ПАЁМ – ДАСТУРИ ҚУТБНАМО

 Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пешрафти давлату ҷомеа, рушду гулгулшукуфоии меҳан, оромиву суботи давлати соҳибистиқлоламон ироа гардид ва ҳамчун ҳуҷҷати стратегии ҳадафманд рушди соҳаҳои мухталифи ҷомеаро дар як давраи муайян ҷамбаст намуд.

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пешрафти давлату ҷомеа, рушду гулгулшукуфоии меҳан, оромиву суботи давлати соҳибистиқлоламон ироа гардид ва ҳамчун ҳуҷҷати стратегии ҳадафманд рушди соҳаҳои мухталифи ҷомеаро дар як давраи муайян ҷамбаст намуд. Зеро маҳз ба туфайли сиёсати созанда ва маънавибунёди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрўз мо ба марҳилаи рушду нумуъ ва устувор дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат шарафёб гардида истодаем. Дар Паёми имсолаи Сарвари давлатамон дастовардҳои назарраси мардуми тоҷик, хусусан, дар панҷ соли охир баён гардиданд. Ҳамчунин, вазифаҳо барои таҳким бахшидану афзун гардонидани онҳо ва бартараф намудани мушкилоту монеаҳое, ки дар ҳаёти ҷомеа ва давлати мо вуҷуд доранд, мушаххас карда шуданд.

Ҷаноби Олӣ дар паёмашон, пеш аз ҳама, аз вазъи сиёсати дохилию хориҷии мамлакат ва ҷаҳони муосир ёдовар шуда, қайд намуданд: «Нооромиву низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо миёни кишварҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард», тағйирёбии иқлим, инчунин, канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулот ва дигар омилҳои берунӣ ба сиёсати дохилӣ ва берунии мамлакат таъсир расонда, ҳар як шаҳрванди тоҷикро ба он водор месозад, ки баҳри пешгирӣ кардани таъсири манфии онҳо ба иқтисодиёти кишвар тадбирҳои мушаххаси саривақтӣ андешад. Дар ин замина ҳадафҳои миллӣ, пеш аз ҳама, амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодӣ, сатҳу сифати зиндагии мардум боз ҳам баланд бардошта шуда, ҳадафи олии сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон амалӣ карда мешавад». Аз ин суханони Сарвари давлат  бармеояд, ки ҳар як шаҳрванди тоҷик ҳушёриву зиракии сиёсиро набояд аз даст диҳад, ифтихори миллӣ ва нангу номус дошта бошад.  Зеро таърих собит месозад, ки саъю талоши пайгиронаи Пешвои миллат барои барқарории сулҳу субот ва сарҷамъии миллӣ басо нодир ва арзишманд арзёбӣ мегардад.

Аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар сиёсати иҷтимоии давлат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳбудии зиндагии мардумро дар мадди аввал мегузоранд ва барои расидан ба ҳадафҳои гузошташуда кушиш ба харҷ медиҳанд.

Саноатикунонии босуръати кишвар, ки ҳамчун ҳадафи чоруми стратегӣ маҳсуб меёбад, барои таъмин намудани устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии он заминаи амиқ мегузорад. Ҳамзамон масъалаи саноатикунонии мамлакат, яъне аз давлати аграрӣ ба индустриалӣ-аграрӣ мубаддал гардондани Тоҷикистон бо ташаббуси Пешвои миллат ба миён гузошта, ба таври назаррас мавриди амал қарор дорад.  Доир ба ин масъала, Пешвои миллат дар Паём чунин маълумоти оморӣ иқтибос оварданд: «Дар доираи ҳадафи стратегӣ оид ба саноатикунонии босуръат дар панҷ соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти саноатии кишвар аз 27 миллиард ба 53 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки қариб ду баробар зиёд мебошад. Дар ин давра дар мамлакат беш аз 2040 корхонаи саноатӣ ва 74 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шуд. Танҳо дар соли 2024-ум 740 коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ бунёд гардида, дар ин бахш, дар маҷмуъ, қариб 20 ҳазор ҷойи корӣ ташкил карда шудааст.

Суръати миёнасолонаи рушди соҳа дар ин давра дар сатҳи 15 фоиз таъмин гардид, ки бо дарназардошти имконияту иқтидорҳои мавҷуда барои ноил шудан ба ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар ҳанӯз нокифоя мебошад. Дар ин самт тақвияти корҳо доир ба истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда ва рушди иқтидори истеҳсолии кишвар, баланд бардоштани рақобатнокӣ ва гуногуннавъии истеҳсолоти саноатӣ, зиёд кардани ҳаҷми истеҳсолоти саноати коркард, афзоиш додани арзиши иловашудаи молҳои саноатӣ дар асоси рушди маҷмааҳои соҳавӣ зарур мебошад».

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди иқтисодии кишвар низ якчанд нуктаҳоро иброз доштанд: «Ҷиҳати рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва амалисозии лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории давлатӣ, инчунин, татбиқи нақшаву барномаҳои миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ дар панҷ соли охир аз ҳисоби буҷети давлат ва сармояи дохиливу хориҷӣ зиёда аз 197 миллиард сомонӣ равона карда шуд. Корҳое, ки дар ин самт анҷом дода шуданд, ба таъмин гардидани нишондиҳандаҳои пешбинигардидаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва пешрафту ободии шаҳру деҳоти мамлакат мусоидат намуданд».

Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст.

Пешвои муаззами миллат ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ дар панҷсолаи минбаъда самтҳои такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ; то шабакаҳои панҷ – ҷӣ (5G) инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот; рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ; рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ; истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ; андешидани чораҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот; ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электрониро дар Паём баён намуданд, ки бояд мавриди амал қарор гирад. Бо ин мақсад, аз ҷониби Пешвои миллат ба вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, адлия, молия, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Бонки миллӣ, хадамоти алоқа, гумрук, Кумитаи андоз ва дигар вазорату идораҳо дастур дода шуд, ки ҷиҳати фароҳамсозии асосҳои ҳуқуқиву ташкилӣ, танзими давлатӣ, маблағгузории ташкили инфрасохтори иқтисоди рақамӣ, инчунин, муносибатҳои иштирокчиёни соҳибкории рақамӣ ва савдои электронӣ масъулиятнок бошанд.

Дар Паём, Пешвои миллат ҷиҳати вусъат бахшидани равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт солҳои 2025 – 2030- ро «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон намуданд, ҳамзамон пешниҳод карданд, ки дар заминаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб Донишгоҳи инноватсия ва технологияхои рақамӣ таъсис дода шуда, илова бар ин, дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар факултаю кафедраҳои дахлдор таъсис дода шаванд. Зеро рақамикунонии иқтисодиёт ба таъсиси модели нави идоракунии рақамӣ дар рушди иқтисодиёт, татбиқи навгониҳои рақамӣ дар истеҳсолот, ҷалби сармояи хориҷӣ, таҳкими тамоюли содиротӣ, тақвияти маҳсулоти воридотивазкунанда ва дарёфти роҳҳои хизматрасонии рақамӣ нигаронида шудааст.

Сарвари давлат дар Паёмҳо борҳо таъкид менамоянд, ки рушди мамлакат ба истеҳсоли барқ вобаста аст. Дар воқеъ, агар неруи барқи Тоҷикистон ҳар қадар зиёд шавад, ҳамон қадар саноати кишвар пеш меравад. Чунки сохтани корхонаҳои хурду бузург фақат ба барқ вобаста аст.

Ҳоло олимони соҳаҳои гуногуни илмҳои дақиқ ва табиӣ дар кишварҳои пешрафтаи дунё ба «энергияи сабз» аҳаммият медиҳанд. Онҳо барои наҷоти Замин, аз ҳар гуна офатҳо, муҳим будани «энергияи сабз»-ро таъкид мекунанд. Имрўзҳо Ҳукумати мамлакат бо мақсади расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва дар ин замина таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ бо истифода аз ҳамаи имконияту сарчашмаҳои мавҷуда, хусусан, манбаъҳои рушди «энергияи сабз» мунтазам чораҷӯйӣ карда истодааст.

