ДДҲБСТ: Рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи омӯзиши забонҳои хориҷӣ
Солҳои охир, дар партави сиёсати хориҷии мутавозин ва судманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои гуногуни ҷаҳон рӯ ба тараққӣ қарор доранд. Ин сиёсати оқилона ва дурбинона ба таҳкими робитаҳои судманд бо давлатҳои пешрафта дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангӣ мусоидат намуда, имконият фароҳам овардааст, ки Тоҷикистон ҳамчун шарики боэътимод дар арсаи байналмилалӣ шинохта шавад.
Аз ҷумла, муносибатҳои Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Корея ва Ҷумҳурии Фаронса дар солҳои охир тадриҷан таҳким ёфта, дар бахши маориф, фарҳанг ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба сатҳи нав баромадаанд. Дар ин замина, ҳамкориҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ бо марказҳои фарҳангии ин кишварҳо нақши ҳалкунанда доранд.
Бояд гуфт, ки дар асоси ҳамкориҳои донишгоҳ бо Донишкадаи Конфутсий, Маркази фарҳангии Фаронса дар шаҳри Хуҷанд ва Гӯшаи Корея дар шаҳри Хуҷанд, имрӯзҳо донишҷӯёни ихтисоси таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ имконият пайдо намуданд, ки бо соҳибони забонҳо бевосита муошират намоянд, малакаи забондонии худро дар муҳити зиндаи таълим такмил диҳанд ва дониши фарҳангиву забонии худро тавассути муколама ва ҳамкорӣ бо омӯзгорони хориҷӣ ғанӣ созанд.
Дирўз бо иқдоми факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ ва кафедраи забонҳои хориҷии донишгоҳ 3 – нафар омўзгорони хориҷӣ – Ма Чи – омўзгори забони хитоӣ, Габриэл ду Малеон – омўзгори забони фаронсавӣ ва И Хва Йи – омўзгори забони кореягӣ, ки соли таҳсили 2024-2025 бомуваффақият ҷамъбаст намуданд, бо «Сипоснома» ва тўҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Декани факултет, дотсент Дониш Майнусов пеш аз супоридани сипосномаҳо, бо ҳар як омӯзгори хориҷӣ суҳбати самимӣ анҷом дода, аз номи роҳбарият ва ҳайати устодону донишҷӯёни донишгоҳ, махсусан ректори донишгоҳ, дотсент Мўминзода Шероз Абдуҷаббор барои фаъолияти босамар, саҳми арзанда дар раванди таълим, ва талошҳои пайвастаашон дар баланд бардоштани сатҳи забондонӣ ва ҷаҳонбинии донишҷӯён изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуд.
Дар ҷараёни сӯҳбат, зарурати идомаи чунин ҳамкориҳои муфид ва таъсиси барномаҳои нави муштарак, табодули таҷриба ва омӯзиши фарҳангу забонҳои хориҷӣ таъкид карда шуд. Омӯзгорони хориҷӣ низ изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро барои ҳамкорӣ дар солҳои минбаъда иброз доштанд.
Фаъолияти омўзгорони хориҷӣ на танҳо ба рушди касбии донишҷӯён, балки ба боло рафтани нуфуз ва сатҳи байналмилалии донишгоҳ низ мусоидат мекунад.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа