Айб дар мусулмонии мост
Солҳои охир масъалаи омехташавии дин бо сиёсат ва сиёсигардии дин ба мавзӯи баррасии муҳаққиқони олам табдил ёфтааст. Махсусан дар асри XX баъди фуропӯшии Империяи Усмонӣ ва таъсис ёфтани давлатҳои мусулмонӣ мавзӯи мазкур боз ҳам ҳассос гардид. Зеро, дар бештари кишварҳои нави мусулмонӣ ҳизбҳои сиёсии динӣ ташкил ёфтанд, ки на ҳамаи мардум аз онҳо пуштибонӣ доштанд.
Хоссатан шеваи фаъолияти он ҳизбҳо ва ба гурӯҳҳо тақсим намудани мардум аз рӯи худӣ ва бегона ваҳдати ҷомеа ва арзишҳои демократиро зери суол бурд.
Дар Тоҷикистон низ дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта мо аз он амалҳое, ки ТЭТ ҲНИ анҷом дод ва охирин ҳодисаи моҳи сентябри соли 2015 дар пойтахти кишвар хуб огаҳӣ дорем.
Ҳар як ҳизбҳои сиёсии динӣ даъвои онро доранд, ки онҳо динро пуштибонӣ намуда, ба чигунагии ҳолати риоя шудани қонунҳои динӣ баҳо медиҳанд. Дар ин робита ҳоло чи тавр бо андешаи Саидюнуси Истравшанӣ, ки гӯё дар Тоҷикистон сиёсати исломҳаросӣ рафта истодааст, розӣ шудан мумкин нест. Дар ҳоле ки дар шаҳри Душанбе яке аз масҷидҳои бузургтарин дар Осиёи Марказӣ бунёд карда шудааст ва он дар арафаи истифода қарор дорад.
Мо хуб медонем, ки дар давраи истиқлолият аз ҷониби Пешвои миллат нисбати эҳёи арзишҳои дини Ислом корҳои назаррас анҷом дода шуданд. Дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифтани 1310-солагии Имоми Аъзам ва ба ин ҷашнвора даъват шудани чеҳраҳои динии сатҳи минтақа ва ҷаҳон мисоли равшани ин гуфтаҳо мебошад. Ҳамчунин ба забони тоҷикӣ тарҷум шудани Қуръони карим ва китобҳои уламову донишмандони соҳаи дин аз назаррастарин корҳое мебошанд, ки барои боло бардоштани маърифати динии мардум анҷом дода шуданд.
Дуруст мегӯянд, ки «Ислом ба зоти худ надорад айбе, ҳар айб, ки ҳаст аз мусулмонии мо». Мутаассифона қисме аз нафарон динро на барои некии ҷомеа ва ободиву хушии зиндагии мардум, балки онро восита қарор дода, ба ҳадафҳои ғаразноки худ истифода мебаранд.
Аксарияти мардуми Тоҷикистон мусулмон мебошанд ва аз ин дин садсолаҳо пайравӣ доранд. Ислом на танҳо дар таърихи башарият ва ҳамчунин дар раванди инкишофи фарҳанги миллати тоҷик мақоми назаррас дорад. Ислом динест, ки мардуми ба дӯстиву рафоқат даъват менамояд. Чуноне ки дар ин бора Пешвои миллат қайд намудаанд: «Набояд аз хотир барорем, ки ҳадафи асил ва муқаддаси ислом тарбия ва такомули маънавии инсон, парвариши ахлоқи пок, фикру амали солеҳ, кору кирдори савоб, рафтори неку саҳеҳ ва сиришти поку комил мебошад. Инсон дар оини ислом офаридае аст, ки мақому мартабаи бағоят баландеро дар миёни ҳама офаридаҳои олами ҳастӣ ва кулли мавҷудот соҳиб аст».
Хулоса, ҳар сол ҳазорҳо мардуми кишвар зиёрати Ҳаҷ намуда, озодона аркони диниро ба ҷо меоранд. Мувофиқи Конститутсия ҳар шахс дар интихоби дин озод мебошад.
Ислом дини пок мебошад. Мушкиливу нуқсон ва аӣб дар худи мо мебошад, ки динро на дар роҳи анҷоми корҳои неки ҷомеа, балки онро восита қарор медиҳем.
Саидзода Ш.Ш. – н.и.с., дотсент, мудири
кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