ДДҲБСТ: Дастовардҳои Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар рушди ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар

Имрӯз, 5 сентябри соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бахшида ба таҷлили 34 -солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмии бошукӯҳ таҳти унвони «Дастовардҳои Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар рушди ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар» баргузор гардид.
Конференсия бо сухани ифтитоҳии ректори донишгоҳ Шероз Мӯминзода оғоз ёфт. Номбурда зимни баромади худ иброз дошт, ки Истиқлол ҳамчун ормони ҳазорсолаи миллати тоҷик, бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба дастовардҳои муҳим дар ҳамаи самтҳои ҳаёти кишвар замина гузошт. Ҳамзамон, зикр шуд, ки баргузории чунин чорабиниҳо дар донишгоҳ ҷиҳати арҷгузорӣ ба арзишҳои Истиқлол ва тақвияти ҳисси ватандӯстии донишҷӯён мусоидат менамояд.
Сипас, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Рустамзода С. баромад намуда, ҳозиринро ба ифтихори Рӯзи Истиқлоли давлатӣ самимона табрик гуфт ва паёми табрикотии Раиси вилояти Суғдро ироа намуд.
Дар ҷараёни конференсия ҳамчунин, устодони варзидаи донишгоҳ аз ҷумла, д.и.ҳ., дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ Санавваров Ғ.Б. дар мавзуи «Заминаҳои ҳуқуқии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», д.и.и., дотсент, мудири шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ Абдуқодирӣ Х.А. дар мавзуи «Рушди иқтисодиёти Тоҷикистон дар давраи Истиқлол», ва н.и.т., дотсент, мудири кафедраи таърих ва диншиносӣ Ҳомидова М.М. дар мавзуи «Истиқлоли давлатӣ – сарнавишти миллати тоҷик дар замони муосир» маърузаҳои илмии пурмуҳтаво намуданд.
Дар қисмати ҷамъбастии конференсия, ректори донишгоҳ Мӯминзода Шероз ба як қатор устодон дипломҳои унвони илмӣ ва дараҷаи илмӣ супорид.
Баргузории чунин чорабиниҳои сатҳи баланд бозгӯи рушди илм, таҳкими худшиносӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ба ҳисоб меравад.

 

                                                                                               Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

                                                                                              

 

 

You might also like