ДДҲБСТ: Ваҳдати миллӣ – бузургтарин дастоварди миллат

14 июни соли 2025 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи илмию назариявӣ таҳти уновни “Ваҳдати миллӣ – бузургтарин дастоварди миллат”, бахшида ба ҷашни 28-умин солгарди  Рӯзи Ваҳдати миллӣ доир шуд.

Бо сухани ифтитоҳӣ муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Бобоҷониён Даврон Дадоҷон баромад карда, қайд кард, ки Ваҳдати миллӣ неъмати бузург ва муқаддасе мебошад, ки тамоми пешрафту комёбиҳо ва саодати рӯзгори мардум аз он ибтидо мегирад. Ваҳдати миллӣ барои ҳастии миллати бостонии мо дар баробари забони модарӣ ва дигар рукнҳои давлатдориамон нақши тақдирсоз дорад. Дар ҳар миллату давлате, ки сулҳу ваҳдат ва истиқлолият ҳукмронӣ менамояд, сокинони он кишвар дар фазои сулҳу субот нафаси озод мекашанд ва ифтихор мекунанд аз якпорчагӣ, аз осоиштагӣ, аз сулҳу ваҳдат, аз истиқлолият.

Ваҳдати миллӣ, ки маҳз ба шарофати талошҳои қаҳрамононаи фарзанди баруманди миллати тоҷик Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба даст омад, ба мардуми тоҷик қувваи тавоно бахшида, барои таҳкими суботу оромӣ, ташаккули ғояҳои инсондӯстона ва фарҳанги сиёсию ҳуқуқии мардум дар шароити ташаккули давлатдории навин замина гузошта, барои рушди муназзам ва устувори ҳамаи соҳаҳои ҳаётии мамлакат шароити заруриро фароҳам овард. Имрӯз аз ҷониби аҳли ҷомеа, хусусан ҷавонон омӯзишу дарк намудани аҳамияти фалсафию иҷтимоӣ ва сиёсию ҳуқуқии падидаи ваҳдати миллӣ аҳамияти муҳиму авалиндараҷа дошта, бояд ба ваҳдату озодӣ чун шаҳсутуни ҳастии миллат эҳтиром гузорем, илова намуд Бобоҷониён Д.Д.

Дар идомаи конференсия директори маркази таҳлили равандҳои сиёсӣ, д.и.с., профессор Акмалова Мунира Абдунабиевна дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ дар таҳкими  Истиқлолияти давлатӣ», мудири кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, н.и.с., дотсент Саидзода Шӯҳрат Шукур дар мавзуи “ Ваҳдати миллӣ – заминаи асосии таҳкими суботи сиёсӣ ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”, муаллими калони кафедраи таърих ва диншиносӣ Каҳҳоров Умед Абдураҳмадович  бо номи «Ваҳдат ва оид ба ҷойгоҳи он дар фарҳанги халқи тоҷик» маърӯзаҳо ироа намуданд.

Зимни баромади маърӯзачиён зикр гардид, ки Ваҳдати миллӣ сарчашмаи асосии бунёдкориву сарҷамъӣ ва пешбурди сиёсати давлат буда, дар таърихи мо тоҷикон барои ба ҳам омадани миллат, муҳофизат кардани истиқлолияти комили давлатӣ, тарҳрезии низоми ҳуқуқӣ, шаклгирии иқтисодиёти миллӣ, таҳияи низоми адолати иҷтимоӣ, ҳифз ва рушди фарҳанги пурғановат, илму маориф ва дигар ҷанбаҳо нақши беназир дорад.

 

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

 

You might also like