Ҳуқуқҳои фардии инсон ва шаҳрванд
Пас аз ба даст овардани соҳибистиқолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ҳукумати мамлакат як қатор чорабиниҳое андешида шуда истодааст, ки ҳуқуқ ва озодии инсон ва шаҳрванд поймол ё маҳдуд карда нашавад.
Бо мақсади пешгирии такрорёбии вазъи солҳои 90-уми асри гузашта аз тарафи давлату ҳукумат ва хосатан мақомотҳои қудратӣ як қатор чорабиниҳо баҳри пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, иттиҳодияҳо ва ташкилотҳои ҷиноятӣ, андешида шуда истодааст. Зеро ҷавонон ва мардуми тоҷик аз ниёгон, таърих ва дину давлатдории худ бохабар буда, хатогии бузурги таърихии худро такрор накунанд.
Аз қабили эълон доштани соли 2009-Соли бузургдошти Имоми Аъзам, ташкил намудани Донишгоҳи давлатии исломии Тоҷикистон, бо забони крилики чоп намудани китоби муқаддаси ислом Қуръони маҷид, баргузории конфронсҳои байналмилалӣ, сипозиумҳо ва мизҳои мудаввар бо иштироки намоядагиҳои давлатҳо ва олимони исломӣ (Арабистони Саудӣ, Қатар, Туркия, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон), дар шаҳри Душанбе пойтахти кишвар оғози сохтмони Масҷиди бузург бо ғунҷоиши 150 000 ва ғайра.
Мутолиаи мақола Сайидюнуси Истаравшанӣ таҳти унвони “Исломҳаросие, ки дар Тоҷикистон ба роҳ афтода натиҷа медиҳад?” нишон медиҳад, ки он худ бесаводона ва бинобар надоштани маълумоти мукаммал навишта шудааст.
Дуруст қайд карда шудааст, ки дар ҷомеъаи имрӯза 90-97% аҳолии кишварро нафарони эътиқоди динӣ ба ислом дошта ташкил медиҳад. Ба ҳар фарде. ки мехоҳад бо дини мубини ислом шиносоӣ пайдо намояд аз тарафи давлат шароит фароҳам оварда шудааст.
Чӣ тавре, ки дар мақола муаллиф қайд намудааст масҷидҳо ба боғчаю мактаб ва варзишгоҳ мубаддал гашт, дуруст аст. Зеро дар масҷидҳо шахсони масъул ба ҷойи хондани намозу додани пандҳои тавсиявии тарбиявӣ, ки ба дӯстии инсонҳро оварда мерасонанд, дини Исломро бо сиёсати нохалаф, пайдоиши ихтилофҳо байни хондани намозҳо нисбати намозхонон, пайдоиши ихтилофот байни мазҳабҳо ва ғайра.
Одамон чунин тарбият гирифтанд, ки ба масҷидҳои ҷомеъавӣ, ки падарону бобоҳояшон намозгузори кардаанд нарафта, балки ба масҷидҳои маҳаллаҳо, ки дар он ҷо намояндагони хоҷагони зархарид намоз мегузоштанд мерафтанд. Ба таърихи масҷиди ҷомеъавӣ, ки онро намозхонон тарк намуда ба масҷидҳои маҳалли худ мерафтанд назар афканем дар он нафарони бузург кору фаъолият бурдаанд, ки дар таърих номи неки онҳо боқи мондааст.
Нисбати имоматии намози ҷанозаи яке аз наздикон гуфтаниям, ки хонадани намози ҷанозаи падару модар барои ҳар як фарзанд фарз мебошад. Дар сурати донистани аҳкоми шариат.
Дини мубини Ислом вобаста ба покиву муқаддасии худ ҳазорсолаҳо омада истода дар худ эҳтиёҷ барои муаррифи надорад. Дар ҷомеъаи инсони имрӯзҳо эҳтиёҷ ба ин дида намешавад.
Имомхатибони масҷидҳои ҷомеъавии ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва ҷамоату деҳот бо гузаштани имтиҳоноти тахассусӣ аз тарафи имомхатиби ҷумҳурӣ дар асоси қарори уламои дини мамлакат таъин карда шуда, пас аз адои вазифа аз як ҷой ба ҷойи дигар интиқол дода мешаванд.
Мувофиқи мақсад мебурд, Сайидюнусӣ Истаравшанӣ ва дигар хоинони Ватан дасисабозиҳои хиёнаткоронаи худро дар канор гузошта, ҳамроҳи мардуми азияткашида ва меҳнатдӯсту сулҳпарвари мо дар фазои орому осоишта ва гулгулшукуфоии давлати худ осуда зиндагӣ ба сар мебурданд ва динро ба сиёсати нопоки худ истифода намебурданд.
Сайдуллоев А.А. – сармуаллими кафедраи
ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика
ва пешгирии коррупсияи ДДҲБСТ