Хурофотпарастӣ аз мо нест!
Имрӯз ҷомеа бештар аз пештар сари андеша бар умқи маънии миллат ва ҳувияти миллӣ задаасту заминаҳои пурвусъате дар ташаккулу такомули фарҳангӣ ва асолати миллӣ рӯи кор меояд.
Боиси ифтихор аст, ки Пешвои миллат дар шинохти шахсиятҳои бузурги таърихи мардуми тоҷик, бозгӯи хидматҳои онҳо дар назди халқу меҳан, нишон додани мақому манзалати онҳо дар таърихи тамаддуни олам қадами устувор мегузоранд. Дар радифи фарзандони барӯманд ва номвари тоҷик чун намояндаи маъруфи илму дин, фарзанди фозилу донои тоҷик Имом Абӯҳанифа (р) дар рушду такомули ҳувияти миллии тоҷикон нақши босазое гузоштааст. Дар чеҳраи ин олими беназир фарҳанги исломӣ ба фарҳанги миллӣ омезиш ёфта, як мактаби бузурге рӯи кор омадааст, ки он мазҳаби Имом Аъзам – ҳанафия унвон гирифтааст. Ба пешрафту тараққиёти замона мутобиқ ва ҳамоҳанг сохтани шуури аъзои ҷомеа, истифодаи огоҳона ва дурусти арзишҳои милливу динӣ дар ҳаёти ҳаррӯзаи мардум, аз олоишҳои ифротгароӣ, таассубиву хурофотӣ пок сохтани онҳо ва доғдор нагардонидани дини мубини ислом талаботи рӯз аст.
Сарзамини бостонии тоҷикон, ки дорои тамаддуни чандинҳазорсола мебошад, бузургмардони зиёдро ба дунё овардааст. Мероси таърихии фарзандони барӯманди миллатамон имрӯз низ барои худшиносии миллӣ, муаррифӣ намудани тоҷикон дар сатҳи ҷаҳонӣ ва дар гуфтугӯи тамаддунҳо аҳамияти байналмилалӣ дорад.
Қобили зикри махсус аст, ки тоҷикон дар давоми асрҳои зиёд пайваста дар таҳаввулу инкишофи тамаддун ва фарҳанги исломӣ саҳми бузург гузоштаанд. Шинохти комили таърихи ислом бе омӯзиш ва баҳои муносиб додан ба нақши махсуси тоҷикон аз имкон берун аст. Аз ин ҷиҳат, исломро аз фарҳанги миллӣ ва фарҳанги миллиро аз ислом ҷудо ҳисобидан хатост.
Мо ифтихори хоса дорем, ки бунёдгузори бузургтарин ва бонуфузтарин мазҳаб дар дини мубини ислом фарзанди арҷманди халқи тоҷик Имом Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит маъруф ба Имоми Аъзам (р) мебошад. Бояд гуфт, ки ба шарофати талошҳои фидокоронаи ин фақеҳ ва мутафаккири бузург ҳувияти аҷамӣ ҳифз ва арзишҳои миллӣ инкишоф ёфтаанд.
Маҳз бо кӯшишҳои Имоми Аъзам ба забони тоҷикӣ ҳамчун забони ибодати динӣ нақш ва аҳамияти махсус дода шуд. Мазҳаби Абӯҳанифа ҳам таърихан ва ҳам амалан омили муҳими ваҳдати умумиинсонӣ, ҳифзи субот ва амнияти низоми ҷамъиятӣ аст. Ба ақидаи ӯ ягонагии мақсад, ягонагии гуфтор ва ягонагии кирдори аҳли ҷомеа шарти бақо ва ҳастии ҳар як миллат мебошад.
Барои мо – тоҷикон шинохти чунин шахсияти камназир дар раванди ташаккули худшиносии миллӣ ва инкишофи андешаи миллӣ аҳамияти бузурги ҳаётӣ ва байналмилалӣ дорад. Мазҳаби Имоми Аъзам дар воқеъ ҳам чароғи тобону дурахшон ва роҳнамо дар саросари ҷаҳон мебошад. Абӯҳанифа ситораи рахшонест барои раҳмгумзадагон ва дарёи илмест, ки мақбули ҳамаи дилҳост.
Вақтҳои охир дар мамлакат гурӯҳҳое зуҳур кардаанд, ки аз доираи низоми муқаррароту эътиқоди мазҳабии мардуми Тоҷикистон берун баромада, ғояҳои бегона ва барои шуури динии аҳолии мамлакат, аз ҷумла ҷавонон хатарнокро таҳмил карда истодаанд.
Ҷонибдорон ва таҳмилкунандагони чунин ақоиди бегона набояд фаромӯш созанд, ки дини ислом ҳеҷ гоҳ ҷонибдори хушунату зӯроварӣ набуд, баръакс ҳамеша инсониятро ба сулҳу субот, адлу инсоф, ваҳдату муттаҳидӣ, сабру таҳаммул, дӯстиву рафоқат, меҳнати ҳалол ва муросову мадоро, яъне барои эҷоди муҳити ҷомеаи солим даъват менамояд.
Солҳои охир аз ҷониби доираҳои муайян ба хотири паст задани нуфузи дини ислом, амалӣ кардани мақсадҳои нопок ва тафриқаву низоъ ангехтан байни сокинони халқу миллатҳои гуногун ғояи бархӯрди тамаддунҳо ва динҳо тарҳрезӣ шудааст ва доираҳои мазкур мунтазам истилоҳи “терроризми исломӣ”¬-ро талқин месозанд. Таъкид бояд кард, ки ба ислом нисбат додани терроризм ақидаи ғалат ва ғаразнок аст. Баръакс, дини мубини ислом дар таҳкими низоми ҷомеа, суботу амният, ғанӣ гардонидани ҷаҳони маънавӣ ва ахлоқии натанҳо мусулмонон, балки аҳли башарият метавонад нақши судманду муассир гузорад.
Ислом инчунин дар такя ба арзишҳои аслии худ, қудрати инсонӣ, ҳуқуқи башар, адолати иҷтимоӣ, озодии фикр ва даъват ба сулҳ, дурӣ ҷустан аз хушунат ва таҳаммулгароӣ метавонад ба пешрафти илм ва рушди ҷомеа мусоидат намояд.
Илму дониш омӯхтан, ба касбу кор ва меҳнати ҳалол машғул шудан дар аҳкоми шариат ва усули таълимоти исломӣ аз фаризаҳои аслӣ ба ҳисоб рафта, бо ибодат кардан баробар мебошад. Зеро меҳнати ҳалолу холисона дар роҳи Худо ибодати маҳз аст, ки ҷавҳари ахлоқии онро парҳезгорӣ ва ихлос ба арзишҳои динӣ ташкил медиҳад.
Худшиносӣ насли наврасу ҷавонро дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, садоқат ба анъанаву суннатҳои аҷдодӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои таърихиву фарҳангии ниёгон ва дастоварҳои умумибашарӣ ҳидоят мекунад ва онҳоро чун ҳомиёни воқеӣ ва номбардори миллати хеш ба камол мерасонад.
Бинобар ин, ба тамоми халқи Тоҷикистон, ҳар фарди худогоҳ ва бонангу номуси миллат зарур аст, ки ба қадри соҳибистиқлолӣ ва соҳибихтиёрӣ, сулҳу субот ва оромии ҷомеа расида, онҳоро ҳамчун неъмати бебаҳо қадршиносӣ кунанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ҳамеша барои ҳифзи манфиатҳои олии миллат ва давлат азму талош намоянд.
Фарзандони бонангу номуси халқи Тоҷикистон бо дарки масъулияти ватандорӣ ҳадафҳои наҷиби созандагӣ ва ободонии Ватани азизамонро минбаъд низ қарзи инсонӣ ва шаҳрвандии худ мешуморанд ва садоқати хешро ба Тоҷикистони ободу соҳибистиқлол бо кору пайкори амалии ҳаррӯзаашон собит месозанд.
Пӯлотова З.Ҷ. – сармуаллимаи
кафедраи забони англисии ДДҲБСТ