Дар робита ба ин масъала дар Паём таъкид гардид, ки: «Алҳол корҳои таҷдиду азнавсозӣ дар неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Қайроққум» ба маблағи умумии 6 миллиарду 900 миллион сомонӣ ва сохтмони неругоҳи «Себзор» ба маблағи 700 миллион сомонӣ идома доранд ва то имрӯз ду агрегати неругоҳи «Норак» ва се агрегати неругоҳи «Қайроққум» пурра навсозӣ карда шудааст. Яъне, иқтидорҳои мавҷудаи энергетикии мамлакат дар соли 2025 танҳо аз ин ҳисоб 180 мегаватт зиёд мешаванд».

Зимни суханронӣ Пешвои миллат мутахассисони соҳаро вазифадор намуданд, ки дар соли 2025-ум лоиҳаи «Барномаи рушди соҳаи энергетикаи барқӣ» ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии зарурии соҳа, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика» дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод карда шаванд, зеро ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ва истифодаи имкониятҳои транзитии он, айни замон, ҳамчун яке аз ҳадафҳои асосии рушди кишвар пазируфта шудааст.

Ба азнавсозии роҳҳои нақлиётӣ низ дар Паёми Пешвои миллат диққати махсус дода шуд, чунин маълумот ироа гардид: «Соли 2024-ум дар доираи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ 155 километр роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилаливу ҷумҳуриявӣ, 20 пули бузург ва 3 нақб ба маблағи умумии 4,6 миллиард сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд. Аз ҷумла, роҳҳои мошингарди «Роғун – Обигарм – Нуробод» ба маблағи 3,5 миллиард сомонӣ ба дарозии 76 километр ва «Бохтар – Левакант – Лолазор – Данғара» – 69 километр ба маблағи 800 миллион сомонӣ мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ бунёд карда шуданд».

Бо дастуру супоришҳои Сарвари давлат соли ҷорӣ таҷдиду азнавсозии роҳҳои мошингарди «Данғара – Гулистон» – 50 километр ва «Гулистон – Фархор» ба дарозии 33 километр оғоз гардида, соли 2025 дар ҳудуди вилояти Суғд бунёду барқарорсозии 52 километр роҳҳои мошингарди аҳаммияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалидошта ва дар мавзеи Барсеми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 4,5 километр роҳ, 550 метр долонҳои зидди тарма, пул бо дарозии 82 метр аз болои дарёи Шорф ва пул аз болои дарёи Ғунд бо дарозии 200 метр ба анҷом расонида мешавад. Сарвари давлат зимни Паём Вазорати нақлиётро муваззаф намуданд, ки ҷиҳати татбиқи сифатноки лоиҳаҳои сармоягузорӣ, сари вақт ва бо риояи меъёрҳои муосир амалӣ намудани бунёду азнавсозии роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилалӣ, нигоҳдорӣ ва истифодаи дурусти роҳҳо, ташаккули долонҳои нақлиётии транзитӣ ва инфрасохтори онҳо тадбирҳои заруриро амалӣ намояд.

Боиси тазаккур аст, ки ҷавҳари сиёсати Роҳбари давлатро дар соҳаи маориф масъалаҳои дар низоми маориф ҷорӣ кардани меъёрҳои ҷаҳонӣ, тайёр кардани мутахассисони соҳибкасбу ҷавобгўи талаботи бозори меҳнат ташкил медиҳад. Пешвои миллат ва Ҳукумати мамлакат аз аввали солҳои соҳибистиқлолӣ ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа медиҳанд.

Дар Паёми имсола баҳри андешидани чораҳои зарурӣ дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, ҷорӣ намудан ва васеъ гардонидани доираи истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, таҷдиди назар кардани стандартҳо ва нақшаву барномаҳои таълимӣ, ворид намудани воҳидҳои нави кории омӯзгорони забонҳои хориҷӣ, таҳияи маводи муосири таълимӣ, истифодаи босамари технологияҳои рақамӣ, усулҳои навини омӯзиши забон ва такмили маҳорати касбии омӯзгорон, таъмини самаранокии фаъолияти омўзгорон ва такмили малакаи педагогии онҳо андешаронӣ карда шуд. Ҳамзамон «Дар се соли охир дар мамлакат беш аз 1500 иншооти соҳаи маориф, яъне муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, 660 иншооти соҳаи тандурустӣ, 480 иншооти варзиш, 175 иншооти фарҳангу фароғат ва ҳазорҳо иншооти дигари истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд. Ҳамзамон дар панҷ соли охир маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ чор маротиба (солҳои 2020, 2022, 2023, 2024) ва дар маҷмуъ, ба андозаи 100 фоиз зиёд карда шуд. Яъне, дар ин давра маош, нафақа ва стипендияҳо нисбат ба сатҳи таваррум бамаротиб зиёд гардиданд, ки бевосита ба коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ ва беҳтар гардидани шароити зиндагии мардуми кишвар мусоидат намуданд», зикр карданд сарвари давлат.

Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм ва роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо вуҷуди корҳои то имрӯз дар соҳаи маориф амалигардида, муваззаф гардиданд, ки бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ва зиёд гардидани шумораи кӯдакону наврасон тадбирҳои мушаххас андешида, барои бунёд кардани як муассисаи томактабӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд. Зеро аз рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбия дараҷаи нерӯи зеҳнию ақлонии ҳар як кишвар вобастагӣ дорад ва маҳз мактабу маориф, мутахассисони баландихтисос метавонанд рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангии мамлакатро таъмин намояд. Махсусан, дар шароити муосир аз вазъи мактабу маориф, донишу саводи мардум на танҳо ташаккули мутаххасисони аз лиҳози сиёсӣ босавод, худшиносу худогоҳ, балки сарнавишти сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии мамлакат ва ояндаи он вобастагии калон дорад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ оид ба рушди маориф иброз доштанд, ки имрӯз дар соҳаи маорифи мамлакат ҳашт барномаи давлатӣ ва ду стратегияи дарозмуддат татбиқ шуда истодааст. Ин барномаю лоиҳаҳо ба рушду инкишофи таълиму тарбия, амалигардонии ислоҳоти соҳа, дастгирии мактабу омӯзгор, таълифи китобҳои дарсии насли нав ва такмили мазмуну мундариҷаи таҳсилот мусоидат менамояд. Ҳамчунин, бо ин мақсад дар соҳа 11 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 4,6 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст.

Маълум гардид, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сохта, ба истифода дода шудааст. Агар соли 1991 дар Тоҷикистон 3229 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо 1,3 миллион нафар хонанда фаъолият дошта бошад, пас имрӯз 4037 муассиса, аз ҷумла 170 литсею гимназия, яъне муассисаҳои таълимии типи нав фаъолият менамоянд. Шумораи умумии хонандагони онҳо беш аз 2 миллиону 300 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Имрӯз дар кишвар 65 литсейи касбҳои техникӣ, яъне муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо 23 500 хонанда ва курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ дар назди онҳо бо 12 000 хонанда, инчунин, 88 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ – коллеҷҳо бо 106 000 донишҷӯ фаъолият доранд. Илова бар ин, дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 117 ҳазор ҷавонони боистеъдоди мамлакат барои таҳсил ба донишгоҳҳои бонуфузи 42 кишвари пешрафтаи ҷаҳон фиристода шудаанд.

Маълумотҳои омории дар Паёми имсола оварда шуда, аз он шаҳодат медиҳанд, ки сол аз сол некўаҳволии мардум назаррас гардида, махсусан, соҳаи илму маориф дар самти рушду нумуъ қарор дорад.

Сарвари кишвар таъкид бар он доштанд, ки дар зинаи таҳсилоти олӣ масъалаҳои сатҳу сифати таълим, дараҷаи касбии омӯзгорон ва истифодаи технологияҳои муосир аз ҷониби онҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим, таҳкими заминаи моддиву техникӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, табодули илмии омӯзгорону донишҷӯён, корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва тадбирҳои тарбиявӣ ҳанӯз ба тақвият ниёз доранд. Аз ин лиҳоз, дастур дода шуд, ки Ҳукумати мамлакат, роҳбарони Вазорати маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо, Академияи таҳсилот ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ доир ба ин масъалаҳо бояд тадбирҳои муассир андешида, рушди босуботу устувори муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро дар солҳои наздик таъмин намоянд.

