ Ҳанифа, Ал-Тирмизӣ, Ал-Бухорӣ, Салмони Форс ва дигаронро эҳдо намудааст.
Паёмбари ислом Муҳаммад (с.а.в.) аз рӯи ривоятҳо ва нигоришҳои таърихию динӣ инкишофи минбаъдаи илми исломро аз Аҷам умедвор гаштаанд. Дар ҳар давру замон ба дини мубини ислом дар қаламрави Тоҷикистон эҳтироми хоса зоҳир мегардид.
Дар 70 соли замони давлати абарқудрати шӯравӣ, новобаста аз зиёдаравии баъзе мансабдорони маҳаллӣ, ба дини мубини ислом дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳар хонадони тоҷикистонӣ эҳтироми хоса пос дошта мешуд.
Пас аз соҳибистиқлолият гаштани кишвар эҳтироми он садчанд афзуд, лекин аввали солҳои истиқлолият дар фазои идеологии кишвар, ки як муддат холигӣ ба вуҷуд омад, душманони миллату давлат ин ҳолатро барои расидан ба мақсадҳои нопоки худ, ки ғасби ҳокимият буд истифода бурданӣ шуда, дини мубини исломро ба худ ниқоб гардониданӣ шуданд ва ба номаъқулиҳои зиёд даст заданд. Лекин тири ин нохалафон хок хӯрда, ба мақсадҳои нопоки худ нарасиданд ва дар назди хоҷагону маблағгузорони берунаи худ забонкӯтоҳу дар назди халқу ватан шарманда шуданд, чунки ақли солим ғолиб омад на фикри ботил.
Акнун, ин ботилфикрон ба шикасти худ қоил нагашта, мехоҳанд интиқом гиранд, лекин ҳар як шаҳрванди кишвар хуб дарк мекунад, ки касе ба озодии виҷдони ӯ дар Тоҷикистон кордор нест ва иғвою ангезаҳои баъзе нохалафон ба монанди ким – кадом Саидюнуси Истаравшанӣ, монанди дудест, ки зуд парокандашавиаш яқин аст.
Дар кишвар ҳар як шахс ва ҳар як оила озодона тӯйҳои суннатӣ, маросимҳои таъзиявӣ ва динии худро доир менамоянд. Дари ҳазорҳо масҷиду мадраса, мағозаҳои адабиёти динӣ ба рӯи аҳли тақво кушода аст. Идҳои динӣ, ба монанди Иди Рамазон ва Иди Қурбон аз рӯи қонунгузорӣ рӯзҳои истироҳат аст.
Ҳар сол ҳазорон зоирон ба ҳаҷҷи умра ва фарзӣ сафари озодона доранд. Дар Тоҷикистон пайравони мазҳабҳои гуногуни дини ислом ва дигар динҳо китф ба китф меҳнат намуда, зиндагии оромонаи худро мегузаронанд. Тафовут дар пайравии дину мазҳаб дар ягон масъала гузошта намешавад. Албатта, оромии кишвар, рушду пешрафти он, дастовардҳояш ба чашми бахилону ҳасудхӯрони миллату Ватан хор мехалад ва намефорад ва онҳо аз зери нохун чирк мекобанд. Онҳо бандагони ношукр, аламзада, шумнафас, ҳарис ва бедорхобанд ва ин аст бадбахтии онҳо. Лекин фаромӯш набояд кард:
Ҳар кӣ бо душмании халқ равон аст чу баҳр,
Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хурад.
Кормандони раёсати таълим Тоҷзод Далер Ҳамропур,
Умматов И.А., Нурбоев Н.М., Шоҳниёзова М.М, Холматова Р.И.