Донишҷӯи ДДҲБСТ «Донишҷӯи сол – 2025» гардид
Санаҳои 27-29 майи соли 2025 бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат таҳти унвони «Донишҷӯи сол – 2025» баргузор гардид. Дар озмун, ки ҳамасола бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, донишҷӯи соли сеюми шӯъбаи рӯзонаи факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ, ихтисоси таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (робитаҳои иқтисодии беруна) – и Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Исмоилова Меҳрангез Ҷашмедовна иштирок намуда, дар қатори намояндагони 72 муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ сазовори ҷойи сеюм ва унвони пурифтихори “Донишҷӯи сол – 2025”- ро ба худ касб намуд.
Ёдовар мешавем, ки озмуни мазкур, ҳамасола бо мақсади таҳкими мавқем донишҷӯён дар ҳаёти илмиву иҷтимоӣ, тарбияи ҳисси ватандӯстиву худшиносӣ ва дарёфти истеъдодҳои нав баргузор мегардад.
Аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ғолиби озмун дар шароити тантанавӣ бо нишон, шаҳодатнома ва маблағи пулии озмун қадршиносӣ карда шуд.
Маҳз тавассути чунин пирӯзиҳои назаррас номи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамчун мактаби илму маърифат ва парваришгоҳи истеъдодҳо боз ҳам баландтар садо медиҳад.
Ин дастоварди арзишманд на танҳо натиҷаи меҳнати шахсии донишҷӯ, балки нишондиҳандаи заҳмати устодон, фазои илмиву фарҳангии донишгоҳ ва шароити мусоиде мебошад, ки барои рушди насли наврас муҳайё гардидааст.
Ректори донишгоҳ, н.и.ҳ., дотсент Мӯминзода Шероз Абдуҷаббор бо ифтихор ва эҳтиром ин дастоварди бузургро як қадами муҳиме дар баланд бардоштани нуфузи донишгоҳ дар сатҳи ҷумҳурӣ арзёбӣ намуда, ба донишҷӯ комёбиҳои назаррас ва қадамҳои устуворро дар ҷодаи илму маърифат таманно кард.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа