Иштироки фаъолонаи аҳли донишгоҳ дар ҳашари шанбегӣ
Ба муносибати ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон шанбегии донишгоҳӣ доир гардид. Дар доираи ин чорабинӣ кормандон ва донишҷӯён бо ҳавасмандии баланд ба ҷамъоварии партовҳо ва корҳои тозаву озоданамоӣ машғул шуданд.
Ҳудуди таълимгоҳ, роҳравҳо ва атрофи биноҳои донишгоҳ аз ҳар гуна партовҳо поку тоза карда шуда, муҳити солим ва озоди кору таҳсил таъмин гардид. Ин шанбегӣ на танҳо ҳамчун як иқдоми иҷтимоӣ барои ободонии муҳити таълимӣ, балки ҳамчун изҳори эҳтиром ва ифтихор аз Истиқлоли давлатӣ низ арзёбӣ шуд.
Шанбегӣ бо иштироки фаъолонаи донишҷӯён ва кормандони донишгоҳ баргузор гардида, барои тақвияти ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносии ҷавонон нисбат ба муҳити зист мусоидат намуд.
Донишгоҳ дар оянда низ чунин чорабиниҳои муҳими ҷамъиятиро ба хотири пешбурди тарзи ҳаёти солим ва ободонии муҳити таълимӣ идома хоҳад дод.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа