Таҳлилҳои бардуруғи Кӯри Юнус оиди вазъи дини ислом дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сенарияи ҷадиди роҳбарияти  наҳзат, ки имрўз ба номи исломҳаросӣ гўё дар Тоҷикистон мавриди амал уфтода бошад, ки мухолифин мехоҳад аз он натиҷае дарёфт намояд.

Ба андешаи наҳзатиён гўё дар Тоҷикистон исломҳаросӣ рўи кор омада бошад. Онҳо мехоҳанд, ки бори дигар мардумро гумроҳ намуда, бо ҳар баҳонаву бўҳтон обрўву эътибори ҳукумати қонуниро паст намоянду халро ба майдоннишинӣ  кашанд. Имрўз дар Тоҷикистон нисбат ба дигар кишварҳои ҷаҳонӣ  обрўву эътибори дини ислом баланд буда, мардуми шарифи кишвар бе ягон мамониат ва тарсу ҳарос дар тамоми масҷидҳо адои намоз менамоянд. Дар раванди намозгузорӣ ба мардуми диндор  ҳеҷ як маҳдудият ба назар намерасад. Мардум озодона бо хоҳиши худ рукнҳои исломро ва пайрави диар дин бошанд ҳам  баҷо меоранд. Он имомхатибҳое, ки саводи кофӣ доранд, аз дини мубини ислом ба пуррагӣ бохабар ҳастанд дар тамоми минтақаҳои кишварамон фаъолияти динии худро озодона бурда  истодаанд. Гуфтан ҷоиз аст, ки ҳеҷ як рўҳонӣ ё намояндаи ягон масоҷид дар кишвар дарборӣ нестанд ва минбарҳои масоҷид дар ихтиёри афроди бесавод қарор надоранд, балки онҳо шахсони босаводе ҳастанд, ки донишгоҳҳои исломиро пеш аз ҳама Донишгоҳи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзамро хатм намудаанд ва талқиндиҳандаи дини мубини ислом дар Тоҷикистон мебошанд.

Шахсоне, ки берун аз марзи кишвар арзи ҳастӣ доранд, ба мисоли Кабириву се-чор думравони ӯ (Кури Юнус, Илҳоми мошенник ва Алими хоин) гўё чунин мепиндоранд, ки масҷиду мадраса  дар Тоҷикистон ба тафреҳгоҳу варзишгоҳ табдил шуда бошад, вале дар асл чунин набуда, ин гуфтаҳои беасос хатои маҳз аз ҷониби онҳост. Бо ибтикор ва дастгирии роҳбарияти олии кишвар, ки худ аз дини мубини ислом ба пуррагӣ бохабар ҳастанду шахси худогоҳу меҳанпараст мебошанд ба наздикӣ дар пойтахти кишвар, шаҳри Душанбе масҷиди чомеъ, ки мислаш дар кишварҳои Осиёи Марказӣ нест, зиёда аз 30 гектар ҳудудро фаро мегирад, сохта мавриди истифода қарор дода шудааст.

Магар ин ҷонфидоӣ дар ҳаққи дини мубини ислом нест? Баъди ин гуфтаҳо мухолифинро, ки бо гуноҳҳои нобахшиданиашон берун аз марзи кишвар бо бўҳтону ҳарзаҳои худ давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва миллати кўҳанбунёди тоҷикро доғдор карданӣ ҳастанд, аввал омада бо чашмони худ бубинанд, ки ислом чисту исломҳаросӣ дар куҷост. Дар баъзе аз навиштаҷот аз тарафи ба ном таҳлилгар Кӯри Юнус  гўё дарҳои масоҷид барои муллоён ва рўҳониёни шинохта  баста бошад ва онҳо дар зери таҳдид қарор дошта бошанд дуруғи маҳз аст. Имрӯз руҳониёни барҷаста ба мисоли Домулло Ҳикматуллои Тоҷикободӣ, Эшони Сайидмукаррам Абдуқодирзода, Ҳоҷӣ Ҳусайн Мусозода, Домулло Ибодулло  Калонзода ва амсоли онҳо дар минбари паёмбар мардумро ба роҳи рост ҳидоят мекунанд ва амри маъруфу наҳйи мункар мехонанд. Як нукта худ гувоҳи исломдустдории давлату миллати мост, ки шумораи масҷидҳо дар Тоҷикистон зиёда аз чор ҳазор буда, макотибҳои миёнаи таълимӣ бошад аз шумораи масҷидҳо камтар мебошанд. Оё ин аломати исломҳаросист? Саволест, ки худи муаллифи мақолаи ифротӣ файласуфи худхонда Кури Юнус бояд ҷавоб гуяд!

Мирзоев А.Н. – сармуаллими кафедраи

хадамоти гумруки ДДҲБСТ

You might also like