Ҷаласаи васеи ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти соли таҳсили 2024-2025

12 июни соли 2025 дар маҷлисгоҳи бинои асосии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли таҳсили 2024-2025 баргузор гардид. Дар маҷлиси ҷамъбастӣ ректор, муовинони ректор, деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳо ва кормандону устодони донишгоҳ иштирок намуданд.

Дар ҷаласа фаъолияти самтҳои таълим ва илм, тарбияву байналмилалӣ ва молиявию хоҷагидории донишгоҳ барои соли таҳсили 2024-2025 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Нахуст, ректори донишгоҳ, н.и.ҳ., дотсент Шероз Мӯминзода доир ба фаъолияти донишгоҳ дар соли таҳсили 2024 -2025 маълумот дода, таъкид намуд, ки дар ҳошияи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,  Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ҳар яки мо дар баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, мутобиқ  сохтани таҳсилот ба меъёрҳои байналмилалӣ, назорати ҷиддӣ ва доимӣ дар самти донишазхудкунии донишҷӯён, омӯзонидани илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ ва риёзиву дақиқ, иқтисодиёти муосир, ташаккул додани тафаккури техникӣ, ҷалби ҷавонон ба китобхониву забономӯзӣ, тарбияи мутахассисон дар самти фанҳои таҷрибавӣ ва таҳқиқоти бунёдӣ, тарҳрезии дурнамои рушди илм ҷиҳати татбиқи амалии ҳадафҳои стратегии кишвар, ҳамгироии илму истеҳсолот, густариши робитаҳои байналмилалӣ, тақвияти нерӯи зеҳнӣ, омӯзонидани масъалаҳои мубрами давлатдории миллӣ, дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намудани ҷавонон, баланд бардоштани маърифатнокӣ, мубориза бо хурофотпарастӣ, пешгирии гаравиш ба расму ойинҳои бегона ва гурӯҳҳои ҷудоихоҳ вазифадор ҳастем.

Сипас, муовинони ректор оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти соли таҳсили 2024-2025 вобаста ба самти фаъолият, бахусус, оид ба иҷрои нақшаи инфиродии омӯзгорон, сатҳи дарсҳои кушоду намунавӣ, таълифи маводи таълимӣ, натиҷаи сатҳу сифат ва донишазхудкунии донишҷӯён аз рӯи натиҷаҳои сессияҳои таълимӣ, аттестатсияи хатм, тадбирҳои андешидашуда ҷиҳати зиёд намудани мутахассисони соҳибунвон, корҳои иҷрошуда дар самти тарбияи ҷавонон дар руҳияи хештаншиносиву ифтихори миллӣ, густариш бахшидани робитаҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳои грантӣ, раванди корҳои бунёдкориву созандагӣ ва камбудиҳои ҷойдошта ҳисобот доданд.

Роҳбари донишгоҳ Шероз Мӯминзода роҳбарони як қатор сохторҳо ва садорати факултетҳоро барои пешбурди фаъолияти самаранок дар самтҳои таълиму тарбия вазифадор намуд. Таъкид гардид, ки пеш аз ҳама ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии донишҷӯён конференсияҳо, озмуну маҳфилҳои илмӣ, олимпиадаҳо, тадқиқоти илмӣ, таълифи маводи илмию таълимӣ ба роҳ монда шавад. Дар самти корҳои илмиву тадқиқотӣ таъкид кард, ки бояд ҳар нафари дар донищгоҳ фаъолиятбаранда корҳои илмӣ анҷом диҳад.

Масъалаи дигаре, ки роҳбари донишгоҳ ба он таваҷҷуҳ намуд, фаъолияти самти тарбиявии донишгоҳ буд. Иброз шуд, ки бояд донишҷўён ба таври ҳамешагӣ талаботу қоидаҳои дохилидонишгоҳиро иҷро намоянд. Бо сару либоси тавсиявӣ омадани донишҷўён, дермонӣ дар машғулиятҳо, дарсшиканӣ, ҷалби онҳо ба чорабиниву маҳфилҳои гуногуни омўзишӣ ва тарбияи ахлоқиву баланд бардоштани ҳисси ватандўстии онҳо аз масъалаҳои дигари мавриди таҳлил дар кори ҷаласа буд.

Дар самти ҳамкориҳои байналмилалӣ таъкид шуд, ки тибқи шартномаҳои баимзорасида бо ҳамкорони байналмилалӣ фаъолият густариш бахшида, ҷиҳати дарёфт ва татбиқи лоиҳаҳои грантӣ кўшиш ба харҷ диҳанд.

Роҳбари донишгоҳ зимни таҳлили самти молиявию хоҷагидории донишгоҳ таъкид намуд, ки бояд ба таври ҳамешагӣ ба корҳои  ободониву кабудизоркунӣ диққат дод.

Ҷаласаи ҷамъбастӣ бо вазифагузориҳо барои соли таҳсили  2025 – 2026 ба интиҳо расид.

 

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like