НОМАИ ТАБРИКОТИИ ректор, н.и.ҳ., дотсент Мӯминзода Шероз Абдуҷаббор ба муносибати Рўзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Устодони арҷманд ва шогирдони азиз!
Бо арзи эҳтиром ва самимияти афзун кулли кормандон, омӯзгорону донишҷӯёнро ба муносибати солгарди навбатии ҷашни муқаддаси миллиамон – Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод менамоям.
Соҳибистиқлолӣ рамзи саодату ҳувият, шарти бақои давлату миллат, нишонаи ифтихор ва номус буда, таҳти сиёсати ояндасози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати фарҳангсолори тоҷик тақдири худро ба даст гирифта, роҳи пешрафти минбаъда ва сарнавишти ояндаи сарзамини биҳиштосои хешро мустақилона интихоб намуд.
Воқеан, соҳибистиқлоливу озодӣ марҳалаи навини давлатдории миллӣ, давраи амалишавии нақшаҳои азими созандагӣ, ҳадафҳои стратегӣ, омили иттиҳоду сарҷамъӣ, нишонаи возеҳи ҳастии миллат, дар маҷмуъ заминаи бунёди давлати нерӯманду устувор ва зиндагии шоиста маҳсуб ёфта, дар дили ҳар як фарзанди бонангу номуси Тоҷикистон оташи меҳр, ҳамдиливу ҳамфикриро фурӯзон нигоҳ дошт ва умеду эътимодро ба фардои дурахшони Ватан афзун намуд.
Имрўз низ дар фазои соҳибистиқлолӣ Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар радифи муассисаҳои пешрафтаи олии касбии мамлакат саҳми намоён дорад.
Ҳамаи дастовардҳои дирўзу имрўзи донишгоҳ аз шарофати истиқлолияту озодӣ, сулҳу субот ба даст омада, саҳми Шумо – устодон ва донишҷўёни азиз беназир аст. Аз дастовардҳои Истиқлолият ёдовар шудан ба он хотир аст, ки имрӯзҳо бояд тамоми мардуми кишвар, махсусан наслҳои ҷавони имрӯзу ояндасози мо аз он ифтихор намоянд.
Дар ин айёми фараҳафзои ҷашни сарнавиштсози Истиқлоли давлатӣ ба Шумо рӯзгори босаодат, камолоти эҷодию маънавӣ, дар корҳои пурмасъулияту созандаатон муваффақияту комёбиҳои беназир ва ба Тоҷикистони маҳбубамон пешрафту шукуфоии абадӣ таманно менамоям.
Итминони комил дорам, ки дар фазои сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ, созандагиву бунёдкорӣ бо дили гарму дасти нарм ва кору пайкори нек боз ҳам заҳмат кашида, ҳиссаи муносиби хешро ҷиҳати пешвози сазовор ва таҷлили бошукуҳи ҷашни саодати миллату давлат – 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузорем.
Рўзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!