Тарси наҳзат аз сафари Президент ба Аврупо
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон да ҳар баромаду суханрониҳои худ чунин таъкид менамоянд: “Имрӯз мо бояд шукрона кунем, ки давлати соҳибистиқлол дорем, сарҷамъ ва ором ҳастем. Бинобар ин, дастовардҳои истиқлолияти давлатиро ҳамчун гавҳари қиматбаҳо эҳтиёт кунем, ба қадри Ватани озоду мустақил, сулҳу оромӣ расем, ваҳдати миллиро таҳким бахшем ва дар баробари ин, наслҳои навро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва худогоҳиву худшиносӣ тарбия кунем”.
Қарнҳо мегузаранд вале рӯзҳои даҳшатбори ҷанги бародаркуш, оби дидаи модарону хоҳарони ҳайрону зор ва азизгумкарда аз ёди мо нахоҳад рафт. Фаромӯшии ин рӯзҳои сангини миллат фаромӯшии таърих ва асолати хеш аст.
Вале на ҳар фарди миллатдӯст ин гуфтаҳои Пешвои миллатро сармашқи кори худ медонад. Хоинони наҳзатӣ ҳамеша хоину беимон боқӣ хоҳанд монд. Чунончӣ, чанде қабл дар саҳифаи “Ахбор”-и шабакаи иҷтимоии “Facebook” мақолае зери унвони “Баъди се сол: Президенти Тоҷикистон ба кишварҳои Аврупо сафар мекунад” нашр гардид, ки ин бешубҳа фиғони хоинони миллат ва ташкилотҳои экстремистиву террористии наҳзати исломӣ ва паймони миллӣ аст.
Нороҳат гардидани хоинони миллат, бахусус Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш аз сафари Пешвои миллат ба кишварҳои Аврупо дар он буд, ки гӯё маккориҳову фиребу найрангҳо пасипардагии хоинонаи онҳо дар назди хоҷагонашон ошкор мешавад.
Кабирии хоин ва ҳаммаслаконаш гумон менамоянд, ки гӯё ин сафарест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баргузории вохуриҳо бо душманони миллат бошад. Вале ба хуби дарк намоянд, ки сафари Сарвари давлат ба минтақаҳои Аврупо ин қадами устувор ба сӯи ояндаи дурахшони Тоҷикистон ва рушди босуботи кишвар аст.
Чунон чӣ 6-уми ноябри соли 2019 дар доираи сафари расмӣ дар Конфедератсияи Швейтсария мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо доираи соҳибкорону сармоягузорон ва роҳбарони ширкатҳои ин кишвар баргузор гардида, дар ин мулоқот таъкид карда шуд, ки Тоҷикистон имрӯз дар чаҳорчубаи стратегияи дарозмӯҳлати рушди миллии худ барномаҳои зиёд ва судовари иқтисодиро амалӣ менамояд, ки татбиқашон ҷалби сармояи бештари хориҷиро тақозо дорад.
Дар ин самт лоиҳаҳои гуногун дар соҳаҳои тандурустӣ, иқтисод, захираҳои обу энергетика, ҳамзамон дар самти рушди институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон тариқи ниҳодҳои дахлдори Конфедератсияи Швейтсария маблағгузорӣ мешаванд.
Лоиҳаҳо дар соҳаҳои гуногуни энергетика, инфрасохторӣ, бахши истеҳсолот, саноати кўҳӣ, сабук ва хӯрокворӣ, аз ҷумла коркарди маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тоза, металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо, нахи пахта, пилла ва умуман, истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз ашёи хом, бахшҳои молия ва бонкдорӣ, сайёҳӣ ва дорусозӣ, барои кишвари мо аз самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ бо доираи соҳибкорону сармоягузорони хориҷӣ мебошад.
Ҳар иқдом ва ташаббусҳои Пешвои миллатро мо мардуми шарифи Тоҷикистон пайгирӣ ва ҷонибдорӣ менамоем. Чунончӣ дар ин бора Хоҷа Ҳофиз барҳақ гуфта буд:
Мо нагӯем баду майл ба ноҳақ накунем,
Ҷомаи кас сияҳу далқи худ арзақ накунем.
Айби дарвешу тавонгар ба каму беш бад аст,
Кори бад, маслиҳат он аст, ки мутлақ накунем.
Гап дар сари он аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал нест, ки ба ин ё он кишвар сафар намоянд. Ҳар як сафару мулоқот ва ташрифашон ба ин ё он мамолики дунё дар шинохти Тоҷикистони соҳибистиқол ва муаррифии он хидмати бузургро анҷом медиҳад ва самараи хуб ҳам дода истодааст. Ин аст, ки имрӯз кишвари ҷавони моро беш аз 150 давлатҳои дунё мешиносад ва дар ин замина, ҳамкориҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, илмиву фарҳангӣ ва ғайраҳо ба роҳ монда шудааст, ки маҳз аз самараи судманди сафарҳои Сарвари давлат ва ташаббускориҳои созандаву бунёдкориҳояшон шаҳодат медиҳад.
Шамсиев Ф.К. – н.и.и., сармуаллими
кафедраи менеҷменти ДДҲБСТ