Зери доираи демократия ва озодӣ рақсидани наҳзатиён
Имрўзҳо Тоҷикистони соҳибистиқлол яке аз роҳҳои бешубҳа мустаҳками пешбурди давлату давлатдориро пеша намудааст, ки таърих шоҳид аст. Зиёда аз ду даҳсолае, ки мо мардуми шарифи Тоҷикистон онро паси сар намуда истодаем гувоҳи он аст, ки кишвари маҳбубамон ба яке аз гушаҳои зебоманзари дунё мубаддал гаштааст, ки мислаш дар ҷаҳон мавҷуд нест. Он ҳам бошад самараи нек ва ояндадори Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати беҳамтои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад. Маҳз ин сиёсати марди абарқудрат моро ба ҷаҳониён ошно кард, забони тозаи тоҷикро ҷаҳонӣ кард ва шуҳрати миллати таърихии тоҷикро ба қуллаҳои баландтарин бардошт ва мо мардуми тоҷикро зарур аст ҳамаи ин дастовардҳоро эҳтиром намоуда чун гавҳараки чашм нигаҳ дорем.
Чанде қабл аз сомонаи интернетӣ мақолаи Мақсад Замонзода – таҳлилгари бошгоҳи сотсиологии «Шарқи озод»-ро, ки хеле бомазмун ва пурмуҳтаво дар мавзӯи «Сафари Пешвои миллат ба Европа бозгӯкунандаи қудрати миллати тоҷик аст» бахшида шуда буд мутолиа намудам ва мехостам дар тақвияти суханҳои Мақсад Замонзода фикру андешаҳои худро иброз намоям.
Ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба мо шахсияти абарқудрат, инсони поксиришт Сарвари тоҷикони ҷаҳони муосир Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро эҳдо намуд, ки тавонистанд барои нафақат барқарор намудани сулҳу оромии комил, балки барои мустаҳкам шудани мавқеи стратегӣ, мавқеи байналмилалии кишвари маҳбубамон саҳми беандоза гузоранд.
Ҳақ бар ҷониби Мақсад Замонзода, ки мегўяд: «Тоҷикистон зоянда ва пешоҳанги ғояҳои муттаҳидгари минтақаи форсизабонон ва ҳамсоякишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад».
Бешубҳа Тоҷикистони имрўзаро тамоми ҷаҳони муосир мешиносад ва ташаббусҳое, ки аз ҷониби Роҳбарияти Олии кишвар эълон шуда истодаанд, мавқеи кишвари маҳбубамонро дар арсаи байналмиллалӣ мустаҳкам намуда, барои пешбурди сиёсати давлатдорӣ тамоми имкониятҳоро фароҳам овардаанд. Ташаббусҳои Тоҷикистон дар навбати аввал агар ба хотири минбаъд самаранок ба роҳ мондани истифодаи оқилонаи об дар ҷаҳони имрўза равона шуда бошанд, дар навбати дигар, ба андешаи мо, вазъи ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мустаҳкам нигоҳ доштани сиёсати байналмиллалӣ пешбарӣ менамояд.
Аммо баъзе аз нохалафоне, ки худро «наҳзатӣ», «ҳомиёни демократия», «озодихоҳ» метарошанд магар кар ҳастанд, нобино ҳастанд ё аз дунё бехабар мондаанд, ки аз паноҳӣ чун муши мурда даъвои ноором сохтани авзои Ватанамонро доранд. Агар мард мебуданду мардӣ менамуданд дар якҷоягӣ бо мардуми шарифи тоҷик имрўз барои пешрафти кишвари азизамон хизмат менамуданд.
Маълум аст, ки Тоҷикистонро ва сиёсати сулҳҷўёнаи онро на танҳо Иттиҳоди Аврупо, балки тамоми ҷаҳониён шинохтаанд ва арзи эҳтиром доранд, ки ҳоҷат ба такрор кардан нест. Аз ин хотир, ноором сохтани вазъи муътадили Тоҷикистони муосир танҳо мақсади душманон ва хоинони тоҷик асту халос.
Дар интиҳо қайд менамоем, ки Тоҷикистон ҷонибдори ҳамкориҳои судманд бо тамоми давлатҳои ҷаҳон ва махсусан Иттиҳоди Аврупо аст. Интихоби Аврупо – ин гарави сифати баланди ҳамкориии Тоҷикистон аст ва ин гуна ҳамкориҳои судманд боиси мустаҳкам намудани решаҳои қавии ҳамкориҳои мутақобила хоҳанд гардид.
Санавваров Ғ.Б. – н.и.ҳ., дотсент., мудири
кафедраи ҳуқуқи гражданӣ ва меҳнатии ДДҲБСТ