Илова бар ин, вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, Академияи миллии илмҳо, Комиссияи олии аттестатсионӣ, академияҳои соҳавӣ ва дигар сохторҳои марбута аз ҷониби Пешвои миллат муваззаф шуданд, ки «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021 – 2030»-ро дар муддати ду моҳ таҷдиди назар карда, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд. Инчунин, дар Паём зикр гардид, ки дар шароити рушди босуботи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва вусъат ёфтани ҳамгироии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ талабот ба мутахассисоне, ки сатҳи касбияти баланд доранд, донистани забонҳои хориҷӣ, махсусан, русӣ ва англисӣ хатмӣ мебошад.

Пешвои миллат дар баробари рушди маориф ба рушди илм низ таваҷҷуҳи хоса намуда, чунин қайд намуданд: «Дар шаш сол дар озмуни «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» 21 ҳазору 500 нафар иштирок карда, қариб 500 нафари онҳо соҳиби ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардидаанд.

Дар озмунҳои дигар, аз ҷумла «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» низ то имрӯз 2 миллиону 60 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар, хусусан, наврасону ҷавонон иштирок карда, қариб 1000 нафар соҳиби шоҳҷоиза, ҷойҳои намунавӣ ва ҷоизаҳои пулӣ гардидаанд».

Боиси тазаккур аст, ки аҳаммияти баргузории ин озмунҳо, пеш аз ҳама, дар баланд бардоштани сатҳи саводнокии тамоми қишри ҷомеа, ҳувияти миллӣ, ватандӯстию меҳанпарастӣ, худшиносии миллӣ, васеъ намудани доираи забондонӣ миёни қишрҳои ҷомеа, дӯст доштани китобу китобхона, тақвият бахшидани нерӯи зеҳнии аҳолии кишвар ва пайдо намудани чеҳраҳои дӯстдори қаламу каломи бадеъ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, рушди тафаккури техникӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав мебошад, ки сол аз сол сафи ҳаводорони ин озмунҳо меафзояд.

Ҳамзамон, бо мақсади ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангии миллат  ва муаррифии боз ҳам бештари он дар арсаи байналмилалӣ яке аз чеҳраҳои мондагор – Куруши Кабир, ки аз шахсиятҳои шинохтаи таърихию фарҳангии миллати тоҷик, бунёдгузори давлатдории мутамаддин мебошад, соли 2025 нақшаи таҷлили 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир аз ҷониби вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва фарҳанг омода ва ба ЮНЕСКО пешниҳод карда мешавад. Зеро Тоҷикистон таи чандин солҳо дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО ба хотири гиромидошту арҷгузорӣ ба нобиғаҳои миллат, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва муаррифии шоистаи онҳо дар арсаи байналмилалӣ талошҳои пайваста ба харҷ медиҳад.

Дар маҷмуъ, вазифаҳое, ки Пешвои миллат зимни Паём дар назди сохтору ташкилотҳои мутасаддӣ гузоштанд, дар таҳкими иқтисодиёти кишвар, тинҷиву оромии ҷомеа, баланд бардоштани некўаҳволии халқ аҳаммияти муҳим дошта,  барои расидан ба ҳадафҳои олӣ, аз ҷумла тинҷиву амнияти кишвар, беҳдошти сатҳи зиндагии мардум, ривоҷ бахшидан ба бунёдкорӣ мусоидат хоҳад намуд.

Ин вазифагузории Пешвои миллат мо – мардуми сарбаланду меҳанпарвар, олимону омўзгорони донишгоҳро водор мекунад, ки таҳти сиёсати хирадмандона ва ватандўстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадам зада, баҳри шукуфоӣ ва ободии Ватани азизамон ҳамарўза кореро ба анҷом расонем. Бинобар ин, ҳар яки моро зарур аст, ки дар самти рушди илму маориф саҳмгузор бошем, барои таълим ва тарбияи мутахассисони ба талаботи замон ҷавобгў саъю талош намоем.

Охунҷонова Нурихон Раҳматовна,

номзади илмҳои филологӣ, дотсент,

мудири нашриёти «Дабир»

ва маҷаллаи «Ахбори ДДҲБСТ»

You might also like