Тақвияти ҳамкориҳои ДДҲБСТ бо муассисаҳои олии Федератсияи Россия
01 майи соли 2025 ба Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон роҳбари илмии Донишкадаи ҷумҳуриявии илмии моликияти зеҳнии Федератсияи Россия, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Лопатин Владимир Николаевич ва намояндагони Маркази миллии патенту иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо сарварии муовини директор Раҷабзода Парвиз Абдураҳим ташриф оварданд.
Ҳадафи ташриф – муаррифӣ намудани имкониятҳои донишкадаи ҷумҳуриявии илмии моликияти зеҳнии Федератсияи Россия дар ҳамкорӣ бо Маркази миллии патенту иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба нақша гирифтани ҳамкориҳои минбаъда дар самти зеҳни сунъӣ, моликияти зеҳнӣ ва паркҳои технологӣ мебошад.
Меҳмононро муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Ризозода Т.Р. пазируфта, оид ба рушди ҳамкориҳои Донишгоҳ бо муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки бо масъалаҳои мубрами рӯз – зеҳни сунъӣ фаъолият дорад, дар арсаи байналмилалӣ ва дохилии ҷумҳур ҳамкорӣ бурда истодааст, ибрози назар намуд.
Бояд қайд намуд, ки масъалаи рушди зеҳни сунъӣ дар Паёми Пешвои муаззами миллат махсус таъкид гардида, ба сифати яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати илмӣ ва таълимии кишвар зикр шудааст. Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, ки яке аз муассисаҳои пешсафи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати татбиқи самти мазкур амалисозии тадбирҳои мушаххасро ба роҳ мондааст.
Аз ҷумла, дар сохтори Донишгоҳ ташкили воҳидҳои марбут ба омӯзиш ва таҳқиқоти зеҳни сунъӣ, таҳияи барномаҳои таълимии мувофиқ бо талаботи замони муосир, ҷалби мутахассисони соҳавӣ ва густариши ҳамкориҳои илмӣ-амалӣ бо муассисаҳои бонуфузи байналмилалӣ ба нақша гирифта шудаанд. Ин тадбирҳо барои баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирии Донишгоҳ ва таъмини рушди устувори захираҳои инсонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамоянд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа