Дар доираи ҳафтаи кафедраи забони русӣ
Маърифати ҳуқуқӣ – асос барои риояи Қонун
Дар доираи ҳафтаи кафедраи забони русӣ бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ ва 225-солагии асосгузори адабиёти классикии рус А. С. Пушкин чорабиниҳои мухталиф доир гардид.
Давоми ҳафта ҷиҳати омўзиш ва татбиқи амалии нуқтаҳои Паёми навбатии Сарвари давлат чорабинии тарбиявӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ масъалаҳои вобаста ба самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ, ки дар Паёми Пешвои муаззами миллат ироа гардид, шарҳу тавзеҳ дода шуд. Донишҷӯён роҷеъ ба нуқтаҳои ин санади барномавӣ фикру андешаҳояшонро иброз дошта, дар васфи Ватан, ифтихори миллӣ ва ватандорӣ, осоиштагӣ ва бунёдкорӣ шеърҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ қироат намуданд.
Викторинаи «Беҳтарин донандаи забони русӣ» диққатҷалбкунанда ташкил карда шуда, дастаи донишҷӯён бо номи «Эрудит» ва «Грамотеи» байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Дастаи «Грамотеи» бо соҳиб шудан ба 180 хол ғолиби озмун дониста шуд.
Дар озмуни эссеи беҳтарин дар мавзуи «Маърифати ҳуқуқӣ – асос барои риояи қонун» низ зиёда аз 280 нафар донишҷӯёни ихтисосҳои гуногун аз факултетҳои донишгоҳ иштирок карданд. Корҳои ба озмун пешниҳодшудаи донишљўён аз љониби ҳайати ҳакамони озмун баҳогузорӣ шуда, ба онҳое, ки сазовори ҷойҳои ифтихорӣ дониста шуданд, туҳфаҳо тақдим карда шуд.
Дарси кушоди таълимӣ дар мавзуи «Из истории Конституции. Что такое конституция?» бо истифода аз усулҳои фаъоли таълим, технологияи таълими интерактивӣ баргузор шуда, васоити муосири техникӣ васеъ истифода гардид. Машѓулият ба намуди дарс-муҳокима (урок-дискуссия) ташкил карда шуда, донишҷӯён дар лаҳзаҳои дарс хеле фаъол иштирок намуданд.
Вохӯрӣ бо аҳли фарҳангу санъат шоирон Гулноз Тоҳириён ва Сурайё Ҳакимова, рассом Ѓ Ҷӯраев хотирмон баргузор шуда, қироати шеърҳо ва маърузаҳои пурмуҳтаво дар хусуси рушди санъат ва ҳунармандӣ, бахусус санъати рассомию ҳайкалтарошӣ писанди иштирокчиён буд.
Дар маҳфили илмию адабии донишҷӯён «Молодой литературовед» перомуни ҳаёт ва фаъолияти Аркадий Гайдар, аҳамияту моҳияти омӯзиши ҳаёт ва фаъолияти нависанда, осори безаволи адиб, нақши мондагори ин суханвар дар рушди адабиёти шуравии рус ва ѓайра маърӯзаҳо шунида шуд.
Дар идомаи ҳафта вохӯрии сармутахассиси шуъбаи мониторинги муҳити зист, таҳлили системаҳои иттилоотии Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бо мақсади ба донишҷӯён фаҳмондани муаммоҳои экологии замони муосир ва баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонон ташкилу баргузор гардид. Қайд гардид, ки мо бояд маърифати экологии худро баланд бардорем, табиатро ҳифз намоем, оби нӯшокиро сарфакорона истифода барем, барои ҳифз намудани олами ҳайвоноту наботот бетараф набошем. Дар робита ба ин, дар хусуси иқтисодиёти сабз, вазъи имрӯзаи пиряхҳои Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои мубрами геоэкологӣ андешаронӣ карда шуд. Иштирокчиён, аз ҷумла устодону донишҷӯён оид ба масъалаҳои ташвишовар вобаста ба вазъи экологии муҳити зист ба меҳмони чорабинӣ саволҳо дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.
Дар интиҳои ҳафтаи кафедра ба муносибати 225-солагии асосгузори адабиёти классикии рус А. С. Пушкин конференсияи илмӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиш аз ашъори адиб намунаҳои дилписанд қироат гардида, дар баромадҳо қайд гардид, ки А.С.Пушкин ҳамчун шоири намоён бо ашъори дилангез ҳануз дар айёми зиндагиаш диққати аҳли адабро ба худ љалб намуда, эҷодиёти ин абармарди сухан дар таърихи инкишофи тамаддуни рус як давраи махсус аст. Илова шуд, ки дар Тоҷикистон ба эҷодиёти Пушкин бисёр муҳаққиқон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, моҳияту арзиш ва муҳимтарин масъалаҳои эҷодиёти ӯро дар мақолаву асарҳояшон нишон додаанд, осори Пушкин аз љониби шоирону суханварони барљастаи тољик тарљума ва дар хусуси рўзгору осори адиб таҳқиқоти шоён ба анљом расидаанд. Перомуни ашъори лирикии А.С.Пушкин ва давраҳои таълифот сухан рафта, қайд гардид, ки маҳз ҳамфикрон, шахсоне, ки Пушкинро иҳота мекарданд, аз дўстон, рафиқон барои густаришу равнақи эҷодиёти ӯ нақши мондагор гузоштаанд. Дар фарҷом аз ашъори адиби барҷаста композитсияи адабии “А.С. Пушкин – солнце русской поэзии” намоиш дода шуд.
Ҳадаф аз баргузор намудани чорабиниҳои мухталиф дар доираи ҳафтаи кафедраи забони русӣ ҳидоят намудан ба омӯзиши забони русӣ, ки ин талаботи замон аст; густариши таҳқиқоти илмӣ ва методӣ; корбурди усулҳо ва технологияҳои пешрафтаи таълиму тадрис ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, ташаккули захираи луѓавӣ ва нутқи шифоҳию хаттии онҳо, баланд бардоштани сатҳи забономӯзӣ, аз љумла омўзиши забони русӣ, васеъ гардидани доираи ҷаҳонбинӣ ва ташаккули маънавиёту ахлоқии донишҷӯён; тарбияи тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстию худшиносӣ арзёбӣ мегардад.