ДДҲБСТ: Баргузории мизи мудаввар таҳти унвони «Тоҷикистону Чин: дар масири шарикии стратегӣ»
Дирӯз, дар Маркази таҳлили масъалаҳои сиёсӣ, ҳамгироӣ ва дипломатияи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони «Тоҷикистону Чин: дар масири шарикии стратегӣ» бахшида ба хамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Чин ва Рӯзи байналхалқии забони хитоӣ баргузор гардид.
Чорабиниро директори Марказ, профессор Акмалова М.А., ҳусни ифтитоҳ бахшида, зикр намуд, ки мақсади фаъолияти Марказ аз ҳамоҳангсозӣ ва интегратсияи иқтидорҳои илмӣ, таълимӣ ва татбиқи усулҳои инноватсионӣ, аз ҷумла тақвият бахшидани робитаи байни давлатҳои хориҷи дуру наздик, муассисаҳои таълимии олии касбии дохил ва хориҷи кишвар, ҳамкории судманд бо мақомотҳои давлатӣ, созмонҳои байналхалқии байнидавлатӣ ва ғайридавлатӣ, марказҳои илмиву фарҳангии давлатҳои хориҷӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳли тиҷорат ҷиҳати муайянсозии муаммоҳо ва дастовардҳои илмӣ дар самти иқтисодӣ, иҷтимоию сиёсӣ бо роҳи мондани тадқиқотҳои дахлдор ва татбиқи он дар раванди таълим ва амалия иборат мебошад. Мавсуф қайд намуд, ки Ҷумҳуpии мapдумии Чин якe aз aввaлинҳo шудa, иcтиқлoли Ҷумҳуpии Тoҷикиcтoнpo бa pacмият шинoхт. Тoҷикиcтoн Чинpo якe aз шapикoни бoэътимoд вa кaлидӣ дap минтaқaи Ocиёи Мapкaзӣ мeдoнaд вa тaҳкими ҳaмкopиҳoи мутaқoбилaн cудмaнд, мунocибaтҳoи дӯcтoнa вa ҳaмcoягии нeк бo Ҷумҳуpии мapдумии Чин якe aз aфзaлиятҳoи acocии cиёcaти хopиҷии Ҷумҳуpии Тoҷикиcтoн мeбoшaд.
Дар чорабинӣ муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, профессор Ризозода Т.Р., директори Донишкадаи Конфутсия дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Жен Гентян, кормандони Донишкадаи Конфутсия Ма Чи ва Линг Тзяне, декани факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ, дотсент Майнусов Д.Ф., мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ, дотсент Шарипов К.К., мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ, профессор Ғаффорӣ Н.У., омӯзгорон ва донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ иштирок намуданд.
Муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, профессор Ризозода Т.Р. доир ба ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Чин ибрози назар карда, қайд намуд, ки Ҷумҳуpии Тoҷикиcтoн бo бa дacт oвapдaни Иcтиқлoли дaвлaтӣ бa пeш буpдaни cиёcaти муcтaқили cулҳ, aмaли мутaвoзин вa бo дигap дaвлaтҳo paвoбити мутaқoбили ҳaмдигappo пeш гиpифт.
Баъдан, директори Донишкадаи Конфутсия дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Жен Гентян доир ба шарикии стратегии Тоҷикистону Чин ибрози назар карда, зикр намуд, ки дар асоси шартномаи дуҷониба ва бисёрҷонибаи байни кишварҳо дар соҳаи маориф ҳамасола шумораи зиёди донишҷўёни тоҷик барои таҳсил дар зинаҳои бакалавриат, магистратура ва доктарантура ба таври ройгон, ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Дар соли хониши 2023-2024 низ 9 нафар донишҷӯёни донишгоҳ барои таҳсил, тариқи табодул ба Ҷумҳурии мардумии Чин сафарбар шуданд ва минбаъд ин иқдом давом хоҳад ёфт.
Барномаи ҷолиби фарҳангӣ, ки донишҷӯён омода намудаанд, аз қироати шеърҳо, гуфторҳо, панду ҳикматҳои тоҷикиву хитоӣ иборат буд, инчунин донишҷӯдухтарон рақси миллии хитоиро намоиш доданд.
Дар охири чорабинӣ директори Марказ, профессор Акмалова М.А. ба меҳмони чорбинӣ тӯҳфаи рамзии донишгоҳро тақдим намуда, изҳор дошт, ки Марказ дар фаъолияти минбаъдаи худ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки нақшаҳои ҳамкории минбаъдаи Марказ бо ин давлати дӯсту шарики стратегӣ боз ҳам тақвият бахшида мешаванд