ИСТИҚЛОЛИЯТ – РАМЗИ СОҲИБДАВЛАТӢ ВА ВАТАНДОРӢ

Ба ифтихори 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон маҳфили тарбиявӣ таҳти унвони «Истиқлолият – рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллат» баргузор гардид. Дар он аъзои фаъоли маҳфили “Пайравони Пешвои миллат”, устодон ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Маҳфилро муовини ректор оид ба корҳои тарбия, дотсент Норматова Шаҳноза ифтитоҳ намуда, оид ба нақши таърихии Истиқлолият, саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу ваҳдат ва рушди давлатдории миллӣ суханронӣ намуд.
Дар идома, як зумра аъзои маҳфили “Пайравони Пешвои миллат” – Мирзобоев Амирҷон, Солиева Азиза, Азизов Саидабдуллоҳ, Болтазода Қурбонсаид дар мавзуъҳои гуногун, вобаста ба дастовард ва нақши ҷавонон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ маъруза намуданд.
Инчунин, иштирокчиён бо ифтихор аз дастовардҳои даврони Истиқлол аз масъулияти ҷавонон дар пешбурди ҷомеа, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи роҳбари давлат ёдовар шуданд.
Ҳамзамон, мудири шуъбаи корҳои тарбиявии донишгоҳ Ҳасанов Маъруфҷон оид ба шароитҳои хуби таҳсил дар даврони соҳибистиқлолӣ ибрози назар намуда, таъкид кард, ки имрӯз донишҷӯён дар синфхонаҳои барҳаво, бо таҷҳизоти муосири таълимӣ таҳсил мекунанд ва аз китобхонаҳои электронӣ, лабораторияҳои фаннӣ ва устодони соҳибтаҷриба бархурдор мебошанд. Ин ҳама шароитҳо заминаи мусоид барои рушди дониш ва малакаи касбӣ буда, ҷавобгӯи талаботи замони муосир аст. Бояд ҷавонон аз ин шароитҳои мусоид самаранок истифода намоянд ва берун аз дарсҳои таълимӣ дар маҳфилҳои гуногуни донишгоҳ низ ширкати фаъолона дошта бошанд.
Дар интиҳои чорабинӣ муовини ректор оид ба корҳои тарбия,  дотсент Шаҳноза Норматова ҷавононро ба омӯзиши пайваста, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди ҷомеа даъват кард. Вай афзуд, бояд донишҷӯён бо хониши хубу аъло донишгоҳро хатм намуда, ҳамчун мутахассисони соҳибмаълумот, ватандӯст ва масъулиятшинос дар рушди давлату миллат саҳми шоистаи худро гузоранд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like