Амалияи таълими забони хитоӣ-калиди рушди малакаҳои касбии донишҷӯён
Забони хитоӣ бо ҳазорон аломат ва сохтори садоии беназири худ ҳамеша таваҷҷӯҳи мардуми тамоми ҷаҳонро ба худ ҷалб кардааст. Имрӯз, дар замони ҷаҳонишавӣ ва табодули байнифарҳангӣ, қобилияти гуфтугӯ бо забони хитоӣ на танҳо бартарӣ, балки ба зарурати касби муваффақ табдил меёбад.
Бо вуҷуди ин, омӯзиши забони хитоӣ танҳо аз омӯхтани калимаҳо ва ибораҳо иборат нест. Ин ғарқ шудан ба фарҳанг, анъана ва расму оинҳои беназири мардуми дорои таърихи бой аст. Ин аст, ки таҷрибаомӯзии таълимии забони хитоӣ дар азхудкунии ин забони мураккаб нақши асосиро мебозад.
Тибқи ҷадвали тасдиқгардида, санаи 19.04.2024 дар арафаи таҷлили Рӯзи байналхалқии забони хитоӣ, ки ҳамасола 20 апрел дар саросари ҷаҳон таҷлил мегардад, донишҷўёни курси 2-юми ихтисоси 1-23 01 02-05 – таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (робитаҳои иқтисодии берунӣ)- факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ бо роҳбари таҷрибаомӯзӣ н.и.с., муаллими калон Завқиддин Рустамзода ҷиҳати шиносоӣ бо имкониятҳои омӯзиши забон ва фарҳанги Чин аз Донишкадаи Конфутсий дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дидан намуданд.
Дар оғоз, директори Донишкадаи Конфутсий аз ҷониби Ҷумҳурии мардумии Чин Жен Гентян донишҷўёнро хайрамақдам гуфта, дар бораи имкониятҳои донишкада маълумоти муфассал дод.
Сипас, омӯзгори донишкада Ши Гуанйе дар бораи ҳар як синфхона, лаборатория ва марказҳои омӯзишӣ маълумот дода, қайд кард, ки шунавандагони курсҳои омӯзишӣ ва хоҳишмандон метавонанд дар вақтҳои фориғ аз машғулиятҳо ба донишкада омада, донишҳои худро оид ба забон ва фарҳанги Чин боз ҳам сайқал диҳанд.
Донишҷӯён аз Маркази таълимии касбию саноатии Тоҷикистон Чин, ки дар ошёнаи 3 бинои асосии донишкада ҷойгир мебошад, дидан намуда, бо имкониятҳои марказ аз наздик шинос шуданд.
Мақсади асосии ташкили чунин саёҳат ба Донишкадаи Конфутсий ин аз наздик шинос намудани донишҷӯён бо амалияи истифодаи забони хитоӣ, рушди малакаҳои касбӣ, тақвияти ҳамкориҳои донишгоҳ бо марказҳои тахассусӣ ва дар маҷмуъ робитаи донишҳои назариявӣ бо амалия ба ҳисоб меравад.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа